Ҷоиҳилияти ҷадид
Назари Абулаъло Мавдудӣ дар мавриди ҷоҳилият
Абулаълои Мавдудӣ, ислоҳгари исломӣ ва поягузори Ҷамоати Исломии Покистон, барои нахустин бор ва дар соли 1939, аз вазъи имрӯзи ҷаҳон ба “ҷоҳилияти ҷадид” таъбир кард, ки ҳамаи низомҳои ҳукуматӣ ва назариёти сиёсӣ ва иҷтимоии носозгор бо ахлоқ ва фарҳанги исломиро дарбар мегирифт.
Мавдудӣ, ҳам ҷаҳони кумунизм ва ҳам дунёи ғарбро мисдоқи ин мафҳум яъне маҷҳуми “ҷоҳилият” медонист. Орои Мавдудӣ бо тарҷумаи осори муҳимми ӯ ба арабӣ дар даҳаи 1950, дар ҷаҳони араб ривоҷ ёфт.
Шогирди вай, Абулҳасан Алӣ Ҳасани Надвӣ, донишманди ҳиндӣ, дар соли 1950 китобе бо номи:
ماذا خسر العالم بانحطاط المسلمين
(“Бо суқути мусалмонон, чӣ зарару зиёне гиребонгири ҷаҳон гардид?”) навишт ва дар он назарияи “ҷоҳилияти ҷадид”-и Мавдудиро шарҳ дод. Аз ин китоб дар кишварҳои исломӣ истиқболи густурдае шуд ба тавре, ки борҳо таҷдиди чоп ва ба забонҳои гуногун тарҷума шуд.
Надвӣ оламро ба қатори сареуссайре ташбеҳ кардааст, ки ҷоҳилияти ғарб бо тамоми қувва ва имконот, онро ба сӯйи ҳадафи худ пеш мебарад ва мусалмонон низ дар канори соири милали дунё мусофирони беихтиёр ва ногузири онанд.
Қаламонлайн