Ҳунар ва ҳунарманд
Ҳунар бузургтар аз зиндагист.
Ҳунар, фарзанди орзуҳои инсон аст.
Орзуҳое, ки зиндагиро ва тавлидро ва ҷомеаро шакл додаанд.
* * *
Ҳунар даричаест ба сӯи дунёи матлуб ва нақбест дар бунбасти такрор. Ва аз ин рӯ, ҳунар тарроҳи зиндагист ва ҷилавдору пешрави он.
* * *
Ҳунар равзанает ба сӯи дунёи хостаҳо ва орзуҳо; орзуҳои бузургтар аз зиндагӣ ва бештар аз имрӯз; орзуҳое, ки ниёзҳоро рӯёнидаанд ва ниёзҳое, ки зиндагиро ба чарх андохтаанд.
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн