Ҳақиқати талх

Таҳлили хабарӣ

Ҳақиқати бисёр талх дар мо, мусалмонҳо

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Як ҳақиқати бисёр-бисёр талх дар бештари мо, мусалмонҳо аст, ки ба назарам, бояд сареҳ ва кушоду равшан онро гуфт, то ислоҳ шавем. Пеш аз бозгӯ кардани ин ҳақиқат, як муқаддима арз кунам. Ва он ин ки:

Дар ҷангу пайкор ва шуҷоат ва ғайрат, мусалмонҳо мисолзаданӣ ҳастанд, ҳеч уммате мисли онҳо нест ва ин вежагӣ албатта реша дар таълимоти исломӣ дорад. Таълимоти исломӣ одамро шуҷоъ ва далер ва натарс ба бор меоварад. Ин як воқеият аст.

Ҳол он ҳақиқати талх: мо, мусалмонҳо – албатта бештари мо – чунон парвариш ёфтаем, ки шуҷоатро, далериро, натарсиро дар ҷойи худаш ба кор намегирем, балки дар ҷойи дигар ба кор меандозем. Ба ҷойи ин ки дар муқобили душмани худ шуҷоъатамонро ба кор гирем ва ӯро сари ҷояш нишонем ва хулоса, бо душман биҷангем, бо дӯст меҷангем, бо дӯст ва бародари худ дасту панҷа нарм мекунем. Моро чунин парвариш додаанд.

Бибинед, Толибон чӣ кор мекунанд бо артиши Покистон! Кишваре, ки масалан дорои силоҳи ҳастаӣ аст. Толибон зарфи як ҳафтаи ахир обрӯи Покистонро бурданд. Ва ё бибинед, судониҳоро, зарфи ду рӯз ниме аз Судонро шӯришиён ишғол карданд. Хуб, инҳо гуфтанаш осон аст, аммо амалан кори осон нест. Ва ё ба шӯришиёни сурияӣ, ки алъон дар раъси ҳукуматанд нигоҳ кунед! Воқеан ҷангҷӯ ва камназиранд. Доъишиҳо низ далеранд! Ин ки аҳмақанд, бале дар ин шакке нест, аммо воқеан ҷангҷӯ ва далеранд, дар дигар миллатҳо шумо чунон вежагиро намебинед, ё агар ҳаст, ба ин ҳадд нест. Ин хосси мусалмонҳост.

Аммо ҷойи таассуф он аст, ки ин далерӣ ва ин шуҷоат ва ин ҷангҷӯӣ, дар муқобили дӯст аст, на душман. Дар муқобили душман аммо, дигар – бо арзи маъзарат – “харгӯш”-ем, дар муқобили душмани худ, ингор он вежагиҳоеро, ки дорем, аз шуҷоату далерию ин чизҳо, ингор фаромӯш мешаванд. Мисли як муш ҳастем дар баробари гурба.

Ду солу анде режими кӯдаккуши Исроил Ғаззаро ғарбел кард, ҳудуди 70 ҳазор бегуноҳро кушт, ба се чаҳор кишвари исломӣ ҳамла кард, аммо на аз Толибон ҳаракате дидем ва на аз ҷангҷӯёни Судон чизе дидем ва на аз ҷангҷӯёни Сурия, ки алъон сари қудрат ҳастанд. Ҳама сокиту хомӯш буданд. Аммо инҳо – яъне Толибон ё судониҳо ва ё шӯришиёни Сурия – дар баробари дӯстони худ, яъне Толибон алайҳи Покистон ва ё судониҳо алайҳи ҳукумати худ, користон карданд.

Одам воқеан тааҷҷуб мекунад! Агар инҳо ҳамин шуҷоатро, ҳамин ҷангҷӯиро, ҳамин далериро дар баробари саҳюнистҳо – ки дар душман будани онҳо кучактарин тардиде нест – ба кор гиранд, бовар кунед, як рӯз бале ҳатто як рӯз ин ғуддаи саратонӣ боқӣ намемонад.

Ин дуруст мисли он одам дар ҳикояти Маснавӣ аст, ки дар мустароҳ яъне дар хало, дуои бӯйи биҳиштро мекунад.

Он яке дар вақти истинҷо бигуфт,

Ки маро бо бӯйи ҷаннат дор ҷуфт.

Як одам аз он ҷо рад мешуд, гуфт: ту хуб дуо мехонӣ, аммо ҷойи ин дуо хало нест, туалет нест.

Гуфт шахсе: хуб вирд овардаӣ,

Лек сӯрохи дуо гум кардаӣ.

Ин дуо чун вирди бинӣ буд, чун

Вирди биниро ту овардӣ ба кун?

Ва ин ҷойи таассуф аст!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тавсияи Душанбе ба Покистон: Гузинаи сулҳро интихоб кунед
Бывший президент Франции в тюрьме

Матолиби пурбоздид