Ҳуши маснуӣ чист ва чӣ гуна кор мекунад?

Фарҳанг
Ҳуши маснуӣ (AI = искусственный интеллект) чист ва чӣ гуна кор мекунад?
Мабоҳиси илмӣ-фарҳангӣ
Ба забони содда ҳуши маснуӣ чист?
Оё роботҳо ҳамон ҳуши маснуӣ (AI) ҳастанд, ки ҳама дар мавридашон сӯҳбат мекунанд?
Ҳуши маснуӣ чӣ корҳоеро анҷом медиҳад?
Оё ояндаи насли башар дар хатар аст?
Ҳуши маснуӣ чӣ гуна фикр мекунад?
Агар шумо ҳам ҷузъи касоне ҳастед, ки вожаи ҳуши маснуӣ ба гӯшатон хӯрда, аммо намедонед, ки ҳуши маснуӣ чист, ё ошноии шумо бо ҳуши маснуӣ аз тариқи филмҳои фантастикие аст, ки дидаед ва дарки дурусте аз ҳуши маснуӣ надоред, пас ин мақоларо ҳатман бихонед:
Ҳуши маснуӣ чист?
Хеле аз афрод ҳанӯз ҳам бо шунидани вожаи ҳуши маснуӣ, ба роботҳо фикр мекунанд ва тасаввур мекунанд, ки манзур аз ҳуши маснуӣ ҳамон роботҳои беэҳсосе ҳастанд, ки барои анҷоми роҳаттари корҳо тарроҳӣ шудаанд ва қарор аст дар оянда ҷойи инсонҳоро бигиранд. Масъули ин навъ тафаккур ба эҳтимоли зиёд филмҳои илмӣ ва фантастикӣ аст, аммо воқеият бо он чи ки тасаввур мешавад, тафовут дорад.
Ҳуши маснуӣ ба англисӣ Artificial Intelligence, ки ба таври мухаффаф онро AI низ меноманд, дар воқеъ технологияе аст, ки ба наҳве қобилияти тафаккур дорад. Албатта ин қобилияти тафаккур бо чизе, ки мо ба унвони тафаккури инсонӣ мешиносем то ҳадди зиёде тафовут дорад, аммо дар ҳақиқат саъй дорад, то аз он тақлид кунад.
Имрӯза шояд ҳуши маснуӣ ба он шакле, ки тасаввур мекунем вуҷуд надошта бошад, аммо боз ҳам бисёре аз корҳое, ки рӯзона анҷом медиҳем, монанди ҷустуҷӯи интернет ё гашту гузор дар сафаҳоти шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра, ҳама мутаассир аз ҳуши маснуӣ аст ва дар ҳақиқат дар ин мавоқеъ дорем аз он истифода мекунем. Он қадр ин истифода номалмус аст ва ба он одат кардаем, ки дар он лаҳза ҳис намекунем, ки дорем аз ҳуши маснуӣ истифода мекунем. Далели аслӣ он ин аст, ки намедонем ҳуши маснуӣ воқеан чист ва чӣ корҳое анҷом медиҳад. Аз он ҷое, ки оянда аз они ҳуши маснуӣ хоҳад буд, беҳтар аст ба ҷойи нигарон будан дар мавриди ҳуши маснуӣ, ёд бигирем, ки чӣ корҳоеро метавонем бо он анҷом диҳем ва иттилоотамонро дар ин замина бештар кунем. Пас биёед аз ибтидо бибинем ҳуши маснуӣ чист.
Таърифи ҳуши маснуӣ
Ҳанӯз таърифи дақиқе, ки тамоми донишмандон бар рӯйи он тавофуқ дошта бошанд, аз ҳуши маснуӣ ироа нашуда, вале аксари таърифҳоро метавон ба шакли зер дастабандӣ кард:
– монанди инсон фикр мекунад;
– мантиқӣ фикр мекунад;
– монанди инсон амал мекунад;
– мантиқӣ амал мекунад.
Ду таърифи аввал марбут ба фарояндҳои тафаккур ва истидлол аст, дар ҳоле ду таърифи дигар бо рафтор сару кор доранд.
Таърифи соддае аз ҳуши маснуӣ
Ҳуши маснуӣ ё Artificial Intelligence шохае аз улуми роёна аст, ки ҳадафи аслии он тавлиди мошинҳои ҳушманде аст, ки тавоноии анҷоми вазоифе, ки ниёзманд ба ҳуши инсонӣ аст дошта бошад. Ҳуши маснуӣ дар ҳақиқат навъе шабеҳсозии ҳуши инсонӣ барои компютер аст ва манзур аз ҳуши маснуӣ дар воқеъ мошине аст, ки ба гунае барноманависӣ шуда, ки ҳамонанди инсон фикр кунад ва тавоноии тақлид аз рафтори инсонро дошта бошад. Ин таъриф метавонад ба тамоми мошинҳое итлоқ шавад, ки ба гунае ҳамонанди зеҳни инсон амал мекунанд ва метавонанд корҳое монанди ҳалли масъала ва ёдгирӣ дошта бошанд.
Аҳдофи ҳуши маснуӣ
Асоси ҳуши маснуӣ он аст, ки ҳуши инсон ва тариқи кори он ба гунае таъриф шавад, ки як мошин битавонад онро ба роҳатӣ иҷро кунад ва вазоиферо, ки бар он муҳаввал мешавад ба дурустӣ иҷро кунад. Ҳадафи ҳуши маснуӣ дар ҳақиқат бар се поя устувор аст:
– ёдгирӣ;
– истидлол;
– дарк.
Таърихчаи ҳуши маснуӣ
Таърихчаи ҳуши маснуӣ ба солҳои ҷанги ҷаҳонии дуввум бармегардад; замоне, ки нерӯҳои олмонӣ барои рамзнигорӣ ва ирсоли паёмҳо аз мошини enigma истифода мекарданд ва донишманди англисӣ, Алан Тюринг дар талош барои шикасти ин кодҳо баромад. Тюринг ба ҳамроҳи гурӯҳаш мошини bombe-ро сохтанд, ки enigma-ро рамзгушоӣ мекард. Ҳар ду мошин – enigma ва bombe – пояҳои ёдгирии мошинӣ (machine learning) ҳастанд, ки яке аз шохаҳои ҳуши маснуӣ ё ҳамон Artificial Intelligence мебошад. Тюринг мошинеро ҳушманд медонист, ки бидуни ин ки ба инсон ҳисси сӯҳбат бо мошинро бидиҳад, бо ӯ иртибот барқарор кунад ва ин масъала пояи илми ҳуши маснуӣ аст, яъне сохти мошине, ки ҳамонанди инсон фикр, тасмимгирӣ ва амал кунад.
Рафта-рафта бо пешрафти фанноварӣ ва соири сахтафзорҳои мавриди ниёз барои тавсиаи ҳуши маснуӣ, абзори ҳушманде ба бозор арза шуданд, ки аз ҳуши маснуӣ дар бисёре аз фарояндҳояшон истифода мекарданд. Бисёре аз сервисҳои маъруфе ҳамонанди моторҳои ҷустуҷӯ, моҳвораҳо ва ғайра аз ҳуши маснуӣ истифода мекарданд. Бо муаррифии гӯшиҳои ҳушманд ва пас аз он гаҷетҳои ҳушманд, ҳуши маснуӣ гоми баландеро барои вуруд ба зиндагии инсонҳо пушти сар гузошт. Аз ин замон ба баъд ҳуши маснуӣ барои инсонҳо ҷилваи корбурдитаре пайдо кард ва инсонҳо бештар бо вожаи ҳуши маснуӣ ва корбурдҳои он ошно шуданд.
Тафовути ҳуши маснуӣ ва барноманависӣ
Мо дар барноманависӣ вурудиҳои маълум ва мушаххас дорем ва бо истифода аз дастуроти шартӣ монанди if ва else метавонем муодилотро ҳал кунем ва ба натиҷаи дилхоҳ бирсем, вале масоиле, ки бо ҳуши маснуӣ ҳал мешаванд аз танаввӯъи вурудии зиёде баҳрманд ҳастанд, ба ҳамин далел наметавон бо барноманависии маъмулӣ тамоми ҷанбаҳоро пӯшиш дод, мисли як системи табдили садо ба матн ё ташхиси чеҳра, ки додаҳои вурудии онҳо бисёр мутанаввеъ ҳастанд, ба ҳамин далел маҷбур ба истифода аз муделҳои ҳуши маснуӣ барои анҷоми ин корҳо ҳастем.
Шохаҳои ҳуши маснуӣ
Ҳуши маснуӣ як илми бисёр густурда ва печида аст, ки шохаҳои мутааддиде дорад; шохаҳои ҳуши маснуӣ иборатанд аз:
– системи экспертҳо (Experts Systems);
– роботик (Robotics);
– ёдгирии мошин (Machine Learning);
– шабакаи асабӣ (Neural Network);
– мантиқи норавшан (Fuzzy Logic);
– пардозиши забони табиӣ (Natural Language Processing).
