Гоҳномаи Умари Хайём шаҳодатномаи Наврӯзи мост!

Фарҳанг

Гоҳномаи Умари Хайём шаҳодатномаи Наврӯзи мост!

Обид Шакурзода

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ чароғи дил барафрӯзӣ.

Ҳофизи Шерозӣ.

Суханро аз Шайх Саъдии Шероз меоғозам, ки дар Дебочаи «Гулистон»-и ҳамешабаҳор меоранд: «…тафарруҷкунон берун рафтем дар фасли рабеъ, ки савлати бард орамида буду айёми давлати вард расида…

Аввали урдибиҳиштмоҳи Ҷалолӣ,

Булбули гӯянда бар манобири қузбон.

Бар гули сурх аз нам афтода лаолӣ,

Ҳамчу арақ бар ъизори шоҳиди ғазбон».

Яъне, «фасли рабеъ» мавсими баҳор; урдибиҳишт номи моҳи баҳор, Ҷалолӣ исми тақвими аҷдодии мо, ки аслан онро Тақвими Эронӣ ё Тақвими Хайём меноманд. Мабдаъи тақвими Ҷалолӣ рӯзи ҷумъайи нуҳум (дар баъзе аз сарчашмаҳо даҳум)-и моҳи рамазони соли 471 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба аввали фарвардини соли 458 ҳиҷрии шамсӣ (21 марти 1079 милодӣ) аст. Яъне, дар 945 соли пеш!

Урдибиҳишт: номи моҳи дувум аз соли хуршедӣ ва савумин рӯзи ҳар моҳ ва номи яке аз ҳафт амшоспанд (фириштаи бузург) аст, ки нигаҳдорийи оташ ба ӯ супурда шудааст.

Тақвими Ҷалолӣ дар ростои ислоҳу муҳосибаи дақиқи гоҳшуморийи эронӣ ва дар пайи гоҳшуморийи яздигурдӣ ба вуҷуд омад. Ин тақвимро дар ҳамоҳангӣ бо соли эътидолӣ дақиқтарин гоҳшуморийи ҷаҳон донистаанд. Дар баробари тақвими аврупоӣ, ки дар ҳар 3320 сол як рӯз хато дорад, Гоҳшуморийи Ҷалолӣ дар ҳар 10 ҳазор сол як сония хато дорад. Аҳаммийяти дигари Тақвими поки аҷдодийи мо: дар қадим, номҳои нуҷумӣ бар ҳасаби суратҳои фалакӣ номгузорӣ шуда ва номҳои моҳҳои нуҷумӣ бад-ин қарор будааст: ҳамал (барра), савр (гови нар), ҷавзо (дупайкар), саратон (харчанг), асад (шер), сунбула (хӯша), мизон (тарозу), ақраб (каждум), қавс (камон), ҷадй (бузғола), далв (дул, зарфи обхурӣ), ҳут (моҳӣ). То тақвими Хайём (Ҷалолӣ) Наврӯз сайёр буда ва дар ҳамайи фаслҳо гардиш мекардааст, бино бар ин Наврӯз гоҳе дар тобистон ё пойиз ё зимистон ҳам воқеъ мешуда ва иҳтимол дорад, ки шоъире дар Наврӯз зимистон ё тобистонро васф карда бошад.

Нуктайи дувум: чиро ин тақвимро Ҷалолӣ гӯянд? Дар соли 471 қамарийи ҳиҷрӣ (баробар бо 1079 милодӣ) ба амри Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ, ба василайи Ҳаким Умари Хайём ва чанд мунаҷҷими дигар ин гоҳшуморӣ танзим ва ба номи Ҷалолуддини Салҷуқӣ, ки ӯ худ туркамон буд, гузошта шуд. Дар он сол Наврӯз дар 19-умин рӯзи фарвардин воқеъ буд. Дар тақвими Ҷалолӣ Наврӯз собит гардид ва аввалин рӯзи моҳи ҳамал нахустин рӯзи сол баргузида шуд. Соли шамсиро маъмулан 365 рӯз мегирифтаанд ва соли шамсӣ мураккаб буд аз 12 моҳи сирӯза ва 5 рӯзи изофӣ, ки «хамсаи мустариқа» (панҷайи дуздида) меномиданд. Аммо соли шамсийи воқеъӣ 365 рӯзу 2 соъату 49 дақиқаву 51 сония аст. Дар Тақвими Ҷалолӣ кабиса ба таври комил ба ҳисоб омада. Тақвими Ҷалолие, ки ҳаққан онро бояд Тақвими Хайём номид, аз назари арзиши риёзӣ ва нуҷумӣ ба Тақвими Григорӣ бартарӣ дорад. Ҳисоби ин тақвим бисёр наздик ба муҳосиботи ҷадид аст.

Нуктайи савум: То солҳои 20-и садаи 20 мо, эронитаборони се пора – Варорӯд, Афғонистон ва Эрони имрӯзӣ моҳҳои маъмули қамариро ба кор мегирифтем. Ҳудуди 90 соли пеш, аз 1 фарвардини соли 1304 (боробар бо 21 марти 1925 дар Эрон моҳҳои шамсӣ (урдибиҳишт, фарвардин, хурдод…) расмӣ шуд. Аммо мутаҷовизини русболшвик бо қадами номубораки хеш моро ҳатто маҷоли андешидан ба гоҳшумории аҷдодӣ надоданд, номҳоямонро ҳатто урусӣ сохтанд (Шукуруф, Шарипуф, Соъатуф, Муҳаммадович, Фаредунович, Аҳмадовна, Маҳмадовна…).

Сухан зиёд аст дар ин бора. Аммо

Акнун гӯиё Наврӯз дар диёри мо ба чор рукн ҷашн гирифта мешавад. Ва, ҳайҳот, ки чунин нест — НАВРӮЗ бидуни гоҳшумории аҷдодӣ, бидуни расмулхатти порсӣ, бидуни ёдкарди неки Ҳаким Умари Хайёму тақвими шоҳкораш НАВРӮЗ нахоҳад буд. Ин монанд ба ҳамон наврӯзест, ки имрӯз ҳамсоягони узбаку қазоқу қирғизу туркмони мо, бидуни огоҳӣ ё ёдоварӣ аз пешинайи фархундаву вижагии яздонии он ҷашн мегиранд. Аммо акнун ки ҷашнасту айём ҷашнӣ, бояд пайки ҷашнӣ гӯем. Он рӯзеро ки пазмонаш шудаему дер боз интизораш ҳастем наздик аст. Руҳияи умум дар қаламрави Хуросони Бузург аз якдиливу якмаромиву якпорчагӣ ғулғула меафканад. Ба вижа бедории миллӣ, ғурури рустамонаву ифтихори Фирдавсиёнаву Мавлоноию Саъдию Хоҷаҳофизӣ миёни ҷавонони мо туфоне ангехта. Наврӯзи мо ҳатман бо гоҳшумории аҷдодони покамон, бо расмулхатти муқаддаси қуръониямон бо лафзи осмонии порсиямон бар хоҳад гашт.

Мужда ай дил, ки масеҳонафасе моеяд.

Ки зи анфоси хушаш бӯйи касе меояд!

Обид Шакурзода

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Арбакон: Эрдуғон тиҷорат бо Исроилро мутаваққиф кунад
Ансоруллоҳ: Омрико арбоби ҷаҳон боқӣ нахоҳад монд!

Матолиби пурбоздид