Ҷоҳилият – Y
Бахши панҷум
“Табарруҷи ҷоҳилият” ва “ҳамийяти ҷоҳилият”
Ёддоште аз Сайидюнуси Истаравшанӣ
5) Дар ояти 33 сураи Аҳзоб фармояд:
وَقَرْنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ الْجَاهِلِيَّةِ الْأُولَى
“Ва дар хонаҳои худ бимонед ва ҳамчун табарруҷи ҷоҳилияти нахустин табарруҷ накунед…”
Табарруҷ аз решаи “бурҷ” он аст, ки зан зебоиҳои хешро изҳор кунад, асли он ба маънии зуҳур аст, “табарруҷ накунед” яъне дар миёни мардум зоҳир нашавед.
Вале он чи дар ин оят аз он манъ шуда, шеваи табарруҷи ҷоҳилият аст, яъне оростан ба шеваи мардуми ҷоҳилият. Китобҳои тафсирӣ шеваи оростани занони ҷоҳилӣ ва берун омадани онҳо аз хонаро ингуна гузориш кардаанд: худнамоӣ кардан ва таваҷҷӯҳи дигаронро ба худ ҷалб намудан, дар муқобили бегона нозу карашма кардан. Ин кор, кори занони ҷоҳилият аст.
Пурравшан аст, ки ин навъ рафтор низ, ки дар ин оят ба унвони рафтори мардуми даврони ҷоҳилият муаррифӣ шудааст, шомили рафтори ҳар кас ва дар ҳар замон ва маконе мешавад.
6) “Ҳамийяти ҷоҳилият”
Аз вежагиҳо ва хусусиёти мардуми ҷоҳилият, ки дар Қуръон аз он ёд шуда, “ҳамийяти ҷоҳилият” аст. Дар ояти 26 сураи Фатҳ мефармояд:
إِذْ جَعَلَ الَّذِينَ كَفَرُوا فِي قُلُوبِهِمُ الْحَمِيَّةَ حَمِيَّةَ الْجَاهِلِيَّةِ
“Ба хотири биёваред ҳангомеро, ки кофирон дар дилҳо ҳамийят, он ҳам ҳамийяти ҷоҳилият парварданд…”
Ҳамийят дар луғат ба маънои имтиноъ, худдорӣ, таҳрик шудани хашм аст. Бино бар он чи дар китобҳои тафсирӣ омада: чун касе аҳли ғазаб ва инкор бошад, гӯянд ҳамийяти нописанд дорад, ҳамийят аз хашм сарчашма мегирад, ки як навъ доғ шудан аст.
Дар баёни сабаби нузули ин оят омадааст: дар соли 6 ҳиҷрӣ, ҳазрати Паёмбар (с) ба қасди умра аз Мадина азми Макка намуд. Ва чун бими он мерафт, ки Қурайш ба ҷанг бо ӯ бархезад, Паёмбар (с) эълом кард, ки ҳадафи умра дорад, на қасди ҷанг. Бо ин ҳама аммо вақте Қурайш аз омадани Паёмбар (с) огоҳ шуд, савганд ёд кард, ки Паёмбар (с)-ро ба Макка роҳ надиҳад ва ҳаргиз зери бори ин зиллат нахоҳад рафт, ки араб бигӯяд, Муҳаммад ба зӯр вориди Макка шудааст.
Ин “ҳамийят” ва ин таъассуб ва нангу ор доштан аз ин ки Паёмбар вориди Макка шавад ва худбузургбинии Қурайш мӯҷиб гашт, ки монеъ аз вуруди Паёмбар ба Макка шавад ва саранҷом кор ба сулҳи Ҳудайбия анҷомид. Ҳангоми бастани ин сулҳнома, Қурайш нагузошт дар ин аҳднома калимаи “Бисмиллоҳ” ва “Расулуллоҳ” навишта шавад, ки мӯъминонро сахт барошуфт.
Равшан аст, ки дар асари “ҳамийяти ҷоҳилӣ” яъне таъассуби беш аз ҳадди Қурайш, заминаи шӯълавар шудани оташ ҷанг метавонист фароҳам ояд, вале ба хотири оромиш ва сакинае, ки Худо бар мӯъминон нозил кард, кор ба онҷо накашид:
إِذْ جَعَلَ الَّذِينَ كَفَرُوا فِي قُلُوبِهِمُ الْحَمِيَّةَ حَمِيَّةَ الْجَاهِلِيَّةِ فَأَنْزَلَ اللَّهُ سَكِينَتَهُ عَلَى رَسُولِهِ وَعَلَى الْمُؤْمِنِينَ وَأَلْزَمَهُمْ كَلِمَةَ التَّقْوَى وَكَانُوا أَحَقَّ بِهَا وَأَهْلَهَا
“Ба хотири биёваред ҳангомеро, ки кофирон дар дилҳо ҳамийят, он ҳам ҳамийяти ҷоҳилият парварданд (ки нагузоштанд дар аҳдномаи сулҳи Ҳудайбия калимаи “Бисмиллоҳ” ва “Расулуллоҳ” бинависанд, ки ин мӯъминонро барошуфт) ва (дар муқобил) Худованд оромиш ва сакинаро бар расули худ ва мӯъминон нозил фармуд ва онҳоро ба тақво мулзам сохт, ки аз ҳар кас шоистатар ва аҳли он буданд…”
Ба ҳар ҳол, кофирони Қурайш монеъи вуруди мусалмонон ба Макка шуданд ва ин кори онон аз рӯйи таъассуб ва ғурур ва худхоҳӣ буд ва дар муқобили хушунат ва таъассуби шадиди онон, Худованд сакина бар паёмбар ва ёронаш фурӯ фиристод, ки оромиши қалбӣ ёфтанд ва аз хашми куффор наҳаросиданд ва бо итминон ва оромаш бархӯрд карданд, тақво бо онон ҳамроҳ шуд ва онон сазовори чунин тақвое буданд.
Ба ҳар сурат, ин гуна доғ шудан ва таъассуб варзидан ва хашму ғазаби беҷо – ки ба унвони ҳамийяти ҷоҳилият аз он ном бурда шуда – макону замон намешиносад ва фақат махсуси араби пеш аз ислом нест, балки аз ҳар касе якчунин хислат ва хӯйи нописанд зуҳуру буруз кунад, ӯ ҷоҳил аст.
Идома дорад…
Қаламонлайн