Сатҳҳои мухталифи ҳуши маснуӣ
Як системи ҳуши маснуӣ бар асоси он чи ки аз дунёи берун дарк мекунад ва метавонад ба он посух диҳад, дорои се сатҳ мебошад: 1) ҳуши маснуии маҳдуд, 2) умумӣ ва 3) суперҳуши маснуӣ. Дар идома ҳар кадомро ба тафсил тавзеҳ медиҳем.
1) Ҳуши маснуии маҳдуд (Artificial Narrow Intelligence)
Дар таърихчаи ҳуши маснуӣ, ҳуши маснуии маҳдуд бисёр зудтар аз анвоъи дигари ҳуши маснуӣ падид омадааст. Ин рӯзҳо намунаҳои ҳуши маснуии маҳдуд зиёд аст. Барои мисол, роёнаҳое, ки дар бозиҳои печидае монанди шатранҷ, тасмимгирии ҳушмандона дар заминаи тиҷорат ва анвоъи дигар корҳои муҳим тавонистаанд беҳтар аз инсон амал кунанд, намунаҳое аз ҳуши маснуии маҳдуд ҳастанд. Замоне, ки дар мавриди ҳуши маснуии маҳдуд сӯҳбат мекунем, манзурамон системҳои ҳушманде аст, ки дар анҷом додани як вазифа (task) ба хусус беҳтар аз инсон амал мекунанд. Барои мисол, системи ҳушманде, ки метавонад ба сурати худкор гуфторро ба навиштор табдил кунад ё системҳои ташхиси чеҳра, ки қодиранд ҳувияти як фардро ҳатто дар шулуғӣ аз ҷамъият ташхис диҳанд. Агар бихоҳем бархе аз корбурдҳои ҳуши маснуии маҳдудро мисол бизанем, иборатанд аз:
– автомобилҳое, ки ба кӯмаки ҳуши маснуӣ ёд мегиранд, ки чӣ гуна ронандагӣ кунанд;
– системҳои пардозиши тасвир ва ташхиси чеҳра, ки метавонанд корҳои бисёреро анҷом диҳанд ва амалиёти ташхиси ҳувияти афродро анҷом диҳанд;
– системҳои ҳуши маснуӣ, ки ба анҷоми фарояндҳои молӣ дар банкҳо ва соири касбу корҳои молӣ кӯмак мекунад;
– дастёрҳои ҳушманд, ки бар асоси ниёзҳоятон ба шумо кӯмак мекунанд ва ҳатто парвозҳо ва ҳутелҳоятонро аз қабл резерв мекунанд.
… ва ғайра.
2) Ҳуши маснуии умуми (Artificial General Intelligence)
Манзур аз ҳуши маснуии умумӣ мошине аст, ки метавонад дунёи атрофи худро ҳамонанди як инсон дарк кунад ва дорои зарфият ва гунҷоиши мушобеҳ барои анҷоми фаъолиятҳо ва вазоифе аст, ки як инсон ба таври маъмул онҳоро анҷом медиҳад. Дар ҳоли ҳозир ҳуши маснуии умумӣ вуҷуд надорад, аммо радди пойи онро метавонем дар достонҳои дорои жанри амалӣ-тахайюлӣ мушоҳида кунем. Аз назари теорӣ, як ҳуши маснуии умумӣ метавонад ҳамсатҳи инсон фаъолият кунад ва ё ҳатто дар заминаҳое монанди ҳофиза ва ғайра аз ӯ беҳтар амал кунад.
Бо ин сатҳ аз огоҳӣ ва дониш як мошин метавонад тамоми корҳоеро, ки замоне бар инсон муҳаввал мешуд бидуни ниёз ба вуҷуди инсон анҷом диҳад ва бо гузашти замон бештари мошинҳои дорои ҳуши маснуии умумӣ метавонанд дар бисёре аз заминаҳо ҷойи инсонро пур кунанд. Хотима додан ба ниёзи ҳузури нерӯи инсонӣ дар бисёре аз корҳо ва истифода аз технологии ҳуши маснуии умумӣ ё комил метавонад монанди ҳар технологияи дигаре ҳар ду ҷанбаи мусбат ва манфӣ дар зиндагии иҷтимоӣ ва фардии инсонҳо дошта бошад. Аммо бо ҳамаи инҳо вуҷуди он бисёр муфид ва дар айни ҳол иҷтинобнопазир хоҳад буд. Ба кӯмаки ҳуши маснуии умумӣ, ки дорои тавоноиҳо ва зарфиятҳои зиёде барои кӯмак ба башарият мебошад, бисёре аз мушкилоти инсони имрӯзӣ, ки бо он сару калла мезанад, ҳамонанди тағйироти шадиди обуҳавоӣ, ҳал хоҳад шуд.
