Ҳамсояи нав

Адаб

Ҳамсояи нав

Ҳикоят

Марди ансорӣ хонаи ҷадиде дар яке аз маҳаллоти Мадина харид ва ба он ҷо мунтақил шуд. Тоза мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҳамсояи ноҳамворе насиби вай шуда.

Ба ҳузури Расули Акрам омад ва арз кард:

— Дар фалон маҳалла, миёни фалон қабила хонае харидаам ва ба он ҷо мунтақил шудаам, мутаассифона наздиктарини ҳамсоягони ман шахсе аст, ки на танҳо вуҷудаш барои ман хайру саодат нест, аз шарраш низ дар амон нестам. Итминон надорам, ки мӯҷиботи зиёну озори маро фароҳам насозад.

Расули Акрам чаҳор нафар: Алӣ, Салмон, Абӯзар ва шахсе дигарро — ки гуфтаанд, Миқдод будааст — маъмур кард, бо садои баланд дар масҷид ба умуми мардум аз зану мард иблоғ кунанд, ки:

“Ҳар кас ҳамсоягонаш аз озори ӯ дар амон набошанд, имон надорад.”

Ин эълом дар се навбат такрор шуд. Баъд, Расули Акрам бо дасти худ ба чаҳор тараф ишора кард ва фармуд:

“Аз ҳар тараф то чиҳил хона ҳамсоя маҳсуб мешаванд.”

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Кофӣ”)

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Забони мо бидуни алифбои порсӣ ояндаи дурахшоне надорад
Насиба

Матолиби пурбоздид