Ансоруллоҳ: Омрико арбоби ҷаҳон боқӣ нахоҳад монд!

Ансоруллоҳ: Омрико арбоби ҷаҳон боқӣ нахоҳад монд

Ҳушдори Ансоруллоҳ ба Риёз дар бораи ҳар гуна ҳамкорӣ бо Омрико дар ҳамла ба Яман

Ахбори байналмилал

Masirahtv

Ансоруллоҳи Яман аз Арабистон ба унвони раҳбари мутаҷовизон пас аз Омрико хост, то мавзӯъи сулҳ пеш биравад ва ба он идома диҳад ва ба ҳошия рафтан ба нафъи ин кишвар нест.

Ба гузориши шабакаи Алмасира, Муҳаммад Алӣ Ҳусӣ, яке аз аъзои Шӯрои олии сиёсии Ансоруллоҳи Яман, дар гуфтугӯ бо ин шабака гуфт: “Дар ҷараёни музокирот бо Арабистон, Ансоруллоҳ бар сари усул ва чорчӯби куллӣ дар бахши башардӯстона ба тавофуқ расид, ки барои мо дар авлавият аст.”

Ӯ гуфт, ки вазъияти кунунӣ байни Ансоруллоҳ ва Арабистон “коҳиши таниш аст, на оташбас”.

Ин раҳбари Ансоруллоҳ Яман хотирнишон кард, ки Яман паёмеро ба Арабистон расонда мабнӣ бар ин ки агар ба ҳавопаймоҳои омрикоӣ иҷоза диҳад аз замин ё ҳарими ҳавоии ин кишвар барои таҷовуз ба Яман истифода кунанд, ҳадаф қарор хоҳад гирифт.

Вай дар айни ҳол режимҳои арабиро даъват кард, ки иҷоза надиҳанд, ҳавопаймоҳо аз пойгоҳҳои мавҷуд дар кишварҳояшон баланд шаванд ё аз ин пойгоҳҳо силоҳ ба ишғолгарон мунтақил кунанд.

Ҳусӣ аз режимҳои арабӣ ва исломӣ хост, то содироти муштаққоти нафтӣ ба Урупо ва Омрикоро ба 50 дарсад коҳиш диҳанд; иқдоме, ки паёмадҳое дар пай хоҳад дошт.

Муҳаммад Алӣ Ҳусӣ аз “режимҳои арабӣ ва исломӣ ҳамчунин интиқод кард, зеро онҳо то ба имрӯз таҷовузи саҳюнистҳо ба Ғаззаро маҳкум накардаанд”.

Вай гуфт: “Мо дар ҳимоят аз бародарони худ дар Ғазза ва ҳимоят аз муқовамати Фаластин ба муқобила бо Омрико, Ангилис ва душмани исроилӣ мепардозем ва ба омрикоиҳо ва ангилисиҳо мегӯем, ки ҳамалоти ваҳшиёнаи теруристии шумо маҳкум ва шикастхӯрда аст.”

Ин раҳбари гурӯҳи муқовамати Яман хотирнишон кард: “Аз тариқи сафоратхонаҳо, ба чиниҳо ва русҳо итминон дода шуда ва дар мавриди новбарии дарёӣ ба бақияи кишварҳо ҳам итминон медиҳем.”

Вай гуфт: “Омрико арбоби ҷаҳон боқӣ нахоҳад монд ва дар даврае аз новҳои бузург сӯҳбат мекард, аммо имрӯз силоҳҳое дорем, ки метавонад ба онҳо бирасад.”

Аз 12 январ, Иёлоти Муттаҳида бо ҳамкории Ангилис ҳамалоти мутаъаддидеро ба манотиқи мухталифи Яман аз ҷумла Санъо бо ҳадафи боздорандагии Ансоруллоҳ аз ҳамалоте, ки киштиҳои исроилӣ ва киштиҳои муртабит бо онро ҳадаф қарор медиҳанд, оғоз кард. Дар ҳоле, ки Ансоруллоҳ ба ҳамбастагии худ бо Ғазза мутааҳҳид аст.

Masirahtv

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гоҳномаи Умари Хайём шаҳодатномаи Наврӯзи мост!
Мушкили Ғазза ин аст!

Матолиби пурбоздид