Системҳои ҳуши маснуии умумӣ метавонад аз корҳои оддӣ то корҳои бисёр муҳимро ба беҳтарин шакл анҷом диҳанд. Дар сатҳи умумӣ онҳо метавонанд корҳое мисли ронандагӣ, дастёри шахсии ҳушманд бо тавоноии дарки ҳамаи ниёзҳои корбар, як дастёри пизишк ва ё системи ташхиси беморӣ ва ғайра бошад. Дар сатҳҳои боло ин системҳо метавонанд корҳоеро анҷом диҳанд, ки ба зиндагӣ ва амният ва ҷони инсонҳо бастагӣ дорад ва метавонанд ба хубӣ аз паси чунин корҳое барбиёянд.
Суперҳуши маснуӣ (Artificial Super Intelligence)
Суперҳуши маснуӣ дар воқеъ иборате аст, ки барои ҳуши маснуӣ истифода мешавад, ки сатҳи ҳуш ва дарки инсониро пушти сар гузошта ва ба навъе дорои ҳуши фаробашарӣ хоҳад шуд. То ба ҳол ҳанӯз ҳеч ҷомеае натавониста ба суперҳуши маснуӣ даст пайдо кунад. Дар ҳақиқат расидан ё нарасидан ва ё ҳатто замони расидан ба он дар ҳолае аз ибҳом мебошад. Ҳамчунин ин масъала, ки чунин ҳуши маснуӣ чӣ корҳое анҷом медиҳад ва ё ин масъала, ки оё қарор аст таҳдиде барои башар бошад ё фурсате барои ӯ, ҳам мубҳам аст ва бисёре аз соҳибназарон назароти бисёр мутафовитеро дар ин маврид дорад ва баҳси доғ байни соҳибони ғулҳои технологӣ мебошад. Барои расидан ба ин сатҳ аз ҳуши маснуӣ, як системи ҳушманд бояд тести Тюрингро пушти сар гузошта бошад ва ҳеч мошине то ба ҳол ба сатҳе аз дарк ва шуъур ва вусъати дониши як инсони болиғ нарасидааст, ки аз ин тест сарбаланд берун омада бошад.
Тафовути ҳуши маснуии маҳдуд ва умумӣ ва суперҳуши маснуӣ дар чист?
Ҳуши маснуии маҳдуд (заъиф) ҷойе аст, ки мо дар ҳоли ҳозир дар он қарор дорем ва ҳуши маснуии умумӣ ояндае аст, ки мехоҳем ба он биравем ва суперҳуши маснуӣ ояндае аст, ки барои ҳуши маснуӣ мебинем, ки ҳосили такомул ва ҳушманд шудани ҳуши маснуӣ аст.
Ҳуши маснуии маҳдуд ба ин маъност, ки дар он системи ҳуши маснуӣ мизони хоссе аз ҳушро дар як заминаи хосс ба кор бибарад. Дар ҳақиқат ин систем ҳанӯз як компютер аст, аммо як компютере, ки дар бархе аз заминаҳо ҳушмандтар аз инсон амал мекунад.
Маънои ҳуши маснуии умумӣ бисёр печидатар аст. Ин вожа ба системе итлоқ мешавад, ки метавонанд ҳамонанди як инсон ҳар кореро, ки ба ӯ муҳаввал мешавад анҷом диҳад. Идеоли ҳуши маснуии умумӣ он аст, ки битавонад ба дарки таҷрибӣ ва шинохти куллӣ аз муҳитҳое, ки дар он қарор мегирад дошта бошад ва ҳамчунин битавонад додаҳо ва иттилоотеро, ки ба ӯ дода мешавад бо суръате чанд баробари инсон пардозиш намояд. Аз ин рӯ метавонем бигӯем, ки системҳои ҳуши маснуии умумӣ дар буъди дониш, тавоноии шинохтӣ ва суръати пардозиш аз инсонҳо қавитар амал хоҳанд кард. Нуктаи муҳим ин аст, ки ин систем зодаи мағз ва илми башар аст.
Суперҳуши маснуӣ ҳамон тавр, ки гуфта шуд, замоне аст, ки ҳуши маснуӣ ба фаротар аз тавоноиҳои инсон даст хоҳад ёфт. Ин систем метавонад дорои қудратҳое бошад, ки як инсон аз доштани он маҳрум аст. Расидан ба ин систем дар асари такомул ёфтани ҳуши маснуии умумӣ иттифоқ хоҳад афтод ва сохти он ҳам метавонад ба дасти башар бошад ва ё ин ки метавонад ба дасти системҳои ҳушманде бошад, ки ба такомул даст ёфтаанд.
Сайидюнус Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гавҳару дурдона мерасад…
Раҳбари Ҷунбиши Аннаҳзаи Тунис боздошт шуд

Матолиби пурбоздид