Ҳамсари солеҳа
Мактаби инсоният
Зан ва хидмат дар хона
Алӣ (а) фармуд:
«Рўзе ба Фотима тавсия кардам, ба ҷиҳати он ки дар асари осиёб намудани гандум дасташ варам карда ва дар асари ҳамли машки об кифтҳоят захмӣ шуда ва дар асари тоза кардани манзил либосҳояш ғуборолуд шуда буд, назди Паёмбар биравад, то аз ў тақозо намояд барояш хидматгузоре муҳайё кунад. Вақте назди Паёмбар рафт иддаеро назди он ҳазрат дид ва бе он ки суханашро ба миён гузорад бозгашт.
Рўзи дигар Паёмбар ба хонаи мо омад ва гуфт:
«Духтарам дирўз чӣ коре бо ман доштӣ?»
Фотима сокит шуд ва ман мушкили ў ва сахтиҳое, ки ў дар хона дорад баён кардам ва гуфтам назди шумо омада буд, то кўмаккоре талаб кунад.
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуд:
«Духтарам, худотарс бош ва воҷиботи илоҳиро анҷом деҳ ва дар хонаат, худат кор кун ва зиндагии шавҳар ва фарзандонатро идора намо ва ҳар гоҳ барои хоб ба бистар рафтӣ сию се бор «Субҳоналлоҳ» ва сию се бор «Алҳамду лиллоҳ» ва сию чаҳор бор «Аллоҳу Акбар» бигў, ки ин кор барои ту аз доштани хидматгор беҳтар аст (ва туро қудрату қувват иноят мекунад).
Фотима гуфт:
«Аз Худо ва Расули Худо розӣ шудам ва дигар ниёзе ба ходим ва кўмаккор надорам».
*** *** ***
Зани солеҳа
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фамуданд:
«Мўъмин баъд аз тақво ва тарс аз Худованд, аз чизи дигаре ба андозаи ҳамсари солеҳ суд намебарад, ҳамсаре, ки вақте ба ў фармон диҳад итоат кунад ва чун ба ў назар мекунад, хушҳол шавад ва вақте аз ў ғоиб мешавад он зан худро ва моли шавҳарро муҳофизат намояд».
Ва низ фармуданд:
«Чаҳор чиз аст, ки ба ҳар кас дода шавад хайри дунё ва охират ба ў дода шудааст: қалби шукргузор, забони зикргўй, бадани собир дар балоҳо ва ҳамсари солеҳе, ки дар нафси худ ва дар моли шавҳар хиёнат нанамояд».
Ва дар ҳадиси дигар чунин мефармоянд:
«Саодати мард дар доштани ҳамсари солеҳа, хонаи хуб ва маркаби муносиб аст ва шақовату бадбахтии ў дар доштани зани бад, манзили ғайри муносиб ва маркаби бад мебошад».
Ва низ фармуданд:
«Аз бадбахтии мард он аст, ки зане дошта бошад, ки аз диданаш нороҳат шавад, аз забонаш озор бинад ва дар набудани шавҳар, бар номуси ў амин набошад».
*** *** ***
Бархўрди шавҳарон бо ҳамсарон
Ислом ҳамон гуна ки суфоришоти бисёре ба бонувон кардааст, тавсияҳое низ ба мардон дар мавриди занон намудааст.
Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:
«Беҳтарини шумо касе аст, ки беш аз дигарон бо ҳамсар ва фарзандонаш ба некӣ ва хубӣ рафтор намояд ва ман беҳтарини шумо нисбат ба аҳлу аёлам ҳастам».
Ва фармуданд:
«Касе, ки ахлоқаш беҳтар аст имонаш комилтар аст ва некўкортарини шумо касе аст, ки нисбат ба ҳамсар ва аҳлаш некўкортар ва меҳрубонтар бошад».
Қаламонлайн