Ҳиндустон – дуввумин кишваре, ки бештарин масҷидро дорад

Фарҳанг

Ҳиндустон – дуввумин кишваре, ки бештарин масҷидро дорад

Ҷаҳони ислом

Ҳиндустон, дуввумин кишварест, ки бештарин масҷидро дорад ва дар ин кишвар беш аз 300 ҳазор боб масҷид вуҷуд дорад.

Ҳинд – сарзамине, ки ислом ибтидо аз тариқи баҳр ва ҷануби он, ба ҳиммати тоҷирон ва бозаргонони мусулмон ба онҷо роҳ ёфт.

Дар ҳоли ҳозир, ҳудуди чаҳор миллион масҷид дар ҷаҳон вуҷуд дорад, ки Ҳиндустон, пас аз Индонезия бештарини масоҷиди ҷаҳонро дар худ ҷой додааст.

Ба гузориши Рarstoday, қадимитарин масҷиди Ҳинд дар замони ҳаёти Паёмбари Акрам(с) дар шаҳри Кодунгаллур, дар иёлати Кероло сохта шудааст.

Қадимитарин масҷиди нимҷазираи Ҳинд Маҳараҷа Чаромон Промол – фармонравои некӯкори ин шаҳр, ки  билофосила пас аз ошноӣ бо Ислом ва гиравидан ба ин дин ба ҳиммати яке аз бозаргонони мусулмон ба номи Ҳабиб ибни Молик ва ҳамсари ин тоҷир сохта шуд.

Ин масҷид пас аз чанд марҳала мараммат ҳануз побарҷосту қадимитарин масҷиди Ҳинд ба шумор меравад.

Инчунин масоҷиди бисёре дар Ҳиндустон, пеш аз қарни севвуми ҳиҷрӣ, аз тариқи тоҷирони мусалмон ва дар ҷануби ин кишвар сохта шудааст.

Фотеҳони эронӣ ва ғайриэронии мусалмон аз нимаи дуввуми қарни севвуми ҳиҷрӣ, ки аз қисмати шимолӣ вориди ин кишвар шуданд, бо ҷиддияту шиддати бештаре масҷид сохтаанд.

Замоне дар пойтахти кунунии Ҳинд беш аз 900 масҷид вуҷуд дошт ва ба он “шаҳри масҷидҳо” лақаб дода буданд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон
Маноқиби Имоми Аъзам

Матолиби пурбоздид