“Мо ба дунболи поён додан ба низоми ҳукмронии якнафара ҳастем!”

“Мо ба дунболи поён додан ба низоми ҳукмронии якнафара ҳастем!”

Ҳошияҳои интихоботи ояндаи Туркия

Ахбори байналмилал

Ҳизбҳои опозисион чӣ ваъдаҳое ба раъйдиҳандагон медиҳанд?

Гузорише дар пойгоҳи хабарии Arab48

“Ҷумҳурияти мо тоҷи демукросӣ бар сар хоҳад ниҳод!” Камол Қилиҷдор Уғлу, номзади эътилофи ватан барои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ин гуна суханони таблиғотии худро оғоз ва эълом кард: мо ба дунболи поён додан ба “низоми ҳукмронии такнафара” ҳастем; ҷумлае, ки вай ба такрор онро барои интиқод аз тамаркузи қудрат дар дастони Ардуғон такрор кардааст.

Эътилофи ватан муташаккил аз 6 ҳизби опозисион дар барномаи 240-сафҳаии худ ваъдаи лағви низоми риёсатӣ ва бозгашт ба асли тафкики қувваҳо ва имкони бозхости тасмимоти қувваи муҷрияро додааст.

Опозисиони Туркия хоҳони бозгашт ба низоми порлумонӣ ва вогузории ихтиёроти қувваи муҷрия ба нахуствазири мунтахаби порлумон аст, раисиҷумҳур ҳам танҳо барои давраи ҳафтсола интихоб хоҳад шуд.

Дар ҳамин робита, Бертил Удер, устоди ҳуқуқи Донишгоҳи Куши Истонбул изҳор дошт: “Тағйири низоми ҳукмронӣ ба далели ҳадди нисоби порлумонии боло ва лузуми мувофиқати ҳадди ақал се панҷуми намояндагон кори осоне нест.”

Опозисион ҳамчунин ваъдаи “дастгоҳи қазоии мустақил ва солим” ва озодии шумори зиёде аз зиндониёни сиёсиро додааст. Қилиҷдор Уғлу дар ин бора таъкид кардааст, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, Салоҳуддин Демиртош, аз раҳбарони Ҳизби курди Демукротики Халқҳо ва аз душманони сарсахти Ардуғонро, ки аз соли 2016 ба иттиҳоми “таблиғот барои теруристҳо” дар зиндон ба сар мебарад озод хоҳад кард.

Опозисион ҳамчунин хоҳони эҳёи озодии баён ва рӯзноманигорон ва лағви ҷурми “тавҳин ба раисиҷумҳур” аст, ки хомӯш кардани садои мухолифон ва опозисионро имконпазир кардааст, ҳамчунин шаҳрвандон қодир ба “интиқоди осон” аз давлат ва раисиҷумҳур хоҳанд буд.

Қилиҷдор Уғлу ҳамчунон эълом карда, қонуни ҳиҷобро ба тасвиби порлумон хоҳад расонд, то афроди муҳаҷҷаба нигарони мухолифати таърихии ҳизби вай (Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ) бо ҳиҷоб набошанд.

Вай эълом карда, “мо аз ҳуқуқи ҳамаи занон” дифоъ хоҳем кард ва ба “эътиқодот ва равиши зиндагӣ ва ҳувияти ҳар фарде эҳтиром” хоҳем гузошт, бар хилофи Ардуғон, ки ғолибан афроди ҳамҷинсгароро “инсонҳои мунҳариф” тавсиф мекунад.

Раҳбари опозисиони Туркия ҳамчунон хоҳони бозгардондани Туркия ба тавофуқи Истонбул аст, ки бар таъқиби омилони хушунат алайҳи занон таъкид кард; қонуне, ки Онқоро дар соли 2021 аз он хориҷ шуд.

Опозисиони Туркия ҳамчунин мутааҳҳид ба тағйири сиёсати Ардуғон бар хилофи ҳамаи назарияҳои иқтисодии классик ва коҳиши суди банкӣ ва миёнгини таваррум аст, ки ба рақами болои 50 дарсад расидааст.

Эътилофи миллат таъкид дорад, ки таваррумро тай ду сол ба камтар аз 10 дарсад хоҳад расонд ва эътибори лираи Туркияро пас аз он ки тай 5 сол 80 дарсад аз арзиши худро дар муқобили доллар аз даст додааст, бозхоҳад гардонд.

Аз сӯйи дигар, Аҳмад Унол, мушовири вежаи Қилиҷдор Уғлу эълом карда, мо ба дунболи узвияти комил дар Иттиҳодияи Урупо ҳастем; амре, ки нозирон ҳусули пешрафт дар ин парванда тайи кӯтоҳмуддат ва миёнмуддатро баъид донистаанд.

Унол тасреҳ карда, аз саргирии равобит бо Сурия ва оштӣ бо ин кишвар барои тазмини бозгашти 3.7 миллион паноҳандаи сурии сокини Туркия ба шакли довталабона ва тайи муддати камтар аз ду сол ҳатмӣ аст.

Бар асоси қавонин, ҳамаи фароянди баргузории интихоботи Туркия тавассути Шӯрои олии интихобот мудирият мешавад ва 64 миллион шаҳрванди туркияӣ воҷиди шароити раъй додан дар интихоби 13-умин раисиҷумҳур ва 600 намояндаи 28-умин давраи порлумони ин кишвар ҳастанд.

Ардуғон ҳангоми имзои фармони баргузории интихобот, мусодиф шудан бо тақвими имтиҳонии донишгоҳҳо, тадохул бо айёми баргузории маросими ҳаҷ ва ҳузури ҷамъе аз мардуми Туркия дар ин ойин, тадохул бо фасли омӯзиш дар мадорис ва низ ҳамзамонӣ бо сафарҳои тобистонии шаҳрвандонро иллати ҷилав кашидани ҳудуди якмоҳаи таърихи интихобот дар кишвараш унвон кард.

Давраи риёсати ҷумҳурии Туркия панҷсола аст ва мунтахабони мардум дар порлумони Туркия низ, ки 600 узв дорад, дар муддати панҷ сол бар курсӣ менишинанд.

То кунун Ардуғон аз сӯи эътилофи ҷумҳур шомили ҳизби ҳокими Адолат ва тавсиа ва Ҳизби ҳаракати миллӣ ба унвони номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия муаррифӣ шуда ва аҳзоби мухолифи Ардуғон шомили аҳзоби эътилофи миллат, ки таҳти унвони мизи шашгона гирди ҳам омадаанд, Камол Қилиҷдор Уғлу, раҳбари Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқро ба унвони номзади ниҳоии опозисион ва рақиби вай муаррифӣ кардаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Арзиши бадеии осори Мирзо Турсунзода
Ардуғон: “Саркардаи ДОИШ дар Сурияро куштем!”

Матолиби пурбоздид