Ҳақиқати таърихӣ дар бораи осори Афлотун ва Арасту

Таърих
Ҳақиқати таърихӣ дар бораи осори Афлотун ва Арасту ва ин ки чӣ касоне онро эҳё карданд?
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Пештар ба назарам ёдоварӣ кардаам ва боре дигар низ ёдовар мешавам, ки дар нақли ҳақоиқи таърихӣ, бояд бо асноду мадорик сӯҳбат кунем. Ва куллан, инсон – ва хусусан инсоне, ки иддао дорад донишманд аст – бар ӯ лозим аст, ки амонатдор бошад; амонати илмӣ хеле муҳим аст, ҳар чи ба зеҳнамон омад, нагӯем.
Алъон ёддоште хондам аз яке азизон, ки иддаъо дорад юнониҳо ба фарқ аз эрониҳо осори гузаштагони худ мисли осори Афлотун ва Арастуро ҳифз кардаанд ва эрониҳо инчунин набудаанд, балки осори ниёкони худро аз байн бурдаанд. Баъд, ба унвони шоҳид бар ин иддаъо, матолибе меоварад, ки дар ҳеч як манобеъи мӯътабари таърихӣ наёмада.
Суханони ин азизамон беасос аст. Аз эшон таваққӯъ меравад, лоақал китобҳои мӯътабари таърихӣ дар ин заминаро мутолеа ва он гоҳ изҳори назар бифармояд. Намешавад, ки одам ҳар чи ба зеҳнаш омад, бигӯяд. Ин дуруст нест. Ҳатто агар китобҳои худи муаррихони мусалмонро дар ин замина ҳуҷҷат намедонӣ – мисли таърихи Табарӣ, таърихи Ибни Асир, таърихи Байҳақӣ ва ғайра аз садҳо китоби таърихиро – лоақал метавонистӣ аз “Таърихи тамаддун”-и Вил Дуронт (Will Durant = Уильям Дюрант) истифода бикунӣ. Ӯ ба тафсил дар ин замина бо такя бар манобеъи мӯътабар баҳс кардааст, ки ҳоло хулосаашро дар ҳамин мавзӯъи мавриди назар арз мекунам:
Баъд аз масеҳият, Руми шарқӣ (Бизонс) ва Руми ғарбӣ (Итолиё ва перомуни он), тамоми осори Афлотун ва Арастуро ба ин далел, ки “куфр” ва “илҳод”-анд, сӯхта буд. Ин фақат фалосифаи исломӣ мисли Кендӣ ва Форобӣ ва Ибни Сино ва Ибни Рушд буданд, ки бо ҳифзи осори Афлотун ва Арасту аз нобуд шудан ба дасти Урупои масеҳӣ, онҳоро аз лотин ба арабӣ тарҷума карда ва сипас басту густариш дода буданд. Ин осор ба дасти фалосифаи исломӣ аз тариқи навафлотуниён (ки марказашон дар Миср буд) расидааст.
Баъд аз реннесанс (наҳзат), урупоиҳо, ки бо Афлотун ва Арасту аз нав ошно шуданд, ин ошноӣ ба баракати фалосифаи исломӣ хусусан Ибни Рушди Андалусӣ буд. Яъне агар фалосифаи исломӣ набуданд, Урупо аслан намедонист, ки Афлотун кист ва Арасту чӣ касе будааст.
Тоза, на танҳо мероси Арасту ва Афлотун ба дасти фалосифаи мусалмон эҳё шуда, балки фалсафаи Машриқзамин (фалсафаи фаҳлавиён ё худ ҳикмати хусравонӣ) низ ба дасти фалосифаи исломӣ эҳё шудааст. Суҳравардӣ, ин файласуфи шаҳири ишроқӣ буд, ки ҳикмати хусравониро эҳё кардааст. Албатта Баҳманёр – шогирди Шайхурраис низ, ки як зардуштӣ буд – қабл аз Суҳравардӣ бо нигоштани китобе таҳти унвони “Ат-таҳсил”, дар эҳёи ҳикмати хусравонӣ нақш доштааст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шинохт ва ташхиси истидлолҳои ғалат (муғолата)
Оламеро як сухан вайрон кунад

Матолиби пурбоздид