Ҳувияти адабӣ
Рустами Ваҳҳоб
Вақте дар хусуси адабиёт дар таъмин ва ҳифзи ҳувияти миллӣ сухан меравад, масъала танҳо вобаста ба ҷанбаи мавзуӣ ё ҳудуди мавзуъҳои мушаххаси ба ин масъала маҳдуд намебошад. Балки дар кулл ва ба сурати маҷмуъ худи адабиёт, осори адабии асил дар нафси худ, бо ҳама бофту матоъи суварӣ ва маънавии худ воҳиди ҳувият аст.
Ҳамчунин ҳувият дар адабиёт арзиши танҳо иҷтимоӣ, маънавӣ ё сиёсӣ нест, балки арзиш ва унсури ҳунарӣ ва эстетикӣ низ мебошад. Ба таъбири дигар, ҳувият дар адабиёт шохиси ҳунарӣ ҳам ҳаст. Шохиси ҳунарии ҳувияти адабӣ фаротар ва ҷомеътар аз сабк, саноеъи адабӣ, навъҳо ва жанрҳои адабӣ ва ҳатто забони адабиёт мебошад. Аз ин ҷост, ки миллияти як адабиёт дар тарҷума ба забонҳои дигар низ ҳифз мешавад. Ҳар қадар ин ҳувият нерумандтар, ғанитар ва рангинтар бошад, дар сурати ҳифзи он дар тарҷума, бозгӯии он ба забонҳои дигар ва ҳатто гунаҳои дигари як забони муштарак асари бадеӣ дилпазиртар воқеъ мегардад, ба ҳамон мизон, ки таҷассуми бадеии воқеиятҳои мушаххас ва симоҳои мушаххас (на мавҳуму бесурат). Акси ин рафтор корест, ки дар зарбулмасалҳои “Зира ба Кирмон бурдан” ва “Тутӣ ба Ҳиндустон бурдан” хулоса мешавад.
Шуҳрати камназири осори Расул Ғамзатов, Чингиз Айтматов ва ё романҳои Америкаи Лотинӣ дар қарни бист дар ҳамин буд. Назми ҷаҳоншумули устод Мирзо Турсунзода низ аз ин вижагии ҳунарӣ ба хубӣ бархурдор мебошад. Ин вижагии назми устод Мирзо Турсунзода дар ин банди шеъри “Ватан” сурати барҷаста зоҳир гардидааст:
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён туфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.
Хонанда бегумон дармёбад, ки дар ин қитъаи шеър агар уқёнус, намоди паҳнои ҷаҳон бошад, “рӯд” рамзи сарзамини мушаххас, маҳди ҳувияти шоир мебошад. Забон, лаҳн, сабк низ барои ин намод маҳди муносиб ҳастанд.
Вақте мо адабиёти тоҷик, шеъри тоҷик (ё тоҷикӣ) мегӯем, табъан ва ба таври табиӣ хонанда, чи тоҷик ва чи ғайритоҷик аз он ҷӯёи вижагиҳои тоҷикӣ ва унсурҳои тоҷикият мешавад. Ин ҳувияти тоҷикӣ аз ҷумла метавонад дар унсурҳои зерин таҷассум шавад:
Забони тоҷикӣ;
Лаҳни тоҷикӣ;
Фарҳанг, одоб ва русуми тоҷикӣ;
Шабакаи сувари хаёл (образҳо);
Эътиқодот ва асотир;
Ормонҳои миллӣ;
Мушаххасаҳои ҷамъии ҷаҳонбинӣ;
Эстетика (ҷамолшиносии) миллӣ.
