839 амалиёти террористии Доиш дар чаҳор соли ахир 

839 амалиёти террористии Доиш дар чаҳор соли ахир 

Ахбори байналмилал

Шохаи Хуросони Доиш бо интишори як инфогрофӣ эълом намудааст, ки Доиш дар 4 соли гузашта 839 амалиёт дар саросари ҷаҳон, бавижа Африқо ва кишварҳои минтақаи Хуросон анҷом додааст.

Дар 839 амалиёти террористии Доиш, ҳудуди 5200 нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Доиши Хуросон ва Ғарби Африқо фаъолтарин шохаҳои ин гурӯҳаки террористӣ дар ҳоли ҳозир ҳастанд.

Шохаи Хуросони Доиш дар лу соли ахир иқдомоти террористии худро тавассути неруҳое аз Осиёи Марказӣ, бавижа тоҷикон анҷом додааст.

Чандин амалиёти террористӣ дар Афғонистон, амалиёти террористӣ дар Шоҳчароғи Шероз ва Кирмони Эрон ва Кракоси Маскав тавассути неруҳои тоҷики Доиши Хуросон анҷом шудааст.

Дар ҳафтаи гузашта низ шоҳиди боздошти 8 тоҷик дар Амрико ба иттиҳоми иртибот бо Доиш будем.

Дар як соли ахир, дар Итолиё, Лаҳистон ва Олмон низ теъдоде аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, бавижа тоҷикон ва узбекон ба далели иртибот бо Доиш боздошт шудаанд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баёнияи муштараки нишасти раиси ҷумҳури Узбекистон ва намояндаи тиҷории Амрико
Нақши хонавода дар шаклгирии шахсияти кӯдак

Матолиби пурбоздид