Ҳофиз кӣ буд?
Дар бораи шахсияти Ҳофиз ҷолиб аст бидонем, ки донишмандони ҳамасру ҳамдарси Ҳофиз ӯро беш аз ин ки ба унвони як шоир муаррифӣ кунанд, ба унвони як фақеҳ ва як ҳаким муаррифӣ кардаанд. Масалан, Муҳаммади Гуландом – яке аз ҳамдарсони Ҳофиз, ки барои нахустин бор девони ӯро пас аз вафоташ гирдоварӣ намудааст, вақте аз Ҳофиз ном мебарад, ба ин унвон ном мебарад:
“Зоти мулки сифот, мавлоно ал-аъзам, ас-саъид, ал-марҳум, аш-шаҳид, мафхарул-уламо, устоду наҳоририл-удабо, маъдинул-латоиф ар-руҳия, махзанул-маъориф ас-субҳония, шамсул-миллати вад-дин, Муҳаммад ал-Ҳофиз аш-Широзӣ.” (1)
Ҳофиз аз маъруфтарин қориёни асри худ, ки метавониста Қуръонро ба чаҳордаҳ ривоят бихонад маҳсуб мешуда ва худаш ҳам мегӯяд:
Ишқат расад ба фарёд, ар худ ба сони Ҳофиз,
Қуръон зи бар бихонӣ, бо чордаҳ ривоят.
Ҳофиз аз шогирдони Мир Сайид Шарифи Ҷурҷонӣ, адиб ва фақеҳи маъруф аст. Дар ин робита омадааст:
“Ҳар гоҳ дар маҷлиси дарси Мир Сайид Шариф — алломаи Гургонӣ, шеър хонда мешуд, (ӯ хитоб ба шогирдонаш) мегуфт, ба ивази ин турраҳот, ба фалсафа ва ҳикмат бипардозед. Аммо чун Шамсуддин Муҳаммад (Ҳофиз) мерасид, алломаи Гургонӣ (аз ӯ) мепурсид, бар шумо чӣ илҳом шудааст? Ғазали худро бихонед. Шогирдони аллома ба вай эътироз мекарданд, ин чӣ розест, ки моро аз сурудани шеър манъ мекунӣ, вале ба шунидани шеъри Ҳофиз рағбат нишон медиҳӣ? Устод дар посух мегуфт: шеъри Ҳофиз ҳама илҳомот ва ҳадиси қудсӣ ва латоифи ҳикамӣ ва нукоти қуръонӣ аст.” (2)
Хуб вақте бидонем Ҳофиз якчунин шахсияте будааст, оё маъқул аст “май”-и ӯ ба “водка” масалан ҳамл бишавад?! Дар робита бо соири шоирони орифмашраб низ моҷаро аз ҳамин қарор аст. Масалан, оё дуруст аст “май”-и Рӯдакӣ ҳамли бар “майи босифат” бишавад ва сипас бар мабнои ҳамин бардошти ғалат, пешниҳод шавад, то “тоҷикон бояд суннати майсозиро эҳё кунанд” ва иддаъо шавад, ки ин кор мӯҷиби эҳёи “маънавиёти Рӯдакӣ” мегардад?! Дар ҳоле, ки Рӯдакӣ шахсияте аст, ки Авфӣ дар “Лубобул-албоб” дар бораи ӯ менависад:
“Чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръонро тамомат ҳифз кард ва қироат биёмӯхт ва шеър гирифт ва маънои дақиқ мегуфт, чунонки халқ бар вай иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёдат шуд…” (3)
Пайнавишт:
(1) Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ирфони Ҳофиз, с.12.
(2) Ҳамон манбаъ, с.13.
(3) Авфӣ, Лубобул-албоб, ҷ.2, с.6-7
Қаламонлайн