Эъломи омодагии Тоҷикистон бар густариши равобити фарҳангӣ бо Эрон

Эъломи омодагии Тоҷикистон бар густариши равобити фарҳангӣ бо Эрон

Ахбори фарҳангӣ

Тавре дар хабарҳо оварда будем, ба муносибати ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон, вазири фарҳнг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон сафар намуда буд ва ба ҳамин муносибат, Зулфия Давлатова, вазири вазири фарҳанги Тоҷикистон, бар таҳкими таҳкими муносиботи фарҳангии ду кившар таъкид намуда, гуфтааст, Радиои Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табодули барномаҳои фарҳангӣ бо Эрон омодагӣ дорад.

Вазири фаҳранг ва иршоди исломии Эрон, оқои Исмоилӣ низ бо қадрдонӣ аз меҳмоннавозии мақомот ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории “Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон”-ро барномаи мутанаввеъ ва ҷаззоб арзёбӣ карда гуфтааст: “Раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора бар таҳкими муносибатҳои ду кившар дар ҳамаи заминаҳо таъкид доранд”.

Дар ҳафтаи фарҳангии Эрон, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтари Тоҷикистон баргузор мешавад, аз албоми 24 асари нафиси хушнависӣ, ҳафтаи филми Эрон, нишастҳои адабӣ, иҷрои мусиқӣ, гурӯҳҳои шоҳномахонӣ ва наққолӣ, намоиши саноати дастӣ, ҳунарҳои таҷассумӣ, варзиши зурхонаӣ ва монанди он ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон ба дигар кишварҳо таҷҳизоти низомӣ ирсол намекунад
Табодули таҷрибаҳои тиббии Тоҷикистон ва Эрон

Матолиби пурбоздид