Ҳиндустон; афзоиши хушунатҳо алайҳи мусалмонон

Ахбори минтақа

Ҳиндустон; афзоиши хушунатҳо алайҳи мусалмонон

Ахбори Ҷаҳони ислом

Пас аз ба қудрат расидани ҳизби Баҳоротиё Ҷоното дар Ҳиндустон, хушунатҳо алайҳи мусалмонон дар ин кишвар ташдид ёфтааст.

Ҷамоати уламои Ҳинд аз мақомоти ин кишвар хостааст, иқдоми якҷониба алайҳи мусалмононро мутаваққиф намояд.

Раиси Ҷамоати уламои Ҳинд, Мавлоно Маҳмуд Асади Маданӣ дар ин бора гуфтааст: Гурӯҳе аз мусалмонон дар  минтақаи Султонпури иёлоти Уторпродеш мавриди ҳамалоти хушунатомез қарор гирифтаанд. Мутассифона ин хушунат, пас аз ҳамлаи ҳиндуҳо бар мусалмонон, ҳангоми дархости онҳо барои коҳиши садои мусиқӣ, ҳангоми иқомаи намоз сурат гирифтааст.

Афзоиши ҳамалоти хушунатбори  ҳиндуҳои ифротӣ, алайҳи мусалмонон, дар иёлотҳои мухталифи Ҳинд масъалаест, ки метавонад дар сурати адами тағир дар сиёсатҳои ҳизби ҳоким, абъоди васеътаре ба худ бигирад.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муаррифии осори устод Мӯъмин Қаноат
Барҷом; имкони дастёбӣ ба тавофуқ вуҷуд дорад

Матолиби пурбоздид