Ҷузъиёте ҷадид аз тавофуқи Эрон ва Омрико 

Ҷузъиёте ҷадид аз тавофуқи Эрон ва Омрико 
Пардохти пулҳои масдудшудаи Эрон дар Куре ва озод кардани 5 зиндонии эронӣ дар Омрико
Тибқи гузориши хабаргузории Associated Press, Бойден, раиси ҷумҳури Омрико, бо судури муофияте барои бонкҳои байналмилалӣ, заминаро барои интиқоли 6 миллиард доллар аз дороиҳои масдудшудаи Эрон дар Куреяи Ҷанубӣ ба Қатар фароҳам кард.
Ҳамчунин Омрико мувофиқат кард, то 5 шаҳрванди эронии зиндонӣ дар Иёлоти Муттаҳидаро озод кунад.
Бар асоси ин гузориш, озодсозии дороиҳои тавқифшудаи Эрон ва табодули зиндониён миёни Теҳрон ва Вошингтун, пас аз ду сол гуфтугӯҳои ғайримустақими тарафайн иттифоқ афтод.
Энтони Блинкен, вазири хориҷа, дар ёддошти худ ба Кунгураи Омрико навишт: “Омрико барои тасҳили озодии онҳо (зиндониёни омрикоӣ дар Эрон), ӯҳдадор шуда, ки 5 шаҳрванди эрониро, ки дар Иёлоти Муттаҳида зиндонӣ ҳастанд озод кунад ва ҳамчунин иҷозаи интиқоли ҳудуди 6 миллиард доллар дороии масдудшудаи Эрон дар Куреяи Ҷанубиро аз тариқи Қатар бидиҳад”.
 Сомонаи иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Равиши интихоби ҳоким аз назари ислом
Чӣ касе соҳиби императории Пригожин хоҳад шуд?

Матолиби пурбоздид