Ҷоҳилият аз назари Игнос Голдсиер

Ҷоҳилият аз назари Игнос Голдсиер

Дар қарнҳои ахир бо густариши таҳқиқоти ховаршиносон дар заминаи исломшиносӣ, бахусус дар ҳавзаи арабшиносӣ ва сираи набавӣ ва Қуръон, мафҳуми ҷоҳилият равшантар ва намоёнтар шуд.

Игнос Голдсиер (Ignác Goldziher, 1850-1921), ховаршиноси маҷорӣ, бо пажӯҳиш дар шеър ва фарҳанги ҷоҳилӣ ба ин натиҷа расид, ки ҷаҳл дар муқобили ҳилм (ҳилм ба маънои ақл, на ба маънои бурдборӣ) аст, на илм. Бар ин асос, асри ҷоҳилият ба маънои давраи нодонӣ ва ҷаҳолат нест, балки даврони барбарият ва саркашӣ ва шомили хушунат, истибдод, худпарастӣ, ёвагӯӣ ва амсоли онҳост.

Бо он ки назарияи Голдсиер мавриди ташкик воқеъ шуд ва бархе мутарҷимони Қуръон пас аз вай, дар тарҷумаи муштаққоти ҷаҳл (аз ҷумла ҷоҳилият) ба назарияи ӯ таваҷҷӯҳи чандоне накарданд, ҳосили пажӯҳиши Голдсиер дар канори таҳқиқоти ҷадид дар бораи фарҳанги араби пеш аз ислом, дастмояи пажӯҳиши муҳаққиқони баъдӣ қарор гирифтааст.

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муқобилаи кишварҳои ғарбӣ бо барномаи Ҷоддаи абрешами Чин
Бузургтарин дарди башарият

Матолиби пурбоздид