Ин ҷо масъалаи тасвиру таҷассуми мавзӯъҳои миллӣ дар шеър ҳам нест, балки фаротар аз ин аст. Дар шеърҳое, ки мустақиман ба васфи арзишҳои миллӣ ихтисос ёфтаанд, мавзуъ бевосита равшан аст, аммо дар ин ҳол ҳам симои бо ҷузъиёти ҳунарӣ мушаххасшудаи ҳувияти адабӣ маълум бошад. Дар акси ҳол таъбири “исми бемусаммо” ба ин навъ ашъор рост меояд. Масалан, рози мувафаққияти шеъри Бозор Собир “Забони модарӣ” на дар танҳо дар он хулоса мешавад, ки шоир бо самимият ва руҳиёти ҳамосӣ васфи забони модариро ба ҷо овардааст, балки тору пуди ин шеър, тамоми ҷузъиёти он аз унсурҳои фарҳанг, ҳунар ва ҷаҳонбинии эстетикии миллӣ фароҳам шудааст:
Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр
Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,
Лафзи кӯҳистоние бар боду борон ёд дод.
Рӯдҳоро рӯдакидон кард ӯ,
Бодҳоро анварихон кард ӯ.
Шеъри комилан нав ва навоварона аст, аммо саршор аз вижагиҳо ва руҳиёти миллии тоҷикӣ. Ҳатто ҳолати баёншуда ва манзараҳои тасвиршуда моро ба ёди намунаҳои шеъри мардумӣ, фолклори тоҷикӣ меандозад.
Дар ашъори Лоиқ Шералӣ низ барҷастатарин вижагиро дар вуҷуди ҳамин унсурҳо мебинем. Навъи тафаккур, таъбирҳо, сабки баён, талмеҳот ва асотир… ҳамагӣ аз дурахши равшани миллии тоҷикӣ бархурдор ҳастанд. Ҳатто дар мавридҳое, ки мавсуф, ё “қаҳрамон”-и шеър шахсан мансуб ба қавмияти дигар аст:
Гарчи мониқалам Рафаэлло,
Хона нокарда, аз ҷаҳон бигзашт,
Аз арусаш надида оғӯше,
Бас ҷавон ӯ аз ин макон бигзашт…
Ҳоло агар дар хусуси шинохти нокомӣ ва фоҷеа бо таъбирҳое чун “хона нокарда”, аз ҷаҳон гузаштан ва аз ин қабил, ки вижагии сабки баён ва ҷаҳонбинии тоҷикӣ доранд, чизе нагӯем, аз таъбири “мониқалам Рафаэлло” наметавон сарфи назар кард, ки бо як гашти бисёр ҳунармандона дар тахтаи шатранҷи шеър – масал задан ба устураи Монии раббунавъи наққошон дар баробари наққоши номии итолиёӣ – Рафаэлло на танҳо фазои шеърро, балки симои мавсуфро комилан тоҷикӣ мекунад ва ин ном дар охири мисраъ, дар он мақтаъи зарбу оҳанге қарор дорад, ки ҳам бисёр сареҳу равшан ҳам саҳеҳ, онгуна ки дар асл бояд, садо медиҳад.
Ғаффор Мирзо – шоире, ки барои нав кардани шеъри тоҷик қиём карда буд ва бино бар баъзе баёноташ чунин пиндоре ба вуҷуд омада, ки ӯ мухолиф бо вижагиҳои миллии шеър мебошад, дар асл баракси чунин пиндор дар матои шеъри худ зарофаткориҳое дорад, ки дар ҳама ҳол вижагии тоҷикии ин ашъор ба таври барҷаста ошкор мешавад. Масалан, ӯ шеъри тамсилие дорад бо номи “Аз саргузашти Анод” (1974), ки дар тавсифи ин унсури кимиёӣ, ки барои гудохтани филизот ба кор меравад, ба талмеҳи машҳури Мансури Ҳаллоҷ масал мезанад. Ин талмеҳ дар баробари як падидаи илмии муосир ҳар қадаре, ки ғариб бошад, ба ҳамон ҳад қимати бадеӣ касб мекунад:
– Ман Анодам! – Гуфт як рӯзе Анод,
Гӯӣ,
Чун Мансур “аналҳақ!” гуфт он.
Дам ба танбеҳи ғурури ӯ назад
Ҳеч кас аз гирди ӯ биншастагон.
Дар ашъор ва достонҳои Муъмин Қаноат бо таваҷҷуҳ ба ҳамаи ин шохисҳо ҳувияти милии адабӣ ба таври барҷаста зуҳур намудааст. Ҳам аз лиҳози мавзуӣ, ҳам лаҳну сабк, ҳам шабакаи сувари хаёлу асотир, ҳам вижагиҳои забону баён ва ҳам диди шоиронаву эстетикӣ.
