Ҳикояти боғбон, суфӣ, фақеҳ ва алавӣ

Адаб

Ҳикояти боғбон, суфӣ, фақеҳ ва алавӣ

Шарҳи Маснавӣ

Танҳо кардани боғбон сӯфӣ ва фақеҳ ва алавиро аз ҳамдигар

… Мавлоно дар байтҳои ахир мутазаккир шуд, ки гусастан аз авлиёуллоҳ одамиро гирифтори шайтон ва шайтонсифатон кунад. Ва инак мегӯяд, ки агар сулук ҷамъӣ бошад, соликон ба сафои ботини якдигар пуштгарм мешаванд ва чунонки агар дар мақтаъе заъфу футурӣ бар яке аз суллок даромад, сафои ботини ҳамтариқонаш ӯро мадад кунад. Ба ҳар ҳол, ҳикояти мазкур мазаррати ихтилофро ба таври мутлақ низ баён доштааст….

***

Хулосаи достон

Боғбоне вориди боғи худ мешавад ва мебинад, ки се нафар дар боғ ҳастанд. Ин се нафар иборат буданд аз як фақеҳ ва як сайид ва як сӯфӣ. Боғбон нигарон мешавад ва хиёл мекунад, ки инон дузд ва ҳаромианд. Пеши худ мегӯяд: ман метавонам собит кунам, ки ин се нафар ба боғам таҷовуз кардаанд, вале наметавонам яктана бо онон муқобила кунам, зеро онҳо ҷамъи муташаккиланд ва ман танҳо. Саранҷом чорае ингуна меандешад: нахуст ин се нафарро аз якдигар ҷудо мекунам ва сипас ҳаққи ҳар кадомро каффи дасташон мегузорам. Аз ин рӯ, пеш меравад ва бо хушрӯйӣ ба сӯфӣ мегӯяд: барои ин ки аз тафарруҷ дар ин боғ лаззати бештар бибаред, бирав аз утоқи ман дар интиҳои боғ гилеме биёвар. Сӯфӣ бедиранг бармехезад ва ҳаракат мекунад ва дар лобалои дарахтон нопадид мешавад. Боғбон дар ин мавқеъ ба фақеҳ ва сайид рӯй мекунад ва мегӯяд: ту фақеҳи мо ҳастӣ ва ин ҳам сайиди алавии мо. Мо мардум ба баракати фатвоҳои ту зиндагӣ мекунем, ин сайид ҳам, аз сулолаи хонадони нубувват аст ва назди мо басе эҳтиром дорад. Вале дигар ин сӯфии шикампараст кист, ки бо шумо бузургон ҳамнишин шуда?! Вақте боғбон мебинад, ки афсунаш муассир афтода ва дили он дуро нисбат ба ҳамроҳи худ сард кардааст, чӯбе бузург ба даст мегирад, ба суроғи сӯфӣ меравад ва ӯро танҳо меёбад ва то метавонад ӯро мазруб мекунад ба тавре, ки пайкари нимаҷонаш бар замин меафтад. Сипас боғбон назди фақеҳ ва сайид бозмегардад ва ба сайид мегӯяд: оқо сайид! Дар утоқи ман нонҳои нозуку хубе ҳаст, бирав ба навкарам бигӯ, ки он нонҳоро ҳамроҳ бо мурғобии бирён бифиристад, то шикаме сер кунем. Сайид меравад ва фақеҳ танҳо мемонад. Дар ин лаҳза боғбон рӯй ба ӯ мекунад ва мегӯяд: эй фақеҳи воломақом! Барои мо мусаллам аст, ки ту фақеҳи бузургворӣ, вале ин сайид кист, ки ҳамроҳи ту шуда?! Тоза, маълум ҳам нест, ки воқеан сайид бошад. Суханони ӯ фақеҳро таҳти таъсир қарор медиҳад. Боғбон билофосила ба дунболи сайид меравад ва то ҳадди тавон ӯро низ мазруб мекунад. Вақте ки боғбон хиёлаш аз ҷониби сайид ҳам роҳат мешавад, суроғи фақеҳ меравад ва ба ӯ наҳиб мезанад: оҳой мардак! Ту фақеҳӣ?! Ба кадом далелу иҷозае вориди боғи мардум шудаӣ?! Дар инҷо фақеҳ мутаваҷҷеҳи нақшаи боғбон мешавад ва дармеёбад, ки ҳамаи ин гуфторҳои фиребанда барои ҷудо кардани он се нафар аз якдигар будааст. Пас мегӯяд: Эй боғбон! Бизан, ки бояд бизанӣ, ин аст сазои касе, ки аз ёрони худ ҷудо шавад.

