Нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Миёна ва Иттиҳодияи Аврупо

Нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Миёна ва Иттиҳодияи Аврупо

Ахбори минтақа

Дар шаҳри Чулпон-Атои Қирғизистон, нишасти дуввуми сарони кишварҳои Осиёи Миёна ва Итттиҳодияи Аврупо баргузор гардид.

Дар ин нишаст, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва руасои ҷумуҳири кишварҳои Осиёи Миёна ширкат намуданд.

Зимни нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин оид ба барномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба масоили таҳкими амнияти минтақавӣ дар пасманзари хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла вазъи кунунии Афғонистон табодули андеша намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро перомуни ҳамкории шашҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, инчунин дигар соҳаҳо иброз намуд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масоили мубрами тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳоро матраҳ намуда ва ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва тағйири иқлим арзи сипос намуд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо муовини Бонки Ҷаҳонӣ
Зиндагиномаи Мавлавии Ҳиндустонӣ

Матолиби пурбоздид