Дар яке аз нахустин ашъоре, ки аз нигоҳи мавзуӣ ҳам ба ин масъала мустақиман назар шудааст, яъне шеъри “Ба ҳаводори забони тоҷикӣ” (1963), шоир ба баҳсу мушоҷара, вале бо лаҳни самимона ва бо зарофату зиракии хос қариб 55 сол пеш аз ин мавзуъеро тарҳ ва комилан ҳал мекунад, ки баҳсҳои дар асл сиёсӣ рӯйи он то кунун ба ҳассосият ва пархош идома дорад:
Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб,
Ҳар чи меҷӯӣ, биҷӯ.
Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо,
Ҳар чи мегӯӣ, бигӯ.
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо,
Ҳар чи мегӯӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам
Дӯст медорам варо.
Ин шеъри ба зоҳир сода идомаи шоистаи мақолаҳои олимона ва доҳиёнаи устод Айнӣ дар бораи истилоҳоти “тоҷик” ва “забони тоҷикӣ” мебошад. Фалсафааш ин аст, ки “забони тоҷикӣ” ҳувияти бумӣ (сарзаминӣ) дорад. Мазҳари сарзамин (ватан модар) чун ҳамеша дар шеъри устод Муъмин Қаноат дар симои модар ва нисбати “модарӣ” падидор мегардад. Форсӣ ва то ҷое дарӣ ҳам истилоҳоти куллие ҳастанд, ки айни ҳамин забони дар кулл ягонаро ифода менамоянд, аммо фаротар аз ҳувияти нажодӣ мебошанд. Бисёре аз ононе, ки баҳсҳои ихтилофангези забонро барои мо матраҳ мекарданд (эй ҷаноб) ховаршиносон ва форсидононе буданд, ки агар ин забон барояшон забони кору тахассус ҳам буд, забони модариашон набуд, онро дар мактабу донишгоҳ ёд мегирифтанд ва ҳанӯз чунин аст ва аксаран маншаи ин ихтилофҳо эшон ҳастанд. Аз тарафи дигар, дар як марҳалаи ҳассоси таърихӣ зарурати ҳаётие пеш омад, ки номи забони модарии тоҷикҳо бо номи таъйинкунандаи ҳувияти нажодии бумӣ (тоҷик) яке бошад, (агарчи ин падида пеш аз шуруи ихтилофоти сиёсӣ сурат гирифта буд) то асари даъвои комилан ноҳақ ва беадолатонаи касоне, ки асолат ва бумӣ будани миллати тоҷик дар Мовароуннаҳрро инкор мекарданд, аз байн бурда шавад. Ин зарурат ҳанӯз боқист ва ҳанӯз ин шеър шиори рӯз аст.
Ҳувияти миллии адабии тоҷикӣ дар он қисм аз осори устод Муъмин Қаноат, ки махсус ба мавзӯъҳои дигар ва мавзеъҳои дигар (ғайр аз сарзамини худаш) ҳастанд, низ ба дурахши тамом зоҳир мегардад. Достони “Мавҷҳои Днепр” (1966) чунин оғоз мегардад:
Эй Днепро, модари поки Тарас,
Назди ту даҳрӯза меҳмон омадам.
Аз лаби дарёи Панҷи беқарор,
Аз Бадахшон, аз Бадахшон, омадам.
Ва бо марсияи пурсӯз вале хушбинона (Мавҷҳои бародарӣ) дар сӯги бародараш Абдулло, ки дар он сарзамин (Украйина) шаҳид шудааст, хатм меёбад. Ин фасл бо вуҷуди навовариҳои шоиста, аз беҳтарин суннатҳои шеъри рисоии тоҷикӣ бархурдор аст.
