Иҷлоси амниятии Санкт-Петербург

Иҷлоси амниятии Санкт-Петербург

Ахбори байналмилал

Иҷлоси амниятии Санкт-Птеребург ба кори худ оғоз мекунад.

Дар ҳамин бора, Алиакбар Аҳмадиён – дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бинобар даъвати Никалай Петрушев – дабири Шӯрои олии амнияти миллии Русия, дар раъси як ҳайати баландпояи амниятӣ, барои ширкат дар дувоздаҳӯмин “Нишасти байналмилалии мақомоти олирутбаи масъул дар умури аниятӣ” ва “Нишасти дабирони Шӯроҳои амнияти миллии кишварҳои узви Брикс” озими шаҳри Санкт-Петербурги Русия хоҳад шуд.

Ширкат дар ин иҷлоси муҳим аз ҷониби Эрон имсол ба лиҳози раванди таҳаввулоти минтақаӣ бахусус баъд аз амалиёти “Ваъдаи содиқ” бисёр боаҳамият аст.

Дар барномаи сафари дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, дидорҳое бо мақомоти бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Ҳинд, Барзилия, Сурия, Ироқ ва ғайра дар назар гирифта шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ин иҷлос бисёр боаҳамият аст ва дар таҳаввулоти минтақаӣ нақши басазое хоҳад гузошт ва низ дар ин иҷлос намояндагони беш аз 110 кишвар ширкат хоҳанд кард.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Диктотур кист?
Дидори Ардуғон ва Ҳаниа дар Истанбул

Матолиби пурбоздид