Ҳизбуллоҳ ба Телавив ҳушдор дод

Ҳизбуллоҳ ба Телавив ҳушдор дод

Ахбори байналмилал

Ҳушдори шадиди Ҳизбуллоҳ ба Телавив: “Исроил дар сурати ҷанги густарда ва фарогир алайҳи Лубнон, поёни мавҷудияти ҷаълии худро рақам хоҳад зад”

Муҳаммад Раъд, раиси фраксияи Ҳизбуллоҳ дар порлумони Лубнон, ба режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба афзоиши замзамаҳо дар расонаҳо дар хусуси эҳтимоли оғози ҷанги фарогир алайҳи Лубнон гуфт, ки “Исроил дар сурати интихоби гузинаи оғози ҷанги густарда ва фарогир алайҳи Лубнон, поёни мавҷудияти ҷаълии худро рақам хоҳад зад.”

Ба гузориши Алмаёдин, вай тасреҳ кард, ки “аҳдофи душман дар Ғазза дар асари истодагии мардуми Ғазза ва қаҳрамониҳои нерӯҳои муқовамат ва ҳимоят ва пуштибонии тарафҳои Меҳвари Муқовамат дар Ғазза ноком монд.”

Ин изҳорот дар сояи ташдиди танишҳо миёни Ҳизбуллоҳ ва режими Исроил дар пайи суқут як мушаки раҳгири исроилӣ дар як варзишгоҳ дар Маҷдалшамс воқеъ дар Ҷулони ишғолии Сурия тарҳ шуд. Шомгоҳи шанбе ин мушак аз “Гунбади Оҳанин”-и режими саҳюнистӣ шиллик шуд, ки тайи он, 11 нафар кушта ва беш аз 30 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дунё ва охират дар Маснавӣ
Ҳушдори шадиди Эрон ба Исроил

Матолиби пурбоздид