Шоҳкори устод Муъмин Қаноат достони “Суруши Сталинград” саршор аз руҳиёт, андеша, эҳсосот, русуму одобу одот ва сувари хаёлу асотири миллӣ аст. Ин вижагӣ бевосита аз номи достон шуруъ мегардад. Суруш, ба ҷуз маънои фариштаи паёмрасон маънои садои ғайбӣ ва осмониро низ дорад. Ҷанбаи олӣ ва фавқулода маънавии ин достон ба вуҷуди ин калима, ки беш аз ҳама дар ашъори малакутии Ҳофиз истифода шудааст, ҳақ медиҳад. Дар тарҷумаи русӣ қаринаи дақиқаш пайдо нашуда ва онро “Голоса Сталинграда” тарҷума кардаанд. Ҳамчунин, ҷо ҷо мушоҳида мешавад, ки жарфо ва зарофати бисёр миллии ин достон аз иҳотаи тасаллути тарҷумон хориҷ мемонад, бо вуҷуди он ки яке аз намунаҳои беҳтарини тарҷума аст.
Аз ҷумла дар “Суруши модарон дар хоки фарзандон” вақте модари рус дар оромгоҳи рамзии сарбозони гумном нишони фарзанди худро ҷустуҷӯ мекунад, шоири тоҷик ба вай хитоб намуда мегӯяд:
Чаро ҳарфе намегӯӣ,
ба чашми хира меҷӯӣ,
Ва чун пироҳани Юсуф
дар ин ҷо сабза мебӯӣ?
“Ба чашми хира пироҳани Юсуф бӯйидан” корбурди комилан тозаи шоирона аз як устураи машҳури адабиёти миллист, ки чизе беҳтар аз он дар ин лаҳза мақоми олии маънавии модарро ифода карда наметавонад. Шоир комилан тоҷикона ӯро тасаллӣ медиҳад:
Бигир аз дасти ман бо дасти ларзонат,
асоят ман,
Талабгори дуоят ман.
Достони “Ситораи Исмат” (1989), ки ҳамчунин аз мазмунҳои он ҷанги ҷаҳонӣ фароҳам омадааст, як ҳамосаи комилан миллӣ аст. Симои қаҳрамони он Исмат Шарифов бо равшантарин рангҳои фарҳанг ва русуму суннатҳои миллии тоҷикӣ ороста аст. Андешаи миллии мардумӣ зимни бозгӯии муколамаҳои ботинии ӯ падидор мегардад. Аз ҷумла вақте ки Исмат дар боғи София муҷассамаҳои асотири машҳури Юнониро мебинад ва аз ҳамяроқи худ Егоров маънидоди онҳоро мешунавад, аз дили худ андешаҳоеро мегузаронад, ки ифодаи фалсафаи мардумии тоҷикӣ аст:
Ҳамон Геракл бошад, раҳкушои ростон бошад,
Ки аз гаҳворагӣ ӯ паҳлавони достон бошад.
Ки ӯ бо аждаҳо ҷангид, то имрӯз меҷангад,
Муроди разми ӯ некӣ бувад, пирӯз меҷангад…
Даме одам ғуломи нафс гардад, аждаҳо гардад,
Бигардад аз ҳақу ҷӯёи ганҷи бебақо гадад…
Саҳнаи бисёр шоиронаи дигар ин аст, ки Исмати тирхурда, сар рӯйи зонуи (муҷассамаи) Зуҳра ин устураи муштараки ориёиву юнонии исмат ба хоб меравад (беҳуш мегардад), ва ин хоби ӯ ба иштибоҳ марг таъбир мешавад. Ин ҷо мо омезаи пурмаъное аз ҳамосаҳои адабӣ ва афсонаҳои тоҷикиро мушоҳида менамоем.
Дар оғози “Достони оташ” (1966) мехонем:
Вахш,
Рукнободи кӯҳистони ман,
Қиссаи ман, аввалу анҷоми ман.
Яъне шоир барои сувари хаёли меҳварии достон худ аз ибтидо мақоми олии маънавӣ медиҳад, онро дар радифи образи барҷастаи муҳити дилбастагӣ ва тафохури Ҳофиз мегузорад, сипас ба шарҳи ин маъно мепардозад.