* * *

Маъхази ин достон ҳикояте аст дар “Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт” (боби 25 аз қисми аввал):

Ҳикоят

“Овардаанд, ки чаҳор касро аз аснофи мардумон дар боғе рафтанд ва ба хӯрдани мева машғул шуданд. Яке аз он ҷумла, донишманде буд ва дигаре алавӣ ва севвум лашкарӣ ва чаҳорум бозорӣ. Худованди боғ даромад ва дид, ки бисёр мева талаф мекарданд. Ва марде зирак буд ва бо худ меандешид, ки эшон чаҳор касанд ва ман бо ҳар чаҳор барнатавонам омад. Ва пас, рӯй ба эшон овард. Аввал олимро гуфт, ки ту марде донишмандӣ ва муқтадо ва пешвои моӣ ва масолеҳи маошу маоди мо ба баракати иқдому ҳаракати ақломи уламо бозу бастааст ва он дигар сайиде бузург аст, аз хонадони нубувват ва мо ҳама мавлои хонадони ӯйем ва дӯстии он хонадон бар мо воҷиб аст, чунон ки Ҳақ Таоло мефармояд:

قُلْ لَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا إِلَّا الْمَوَدَّةَ فِي الْقُرْبَى

Ва он дигар марде лашкарӣ аст ва аз арбоби теғ ва хону мон ва ҷони мо ба сабаби теғи эшон ободон аст ва шумо агар дар боғи ман ойед ва тамомат меваи ман баноҳақ бихӯред, аз шумо дареғ набувад ва лекин он марди бозорӣ кист? Ва ба чӣ василат дар боғи ман ояд? Ва ба кадом фазилат меваи боғи ман тавонад хӯрд? Пас, даст дароз кард ва гиребони вай бигрифт ва онро дастбурде тамом бинамуд, чунон ки аз пой даромад. Пас дасту пойи ӯ бибаст ва рӯй ба лашкарӣ ниҳод ва гуфт: Ман бандаи уламо ва содотам ва ту надонистаӣ, ки ман хироҷи ин раз ба султон додаам ва ӯро беш бар ман сабил намонад. Агар аимма ва содот ба ҷони ман ҳукм кунанд, ҳанӯз худро муқассир донам. Аммо нагӯӣ, ки ту кистӣ? Ва ба чӣ василат дар рази ман омадаӣ? Пас, ӯро низ бигирифт ва адабе тамом бикард ва дасту пойи ӯ муҳкам бибаст. Он гоҳ рӯй ба донишманд овард ва гуфт: Ҳама ба олам бандагони содотанд ва ҳурмати насаби эшон бар ҳамагон зоҳир, аммо ту, ки даъвии илм кунӣ, ин қадр надонӣ, ки дар боғи мардумон бе иҷозат нашояд рафт? Он илм туро чӣ миқдор монад? Ва ман ва моли ман фидои содот бод, аммо ҳар ҷоҳил, ки худро донишманд хонад ва моли мусалмононро ҳалол донад, ӯ сазои таъдиб ва дархӯри таъзиб бошад. Пас, ӯро низ адабе балиғ бикард ва ӯро муқайяд кард. Пас, алавӣ танҳо бимонд. Рӯй ба вай кард ва гуфт: Эй муддаии ноаҳл! Ва эй мӯйдори вофири ҷаҳл! Нагӯӣ ба чӣ сабаб бе иҷозати ман дар рази ман омадаӣ ва моли моро ботил кардаӣ? Ва Пайғамбар (алайҳ-ис-салом) гуфтааст, ки моли ман бар алавиён ҳалол аст? Пас, ӯро низ баст ва бад-тариқ ҳар чаҳор муқайяд кард ва баҳои ангури худ аз эшон истифо кард ва ба шафоат эшонро раҳо кард”.

* * *

Мавлоно дар байтҳои ахир мутазаккир шуд, ки гусастан аз авлиёуллоҳ одамиро гирифтори шайтон ва шайтонсифатон кунад. Ва инак мегӯяд, ки агар сулук ҷамъӣ бошад, соликон ба сафои ботини якдигар пуштгарм мешаванд ва чунонки агар дар мақтае заъфу футурӣ бар яке аз суллок даромад, сафои ботини ҳамтариқонаш ӯро мадад кунад. Ба ҳар ҳол, ҳикояти мазкур мазаррати ихтилофро ба таври мутлақ низ баён доштааст.

* * *

Боғбоне чун назар дар боғ кард,

Дид чун дуздон ба боғи худ се мард.

Як боғбон вақте ба боғи худ нигоҳ кард, дид се нафар мард монанди дуздон дар боғ ҳастанд.

Як фақеҳу як шарифу сӯфие,

Ҳар яке шӯхе, баде, лоюфие.

Он се нафар иборат буданд аз як фақеҳ ва як шариф (сайид) ва як сӯфӣ. Ин се густох ва паймоншикан буданд.

Лоюфӣ: вафо намекунад, дар инҷо ба сурати васфӣ ба кор омадааст, яъне бевафо ва паймоншикан.

Гуфт: бо инҳо маро сад ҳуҷҷат аст,

Лек ҷамъанду ҷамоат қувват аст.

Боғбон пеши худ гуфт: ман барои бархӯрд ва муқобила бо инҳо сад гуна ҳуҷҷату далел дорам, вале ишколи кор дар инҷост, ки инҳо ҷамъе муташаккиланд.

Барнаёям яктана бо се нафар,

Пас, бибуррамшон нухуст аз ҳамдигар.

Ба танҳоӣ наметавонам аз паси инон бароям, аз ин рӯ бояд ин се нафарро аз якдигар ҷудо кунам.

Ҳар якеро з-он дигар танҳо кунам,

Чунки танҳо шуд, сиболаш барканам.

Ҳар яке аз инонро аз дигаре ҷудо мекунам ва чун танҳо шуд, сабили ӯро меканам.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: , ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афзоиши равобити Исроил бо кишварҳои Осиёи Марказӣ
Бенасаб чӣ донад аз қадри ватан?

Матолиби пурбоздид