Ҳодисаи Карбало (5) 

Таърих
Ҳодисаи Карбало (5) 
Эҳтиёт кун, ҳаром вориди шикамат нашавад!
Дар робита бо моҷарои Карбало ва шаҳодати Имом Ҳусайн, қатъан барои ҳар мусалмоне ин суол пеш омадааст – ҳарчанд як бор дар кулли ҳаёташ – ки чаро дар канори Имом Ҳусайн дар қиёмаш алайҳи зулму истибдод, афроде бисёр андак ва ангуштшумор қарор доштанд ва аммо дар сипоҳи муқобили вай, афрод зиёд буданд? Ва ин дар ҳолест, ки касоне, ки дар муқобили ӯ саф ороста буданд низ ҳама мусалмон буданд, кофир набуданд, касоне буданд, ки медонистанд, Ҳусайн бар ҳақ аст, медонистанд, ки Ҳусайн фарзанди паёмбарашон аст, медонистанд, ки паёмбарашон дар ҳаққи Ҳусайн фармуда: ӯ сарвари ҷавонони аҳли биҳишт аст, медонистанд, ки Язид фарде фосиқ ва фоҷир аст… Ин ҳамаро медонистанд. Ва лекин бо ин ҳама, дар баробари Ҳусайн истоданд ва ӯро ба сурате бисёр фаҷеъ куштанд, ҷасади муборакашро тиккаву пора карданд ва хонавода ва фарзандонашро ба асорат гирифтанд…
Имрӯз, мехоҳем посухи ин пурсишро биёбем. Дар воқеъ, бо ёфтани посухи ин пурсиши калидӣ, хеле аз пурсишҳоямон посухи худро пайдо хоҳад кард; пурсишҳое, ки ҳатто ҳамин имрӯзҳо низ дар робита бо ҳаводисе мушобеҳ, бароямон матраҳ мешаванд.
Мехоҳем, посухи ин пурсишро аз забони худи Имом Ҳусайн дарёфт намоем.
* * *
Бар асоси навиштаи Табарӣ дар таърихаш, рӯзи Ошуро Имом Ҳусайн дар баробари сипоҳи Язид истод ва гуфт:
اما بعد فانسبوني فانظروا من انا؟ ثم ارجعوا إلى انفسكم وعاتبوها، فانظروا هل يحل لكم قتلي وانتهاك حرمتي؟ الست ابن بنت نبيكم صلى الله عليه وآله وابن وصيه وابن عمه وأول المؤمنين بالله والمصدق لرسوله بما جاء به من عند ربه؟ اوليس حمزة سيد الشهداء عم ابي؟ اوليس جعفر الشهيد الطيار ذوالجناحين عمي؟ اولم يبلغكم قول مستفيض فيكم: ان رسول الله صلى الله تعالى عليه وآله وسلم قال لي ولاخي: هذان سيدا شباب اهل الجنة؟ فان صدقتموني بما أقول وهو الحق والله ما تعمدت كذبا مذ علمت ان الله يمقت عليه اهله ويضربه من اختلفه، وان كذبتموني فان فيكم من ان سألتموه عن ذلك اخبركم، سلوا جابر بن عبدالله الانصاري او أبا سعيد الخدري، أو سهل بن سعد الساعدي، اوزيد بن ارقم او انس بن مالك، يخبروكم أنهم سمعوا هذه المقالة من رسول الله صلى الله عليه وآله لي ولاخي، أفما في هذا حاجزلكم عن سفك دمي
“Эй мардум! Ба ман бигӯед, ман чӣ касе ҳастам, он гоҳ ба худ ойед ва хештанро накӯҳиш кунед ва бибинед, оё куштан ва ҳатки ҳурмати ман барои шумо ҷоиз аст? Магар ман писари духтари пайғамбари шумо нестам? Магар ман фарзанди васӣ ва писарамуи пайғамбари шумо нестам? Магар ман писари касе нестам, ки ӯ пеш аз ҳамаи мусалмонон имон овард ва пеш аз ҳама рисолати паёмбарро тасдиқ кард? Оё Ҳамзаи сайидушшуҳадо амуи падари ман нест? Оё Ҷаъфари Тайёр амуи худи ман нест? Магар шумо сухани пайғамбар (с)-ро дар бораи ман ва бародарам (Ҳасан) нашунидаед, ки фармуд: “Ин ду сарварони ҷавонони аҳли биҳиштанд”?
Агар суханони маро тасдиқ мекунед, инҳо ҳама ҳаққанд ва кучактарин хилофи воқеъ дар онҳо нест; зеро ҳанӯз дар тӯли умри худ аз он рӯзе, ки фаҳмидаам Худованд бар дурӯғгӯён ғазаб карда ҳаргиз дурӯғ нагуфтаам.