Умуман, дар ҳамаи ашъоре низ, ки шоир дар васф ва тасвири асотир, фазоҳо ва ифтихороти муштараки таърихӣ суруда, ҳамеша лавҳаҳое аз Тоҷикистон ва нишонаҳое аз фарҳанги хос тоҷикӣ ҷой дорад. Аз ҷумла дар силсилаи “Созҳои Шероз”. Дар шеъри зебои “Зоиндарӯд” аз ин силсила аз Зарафшон ва Бухоро ёд мекунад:
Хушкидаем ҳамчу Зарафшон ба роҳи хеш,
То даштҳои паст
Гаштанд гулпараст.
Шаҳрӯди поки мо, ки Бухорост мадфанаш,
Чун беасар шавад,
Дунёи зар шавад…
Оғозу анҷоми шеъри достонмисоли “Тахти Ҷамшед” низ чунон аст, ки маълум мегардад шоир ҳамеша дар зеҳни худ ҳувияти мушахассе аз воқеияти муосирро ҳифз дорад, ки ӯро аз дунёи ормони ва маҷозӣ ба олами воқеъ бармегардонад.
Дар достони “Масъуднома” (2006) агарчи қаҳрамони достон як сардори тоҷик аст ва барои ҳамаи тоҷикҳо маҳбубияти хоссе дорад, хусусан пас аз саҳми барҷастаи ӯ дар таъмини сулҳу ваҳдати тоҷикон, то даме ки шоир дар хатти сужаи достон ӯро ба хоки Тоҷикистон иртиботи бевосита намедиҳад, достонро ба фарҷом намерасонад:
Ҷайҳун ба зери шаҳпару тайёра дар ҳаво,
Ҳангоми ин убур ҳаме ҷои ҷон шикаст.
Ин ишора ба он хабарест, ки Аҳмадшоҳи Масъудро баъди сӯиқасди маълум барои даво хостанд ба Тоҷикистон интиқол бидиҳанд, аммо дар роҳ ҷон дод. Ин хабар то куҷо воқеият дорад, мавзуи дигарест, аммо барои шоир муҳим таъкид ба пайванди таърихии тоҷикон аст, ки яке аз мазҳарҳои барҷастаи он Ҷайҳун – дарёи Омӯ мебошад.
Хулоса, осори Муъмин Қаноат гӯё лавҳест, ки дар он шоир чун хотамкоре чирадаст, ҳар нақшеро бо чаккуш рӯйи матни фарҳанги миллӣ мазруб мекунад, то аз он ҷудо нагардад.
Хушбахтона, ин суннати хубу созанда дар осори номитарин шоирони муосири мо, хусусан аз даҳаи 60 ба баъд идомаи босубот ва афзояндаи худро пайдо намуд ва мо бо итминон ва ҳаққи комил онро адабиёти тоҷик ва шеъри тоҷикӣ меномем. Шеъре, ки бо ҳамин вижагии худ барои ҳамзабонони мо ва дигарон низ симои ошно дорад.
Ҳувияти миллии адабӣ барои ҳамаи халқҳо аҳаммияти дараҷаи аввал дорад. Аммо барои тоҷикҳо боз бештар. Зеро дар таъйини ҷаҳонбинӣ ва истиқлоли андешаи тоҷикон адабиёт беш аз ҳар бахши дигари фарҳанг саҳм дорад. Ҳувияти миллии адабии тоҷикон муҳимтарин унсури истиқлоли миллист.
*** *** ***
Пайнавиштҳо:
• Мирзо Турсунзода. Гулчини ашъор. Душанбе: Адиб. 2001, с.113.
• Лоиқ Шералӣ. Куллиёт. – Душанбе: Адиб, 2008, с.98.
• Ғаффор Мирзо. Ҳангомаи дидор. – Душанбе: Ирфон, 1984, с. 50.
• Муъмин Қаноат. Тоҷикистон исми ман. – Душанбе: ЭР-граф, 2013,
• Ҳамон китоб, с.91.
• Ҳамон китоб, с.127.
• Ҳамон китоб, с.147.
• Ҳамон китоб, с.63.
• Ҳамон ҷо, с.332.
• Ҳамон ҷо, с.250.
Сомонаи фарҳанӣ-иҷтимоии Қаламонлайн