53 дарсади мардуми Туркия ба Эрдуғон раъй медиҳанд

53 дарсади мардуми Туркия ба Эрдуғон раъй медиҳанд

Ахбори байналмилал

Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, 53 дарсади мардуми Туркия ба нафъи Эрдуғон раъй хоҳанд дод

Натоиҷи як назарсанҷӣ дар Туркия нишон медиҳад, ки беш аз 53 дарсади суолшавандагон ба пирӯзии Эрдуғон дар интихоботи риёсати ҷумҳурии пеши рӯ итминон доранд.

Тибқи як назарсанҷии суратгирифта аз сӯйи ширкати таҳқиқоти афкори умумии Optimar, беш аз ниме аз суолшавандагон гуфтанд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар интихоботи 14 майи 2023 пирӯз хоҳад шуд.

Ба навиштаи Tass ба нақл аз Hürriyet, натоиҷи ин назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки 53.4 дарсад аз суолшавандагон мутмаин ҳастанд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳури феълӣ пирӯз хоҳад шуд, дар ҳоле, ки 42.1 дарсад мӯътақиданд, ки танҳо номзади опозисиюн, яъне Камол Қиличдор Уғлу, пирӯзи интихобот хоҳад шуд, ҳамчунин 8.3 дарсад шонси пирӯзиро аз они Муҳаррам Инҷе ва 1.7 дарсад низ аз они Синон Уғон донистанд.

Ин назарсанҷӣ аз таърихи 1-ум то 7-уми апрели ҷорӣ анҷом шуд ва шомили 4745 ширкаткунанда аз тариқи мусоҳибаи мустақим буд, дар ин назарсанҷӣ 45.9% гуфтанд, ки ба Эрдуғон ва 43.9% ба Қиличдор Уғлу раъй медиҳанд.

Ин мутолеа нишон дод, ки ду гурӯҳ нақши муҳимме дар сарнавишти интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар хоҳанд дошт, яке ҷавонон ва дигаре касоне, ки ҳанӯз тасмими қатъӣ нагирифтаанд, ки тибқи гузориши ширкати Optimar, ҳудуди 15.5 дарсад ҳастанд.

Ҳамчунин тибқи ин назарсанҷӣ, 13.6 дарсад аз ҷавонони 18 то 24-сола омодаи раъй додан ба Эрдуғон, 15.2 дарсад ба Қиличдор Уғлу, 19.5 дарсад ба Инҷе ва 15.3 дарсад ба Сино Уғон ҳастанд. Аммо дар миёни касоне, ки ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтаанд, 41.5 дарсад гуфтаанд, ки шояд ба Эрдуғон ва 31.3 дарсад низ гуфтаанд, ки шояд ба Қиличдор Уғлу раъй диҳанд.

Аз сӯйи дигар, Наҷотӣ Угон, таҳлилгари барҷастаи сиёсии Туркия низ дар таҳлиле ба натиҷаи мушобеҳе расидааст, ки ба гуфтаи вай, намояндагони ба истилоҳ насли Z беш аз 20 дарсад аз кулли раъйдиҳандагони 64 миллиониро ташкил медиҳанд ва ба аҳзоб ва ташкилоти сиёсии қадимӣ эътимоде надоранд.

Бинобар ин, сиёсатмадороне, ки муваффақ ба ҷалби ҳамроҳии онҳо ва касоне, ки ҳанӯз тасмими ниҳоии худро нагирифтаанд шаванд, шонси худро барои пирӯзӣ дар интихобот афзоиш хоҳанд дод.

Ба навиштаи рӯзномаи Hürriyet, бо ин шароит таҳлилгарон эҳтимоли кашида шудани интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ба даври дуввумро рад намекунанд, чаро ки натоиҷи аксари назарсанҷиҳои мунташиршуда дар Туркия ҳанӯз тасвири равшане аз тавзеъи оро ба даст намедиҳад. Дар ин сурат даври дуввуми интихобот дар 28 май баргузор хоҳад шуд. Гуфтанист, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар интихоботи пешин (2018) ба мизони 52.6 дарсади ороро ба даст оварда буд.

Натоиҷи назарсанҷии ширкати Optimar дар шароите аст, ки 5 ҳизби мухолифи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, эътилофе ба номи “Эътилофи панҷгона” ташкил додаанд. Камол Қиличдор Уғлу, раиси Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Халқ, Алӣ Бобоҷон, раиси Ҳизби демукросӣ ва пешрафт, Аҳмад Довуд Уғлу, раиси Ҳизби “Оянда”, Гӯлткин Ависол, раиси Ҳизби демукрот ва Тамал Коромуло Уғлу, раиси Ҳизби саодат, панҷ ҳизбе ҳастанд, ки Камол Қиличдор Уғлуро ба унвони танҳо номзади худ муаррифӣ кардаанд. Дар ин миён Ҳизби демукротики Халқ (курдҳо) низ ба таври зимнӣ ҳимояти худро аз Қиличдор Уғлу эълом кардаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рӯҷӯъ
Агар дине набуд…

Матолиби пурбоздид