Ҳикматномаи зоҳидон

Адаб

 

Ҳикматномаи зоҳидон

Дузде вориди хонаи яке аз зоҳидони некӯкор шуд ва чизе пайдо накард, ба соҳиби хона гуфт: Эй фалонӣ! Матои ту куҷост?

Гуфт: Ҳар чи доштам, ба хонаи охиратам фиристодам.

Ба зоҳиде гуфтанд:

“Аҷаб сабре дорӣ бар танҳоӣ!”

Гуфт: “Ҳаргиз! Ман ҳамнишини Худои худ ҳастам. Ҳар гоҳ хостам ӯ бо ман замзама кунад, китобашро мехонам. Ва ҳар гоҳ хостам ман бо вай замзама кунам, намоз мехонам.”

Аз ҳикматҳои Муварриқи Аҷлӣ:

“Худованд ба дунё ваҳй кард: Ҳар ки маро хидмат кард, ӯро хидмат бикун ва ҳар ки туро хидмат кард, пас ӯро ба хидмати худ бигумор.”

Аз ҳикматҳои Абӯҳозими Аъраҷ:

“Тааҷҷуб мекунам аз гурӯҳе, ки амал мекунанд барои хонае, ки ҳар рӯз як марҳила аз он дар ҳоли рафтан ҳастанд, вале раҳо кардаанд амал барои хонаеро, ки ҳар рӯз як марҳила ба сӯйи он наздик мешаванд.”

Чун Мансури Ҳаллоҷро ба зиндон бурданд, ҳиҷдаҳ рӯз дар зиндон бимонд.

Шиблии ориф назди ӯ омад ва гуфт:

— Ишқ чист?

Ҳаллоҷ посух дод:

— Фардо биё, то бигӯям.

Фардои он рӯз Ҳаллоҷро пойи чӯбаи дор бурданд.

Шиблӣ омад ва гуфт:

— Ҷавоби пурсиши моро бигӯй.

Ҳаллоҷ гуфт:

— Ибтидои он таноб аст ва интиҳои он марге сурх.

(Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ)

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чаро ин ҳама “фолбин” дар Тоҷикистон?
Ҳикматҳое аз Ибни Сино

Матолиби пурбоздид