6 кушта ва 300 захмӣ, омори расонаҳои исроилӣ аз талафоти мушакборони имрӯз тавассути Фаластин

6 кушта ва 300 захмӣ, омори расонаҳои исроилӣ аз талафоти мушакборони имрӯз тавассути Фаластин

Ахбори ҷаҳон

“Таймз Исроил” дар гузориши худ дар бораи амалиёти “Тӯфонул Ақсо” хабар дод, ки то кунун, шаш нафар исроилӣ кушта ва беш аз 300 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ҳамзамон бо идомаи амалиёти нируҳои муқовимати Фаластин алайҳи саҳюнистҳо, расонаи исроилӣ омори ҷадиде аз талафоти исроилиҳоро гузориш кардаанд.

Дар натиҷаи ҳамалоти нируҳои муқовимати Фаластин ба манотиқи Исроил, то кунун, шаш нафар кушта ва беш аз 300 нафар захмӣ шудаанд.

Бинобар гузориши расонаҳои исроилӣ, ҳоли теъдоде аз захмиҳои исроилӣ бисёр вазнин гузориш шудааст.

Субҳи рӯзи шанбе (имрӯз), баъд аз итишори хабарҳо дар бораи ҳамалоти беш аз ду соатаи мушакӣ ва рокетӣ аз Навори Ғазза ба манотиқи мухталифи Исроил, шомили Тел-Авив, фармондеҳи фаластинӣ аз оғози амалиёти Тӯфонул Ақсо хабар дод.

Ба гуфтаи фармондеҳи фаластинии Катоибул Қассом, дар ҳамлаи аввали амалиёти Тӯфонул Ақсо, ба мавозеи исроилӣ, фурудгоҳҳо ва дигар манотиқи муҳим, беш аз 5000 (панҷ ҳазор) мушак ва рокет партоб шудааст.

Расонаҳои исроилӣ ин мушакорон ва ҳамлаи ҳавоиро бесобиқа номидаанд.

Сомонаи Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Даври ҷадиде аз ҳамлаҳои ҳавоии Фаластин алайҳи Исроил
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахши Ҳофиз таъсис гардид

Матолиби пурбоздид