Ҳизбуллоҳи Лубнон нӯҳ пойгоҳи низомии Исроилро дарҳам кӯбид

Ҳизбуллоҳи Лубнон нӯҳ пойгоҳи низомии Исроилро дарҳам кӯбид

Партоби 50 рокет ба Исроил

Ахбори байналмилал

Farsnews

Ҳизбуллоҳи Лубнон соатҳое пеш дар посух ба терури 4 размандаи худ дар ҳамлаи теруристии рӯз гузашта дар ҷануби Лубнон ва идомаи наслкушӣ дар Ғазза, пойгоҳҳои низомӣ ва таслеҳотии Исроилро бо беш аз 150 рокет дар ҳам кӯбид.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо интишор баёнияҳое ҷудогона, аз ҳадаф қарор додани шуморе аз пойгоҳҳо ва мақаррҳои низомии режими саҳюнистӣ дар шимоли Фаластини ишғолӣ хабар дод.

Манобеъи расонаӣ пештар аз ҳадаф қарор гирифтани мавозеъи душмани саҳюнистӣ бо беш аз 150 рокет дода буданд.

Дар ду баёнияи нахуст омадааст, ки дар ҳимоят аз мардуми пойдори Фаластин дар навори Ғазза ва пуштибонӣ аз муқовамати қаҳрамонона ва шарифи онҳо, размандагони муқовамати исломии Лубнон дар соати 9:30 субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) пойгоҳи “Рависа ал Қаран” дар мазореъи ишғолии Шабъо ва пойгоҳ “Рамсо” дар теппаҳои ишғолии Кафашуборо бо таслеҳоти мушакӣ ба сурати мустақим ҳадаф қарор доданд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияи севвум эълом кард, ки дар ҳимоят аз пойдории мардуми Ғазза ва муқовамати онҳо ва дар чорчӯби посух ба ҳамлаи теруристии рӯзи гузашта дар шаҳраки Ҷӯё алайҳи размандагони муқовамат ва ҳадаф қарор додани ғайринизомиён, нерӯҳои муқовамати Лубнон имрӯз корхонаи санойеъи низомии “Блосон” мутахассис дар ҳифозат аз мошинолот ва худравҳои артиши душманро дар шаҳраки Саъасъ бо мушакҳои ҳидоятшаванда ҳадаф қарор доданд, ки мустақиман ба он исобат кард.

Дар баёнияи чаҳорум низ Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, ки дар ҳимоят аз муқовамати Фаластин ва посух ба ҷинояти теруристии рӯзи гузашта дар шаҳраки Ҷӯё, мақарри фармондеҳии лашкари шимол дар пойгоҳи Айнзитемро бо даҳҳо рокет ҳадаф қарор додааст.

Муқовамати Лубнон сипас масъулияти ҳадаф қарор додани мақарри нерӯҳои захираи лашкари шимол дар пойгоҳи захираи лашкари Ҷалил ва анборҳои он дар “Ъамиъод”-ро бо даҳҳо рокет бар ӯҳда гирифт.

Ҳизбуллоҳ Лубнон дар баёнияи шашум, эълом кард, ки бо рокет ва гулӯлаҳои тӯпхона, мақарри ягони контроли ҳавоӣ ва идораи амалиёти ҳавоӣ дар ҷиҳати шимоли пойгоҳи “Мирун”-ро ҳадаф қарор додааст.

Баёнияи ҳафтуми Ҳизбуллоҳ Лубнон низ ба ҳадаф қарор додани пойгоҳи исроилии Ассамоқа дар теппаҳои Кафашубо бо таслеҳоти мушакӣ ихтисос ёфт.

Ҳизбуллоҳ дар баёнияҳои ҳаштум ва нӯҳум эълом кард, ки дар соати 10:35 имрӯз ба вақти Лубнон, пойгоҳҳои Ромиё ва Арроҳибро бо гулӯлаҳои тӯпхонаӣ ҳадаф қарор додааст.

Тӯпхонаи артиши режими саҳюнистӣ рӯзи гузашта шаҳракҳои Ёрин, Ҷабин ва Ҷӯё дар ҷануби Лубнонро гулӯлаборон кард ва ба гуфтаи як мақоми амниятии Лубнон, дар ин ҳамла Ҷӯбо, маркази ҳамлаи режими саҳюнистӣ буда, ки тайи он як фармондеҳ ва се размандаи Ҳизбуллоҳ ба шаҳодат расиданд.

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бонуи мӯъминае, ки аз ҳар даре бихоҳад, воиди биҳишт мешавад
Зани хушбахт дар мантиқи Ислом

Матолиби пурбоздид