Ва агар ин гуфторамро бовар надоред, инак ҳанӯз бархе аз асҳоби Расули Худо (с) дар қайди ҳаёт ҳастанд, метавонед аз онҳо бипурсед, аз Ҷобир ибни Абдулоҳи Ансорӣ ё Абӯсаъиди Худрӣ ё Саҳл ибни Саъди Соъидӣ ё Зайд ибни Арқам ва ё Анас ибни Молик бипурсед, инҳо ҳамаи суханони пайғамбарро дар бораи ман ва бародарам аз Расули Худо (с) шунидаанд. Оё ҳамин як ҷумла наметавонад монеъи шумо гардад, то даст аз куштан ва рехтани хуни ман бардоред?” (Таърихи Табарӣ, 1/87. Ашшомила)
Ва чун ҳама ба ин суханон огоҳ буданд, чизе барои гуфтан надоштанд.
Ҳол, бо ин ҳама чаро бар ӯ шамшер кашиданд?
Худи Имом Ҳусайн дар хутбае дигар ва дар ҳамин рӯз (Ошуро), посухи ин пурсишро додааст. Имом хитоб ба ин ҷамоат мефармояд:
وانما ادعوكم الي سبيل الرشاد، فمن اطاعني كان من المرشدين و من عصاني كان من المهلكين، وكلكم عاص لامري غير مستمع لقولي، قد انخزلت عطياتكم من الحرام وملئت بطونكم من الحرام فطبع الله علي قلوبكم، ويلكم الا تنصتون؟! الا تسمعون
“Ман шуморо ба роҳи рушд ва саодат фаро мехонам, ҳар кас маро пайравӣ кард, аз рушдёфтагон хоҳад буд ва ҳар кас мухолифат варзид, аз ҳалокшудагон аст. Инак, ҳамаи шумо саркашӣ ва исён ва бо дастури ман мухолифат мекунед ва гуфторам вориди гӯшонатон намешавад. (Ва медонед, чаро?) Ин ҳама дар асари ҳадоёи ҳароме аст, ки ба дасти шумо расида ва дар асари ҳаромҳое аст, ки шикамҳоятон аз онҳо пур шуда. Худованд инчунин бар дилҳои шумо мӯҳр задааст, вой бар шумо! Чаро суханонам вориди гӯшҳои шумо намешавад?!” (Мақтали Хаворазмии Ҳанафӣ, 2/6)
* * *
Имом Ҳусайн бо ҳамин гуфтор, далели ин ҳамаро баён фармуда. Пас, далели қарор гирифтан дар саффи сипоҳи Язиду амсоли Язид аз ҳар золим ва ситампеша, чӣ дар гузашта ва чӣ дар имрӯз ва истодан дар муқобили сипоҳи Ҳусайн ва куллан сипоҳи аҳли ҳақ, далелаш донистан ва ё надонистан нест, огоҳ будан ва ё огоҳ набудан нест, далелаш суннӣ ва ё шиъа будан нест, балки далели он, покизагии луқма ва таҳорати он аст; ки агар шикамат бо ҳаром пур шуда бошад, ту агарчӣ бидонӣ ҳақ кадом аст ва ботил кадом, нохудогоҳ дар канори сипоҳи ботил қарор хоҳӣ гирифт, чӣ шиъа бошӣ ё суннӣ, чӣ олим бошӣ ё ҷоҳил… Ин аст тамоми достон. Аммо агар пок бошӣ ва ҳаром вориди шикамат нашуда бошад, он гоҳ ҳар кӣ ҳастӣ, нохудогоҳ дар канори ҳақ хоҳӣ истод, дар дастони худат нест.
Ин ки имрӯзҳо мебинед, аксарият бо ин ки медонанд ботил кадом аст ва ҳақ кадом, Мӯсо кист ва Фиръавн чӣ касест, адолат куҷост ва беадолатӣ куҷо, вале бо ин ҳама, мебинед дар ҷониби ситампеша истодаанд ва алайҳи ҳақ сухан мегӯянд, сабабаш ин нест, ки надонанд ҳақ кадом аст ва ботил кадом, балки далелаш он аст, ки шикамҳояшон ба ҳаром пур шуда. Ноне, ки мехӯранд, аз пули ришваҳоест, ки мегиранд. Ғизое, ки мехӯранд, аз пули мардуми ҷабрдида аст. Луқмае, ки фурӯ мебаранд, дастранҷи заҳматкашон аст. Коху қасрҳое, ки барои худ дуруст кардаанд, аз пули мардуми бечора аст, ки дар диёри ғурбат ва муҳоҷират ба даст овардаанд…
Касе, ки эҳсос кунад, муҳаббати золим ва ситампешае мисли Язид ва Язидҳо дар дилаш ҷой дорад ва нисбат ба шахсияте мисли Ҳусайн ва ҳусайнҳо кароҳат дорад, пас бидонад, ки шикамаш бо ҳаром пур шуда. Касе ки эҳсос бикунад, муҳаббати як ситапеша дар дилаш реша дорад, пас бидонад, ки луқмааш ҳаром аст; ё ришвахор аст ва ё ба роҳҳои ҳаром пул меситонад.
Инҳо дарсҳое ҳастанд, ки бояд аз мактаби Карбало ва мактаби Ҳусайн биомӯзем!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таваҷҷуҳ ба шахсияти кӯдак
Ниёзҳои табиии кӯдак

Матолиби пурбоздид