250 ҳамлаи режими Исроил ба Сурия дар камтар аз ду рӯз
Ахбори байналмилал
Расонаҳои саҳюнистӣ бомдоди сешанбе гузориш доданд, ки дар камтар аз 48 соати ахир, ҳудуди 250 ҳамла ба Сурия анҷом шудааст.
Times of Israel дар ин хусус навишт: “Мо дар масири нобуд кардани нерӯи ҳавоии Сурия ҳастем.”
Ҳамзамон расонаҳои арабӣ бомдоди сешанбе аз таҷовузоти ҳавоии ишғолгарон ба таъсисоти низомӣ дар шаҳрҳои Ҳумс, Ҳалаб ва Ҳамо хабар доданд.
Пеш аз ин, шабакаи 12 режими саҳюнистӣ хабар дода буд, ки нерӯи ҳавоии ин режим, баъд аз сарнагунии давлати Башшор Асад тавассути шӯришиён, ба сурати густарда дар Сурия дар ҳоли нобудии таҷҳизоти боқимонда аз артиши Сурия мебошад.
Қаламонлайн