Ҳизбуллоҳ масъулияти ҳамла ба манзили Натонёҳуро бар ӯҳда гирифт

Ҳизбуллоҳ масъулияти ҳамла ба манзили Натонёҳуро бар ӯҳда гирифт

Ахбори байналмилал

Almayadeen

Ҳизбуллоҳи Лубнон (сешанбе) зимни бар ӯҳда гирифтани масъулияти амалиёт алайҳи манзили Бенёмин Натонёҳу эълом кард, ки ба зудӣ шуморе аз низомиёни исроилӣ ба асорати муқовамати Лубнон дархоҳанд омад.

Ба гузориши Алмаёдин, масъули равобити расонаии Ҳизбуллоҳи Лубнон, Муҳаммад Афиф, эълом кард, ки тӯле нахоҳад кашид, ки асирони душманро хоҳем дошт ва бар сари онҳо музокира хоҳад шуд.

Вай идома дод, ки ба зудӣ музокироти ғайри мустақиме барои табодули асирон анҷом мешавад. Ҳамон тавр, ки шаҳидамон эълом карданд, мо асирони худро дар зиндонҳо раҳо намекунем. Душман масъули ҳифзи ҷону саломати асирони мост. Ба зудӣ низомиёне аз душманро ба асорат мегирем. Изҳороте, ки асирон зери шиканҷа бар забон биоваранд, ҳеч арзиш ва аҳаммияте надорад.

Оташ дар баробари оташ, хун дар баробари хун

Вай дар идома хитоб ба саҳюнистҳо гуфт, ки Ҳизбуллоҳ ҳаргиз парчами сафедро боло нахоҳад бурд. Оташ дар баробари оташ ва хун дар баробари хун; ин посухи мост.

Афиф бо эъломи ин ки Ҳизбуллоҳ расман масъулияти ҳамлаи паҳподии чанд рӯз пеш ба манзили Натонёҳу дар Қайсорияро бар ӯҳда мегирад, тасреҳ кард: ️Ба Натонёҳуи ҷинояткор мегӯем, ки агар дар гузашта дасти мо ба ту намерасид, имрӯз замон нишон медиҳад, ки пирӯзи майдон кист.

Ҳизбуллоҳ аз Муассисаи қарзулҳасана кӯмаке дарёфт намекунад

Вай дар бахши дигаре аз суханонаш ба ҳадаф қарор гирифтани Муассиса қарзулҳасина тавассути режими саҳюнистӣ ва иддаоҳои Телавив алайҳи ин ниҳоди молӣ ишора кард ва тавзеҳ дод, ки Ҳизбуллоҳ ба ҳеч унвон аслиҳа ва ҳуқуқи коркунони худро аз ин муассиса дарёфт намекунад. Исроил ба баҳонаҳои пуч ва дар ростои тадовуми ҷиноёташ, ин муассисаро ҳадаф қарор додааст.

Афиф идома дод, ки ин ниҳоди молӣ, ба тамоми мардуми Лубнон хадамот медиҳад ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ба ин муассиса кӯмак мекунад, на ин ки аз он кӯмак мегирад.

Муқовамат дар беҳтарин вазъият қарор дорад

Масъули расонаии Ҳизбуллоҳ таъкид кард, ки ҷиноёти режими саҳюнистӣ бар руҳияи мардуми Лубнон таъсире нахоҳад гузошт ва тамоми бахшҳои пуштибонӣ фаъолияти худро аз сар гирифтаанд.

Вай афзуд, ки муқовамат дар беҳтарин ҳолат ва омодагии комил қарор дорад. Анвои силоҳҳоро дар ихтиёр дорад ва рӯзона 25 амалиёт анҷом медиҳад ва амалиётҳои муқовамат афзоиш ёфтааст.

Афиф идома дод: “Мушакҳои мо дар Ҳайфо ба аҳдоф бархӯрд мекунанд. Муҷоҳидон тонкҳои душманонро ҳадаф қарор медиҳанд ва сарбозони саҳюнистиро ба ҳалокат мерасонанд.”

Омрико, модари теруристҳост

Афиф гуфт, Омрико модари теруристҳо ва масъули аввали ҷиноёт дар Ғазза ва Лубнон аст. Ин Омрикост, ки ба саҳюнистҳо таслиҳот медиҳад.

Ба Набиҳ Беррӣ эътимод дорем

Вай афзуд, гуфтугӯҳо зери оташ ҳеч натиҷае нахоҳад дошт. Мо ба ҷаноби раис Набиҳ Беррӣ эътимоди комил дорем. Мавзеи мо комилан шаффоф ва қотеъ аст.

Изҳороти вазири хориҷаи Олмонро маҳкум мекунем

Масъули равобити расонаии Ҳизбуллоҳ ҳамчунин изҳороти ахири вазири хориҷаи Олмон дар тавҷеҳи кушторҳои режими саҳюнистӣ ва қатли омми ғайринизомиёнро қавиян маҳкум кард.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикон дар “Таърихи Байҳақӣ” – II
Тоҷикон дар “Таърихи Байҳақӣ” – I

Матолиби пурбоздид