Ҳикояти Ҳурмуз ва вазирони падар
Ҳикоёте аз Гулистони Саъдӣ
Ҳурмузро гуфтанд: Вазирони падарро чӣ хато дидӣ, ки банд фармудӣ?
Гуфт: Хатое маълум накардам, валекин дидам, ки муҳобати ман дар дили эшон бекарон аст ва бар аҳди ман эътимоди куллӣ надоранд, тарсидам аз бими газанди хеш оҳанги ҳалоки ман кунанд, пас, қавли ҳукаморо бастам, ки гуфтаанд:
Аз он к-аз ту тарсад, битарс, эй ҳаким
В-агар бо чуну сад бароӣ ба ҷанг
Аз он мор бар пои роӣ занад
Ки тарсад сарашро бикӯбад ба санг
Набинӣ, ки чун гурба оҷиз шавад
Барорад ба чангол чашми паланг.
Гулистони Саъдӣ, ҳикояти ҳаштум, боби аввал, “Дар сирати подшоҳон”
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн