Ҳикояти пандомӯз аз Гулистон

Адаб
Ҳикояти пандомӯз аз “Гулистон”-и Саъдӣ
Ду бародар (буданд, ки) яке хидмати султон кардӣ ва дигаре бо зӯри бозу нон хӯрдӣ.
Боре (бародари) тавонгар гуфт дарвешро (яъне бародари худро), ки: чаро хидмат накунӣ, то аз машаққати кор кардан бираҳӣ?
Гуфт:
– Ту чаро кор накунӣ, то аз мазаллати (хории) хидмат раҳоӣ ёбӣ, ки хирадмандон гуфтаанд: “Нони худ хӯрдану нишастан беҳ, ки камари заррин ба хидмат бастан”.
Ба даст оҳани тафта кардан хамир
Беҳ аз даст бар сина пеши амир.
* * *
Умри гаронмоя дар ин сарф шуд,
То чӣ хурам сайфу чӣ пӯшам шито.
Эй шиками хира, ба ноне бисоз,
То накунӣ пушт ба хидмат дуто.
(Саъдӣ, Гулистон)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дарди дили танг нагуфтам…
Бо дархости Поп; филми ҳазрати Исо(а) сохта мешавад

Матолиби пурбоздид