Ҳурмуз ва вазирони падар
Ҳикоёте аз Гулистон
Боби аввал
Дар сирати подшоҳон – Ҳикояти 8
Ҳурмузро гуфтанд: Вазирони падарро чӣ хато дидӣ, ки банд фармудӣ?
Гуфт: Хатое маълум накардам ва лекин дидам, ки муҳоботи ман дар дили эшон бекарон аст ва бар аҳди ман эътинои куллӣ надоранд, тарсидам аз бими газанди хеш, оҳанги ҳалоки ман кунанд, пас қавли ҳукаморо кор бастам, ки гуфтаанд:
Аз он к-аз ту тарсад, битарс эй ҳаким
В-агар бо чуну сад бароӣ ба ҷанг
Аз он мор бар пои роӣ занад
Ки тарсад сарашро бикубад ба санг
Набинӣ, ки чун гурба оҷиз шавад
Барорад ба чангол чашми паланг.
Қаламонлайн