Ҳикояти марди шайёд ва муаллим

Адаб

Ҳикояти марди шайёд ва муаллим

Рустое буд дурафтода, ки мардуми содадилу бесаводе дар он сукунат доштанд. Марди шайёде аз содалавҳии онон истифода карда ва бар онон ҳукумат мекард. Рӯзе гузари як муаллим ба он русто афтод. Фиребкориҳои марди шайёдро фаҳмид ва ӯро  насиҳат кард, ки аз фиреби мардум даст бардорад, вагарна ӯро расво мекунад. Аммо марди шайёд напазируфт. Баъд аз суханҳои тулонӣ ва насиҳатҳои фарвон, муаллим бо мардуми русто аз фиребкориҳои марди шайёду дурӯғгӯ сухан гуфт ва нисбат ба ҳуққаҳои ӯ ҳушдор дод.

Баъд аз мушоҷираву мунозира байни муаллим ва марди фиребгар, қарор бар ин шуд, ки фардо дар майдони русто муаллим ва марди шайёд мусобиқа бидиҳанд, то маълум шавад, ки кадомяк аз онҳо босавод ва кадомяк бесавод ҳастанд. Дар рӯзи майян ҳамаи мардуми русто дар майдон ҳозир шуданд, то бубинанд, охири кор чӣ мешавад.

Шайёд ба муаллим гуфт: Бинавис “мор”.

Муаллим навишт: Мор.

Навбати шайёд расид, шакли морро рӯи хок кашид.

Сипас ба мардум гуфт: Шумо худатон доварӣ кунед, кадомяк аз инҳо мор аст?

Мардум, ки савод надоштанд, навиштаи муаллимро нафаҳмиданд, аммо шакли кашидаи марди шайёдро шинохтанд ва ба ҷони муаллим афтоданд. Ниҳоят мардуми русто муаллимро заданд ва аз русто берун андохтанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аҷиб, вале воқеӣ
НИМНИГОҲЕ БА ЗИНДАГИИ ШОИР ЗУФАРХОН ҶАВҲАРӢ

Матолиби пурбоздид