Шикасти шишаҳо

Шикасти шишаҳо

Азиз Сангин

“Набарди ҷоннисоронаи мардуми Ғазза бар зидди лашкари лошахӯри Исроил ҷаҳонро ҷаҳонӣ кард, ниқобҳоро барафканд, ҳанҷорҳо, пиндорҳо, ҳисорҳо, боварҳо, шишавори тилисму ҷодуҳоро шикаст, чашми оламиёнро шуст, дидгоҳҳоро дигаргун кард.

Дигар касе ба афсонаи ба ном “демукросӣ”- и Ғарб бовар намекунад. Ҷаҳон дид, ки “демукросӣ” ҷуз ниқоб, ҷуз олати фиреб, ҷуз силоҳе набудааст дар бозии хунини “тафриқа андозу ҳукумат кун!”

Ҷаҳон дид, ки шиори “ҳуқуқи инсон” ҷуз ҳуққабозӣ ва гурез аз ҳақиқат нест ва дар мавориди яксон метавонад, мутобиқи салоҳдиди ҷаҳондорон ва ҷаҳонхорон, корбасти ба куллӣ мутафовит дошта бошад. Ин бархӯрди дугона ва шайтонсифатона дар мавориди ҷангҳои ҷорӣ рӯшан ба зуҳур омад.

Ҳамлаи Русия ба Укроинро яксара “таҷовузгарона” эълон карданд ва таҷовузи ошкору тамомъиёру фалокатбори Исроилро ба Ғаззаи кӯчак “дифоъ аз худ”. Онҷо бо тамоми имконоту неру дар канори Укроини аз диди худашон “бечораву бедифоъ” қад алам карданд ва инҷо дар канори як режими хунхор, комилан фошистӣ ва ворунгар истодаанд ва наслкушию ҷиноёти ҷангии онро бешармона “ҳаққи дифоъ аз худ” талаққӣ мекунанд!

Ва муҳимтарин дарси таърихӣ аз ин ду моҷаро ин ҳаст, ки чашми ҷаҳониёнро ба рӯи падидае бағоят хатарноку шиканандаву фарогир бо номи “саҳюнизм” боз кард. Тибқи пажӯҳишҳо ва таҳлилҳои ҷиддиву холисонаи соҳибназарони мустақил саҳюнизм чун як неруи пасипардагии бисёрбуъдӣ ва фарогир, имрӯз, амалан, тамомии фишангҳои идории дунёро, бахусус дунёи ғарбро, дар ихтиёр дорад ва ҳама равандҳои сиёсӣ, иттилоотӣ, иқтисодӣ, молӣ, низомӣ, ояндасозии дунёро таъйин ва барномарезӣ мекунад. Ҷангҳое ҳам, ки имрӯз канораҳое аз дунёро ба хоку хун кашидаанд, амалан, аз ҷониби ҳамин неруи вайронгар ва қудратталаб мудирият мешаванд.

Ҷаҳон дар остонаи як таҳаввули бузург аст…”

Азиз Сангин

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дидори уламо ва бузургони аҳли суннати Эрон бо Сайидҳасан Хумайнӣ
Беҳтарин афрод

Матолиби пурбоздид