Чӣ гуна донишманд шавем?
Чӣ гуна донишманд шавем, ё донишманд кист?
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Камоли инсон ва саодату хушбахтии вай дар ин аст, ки илм андӯзад, бидонад, огоҳ бошад.
Илм андӯхтан фақат ба ин нест, ки бар маълумоти ту ҳар рӯз чизе афзуда шавад, мисли ин ки то имрӯз намедонистӣ, ки Порис пойтахти Фаронса будааст ва имрӯз бароят ин маълум шуд ва ё ин ки намедонистӣ, Нютон кошифи ҷозиба будааст ва имрӯз аз он огоҳ шудӣ. Илм андӯхтан танҳо ба инҳо нест.
Ва ҳатто дар маҷоли дин низ, дониши динӣ доштан ба ин нест, ки ба ақволи уламо ва фуқаҳо ва назари мутакаллимон ва муфассирон дар масоили мухталиф огоҳ бошӣ.
Агар дониш доштан ба инҳо буд, ки ба роёна (компютер) олим гуфтан сазовортар буд, то инсонҳо.
Пас, илм андӯхтан ин нест.
Балки олим будан ва огоҳ будан ба ин аст, ки вақте аз матлабе мутталеъ ва огоҳ шудӣ, ин огоҳиро фақат дар ҳофизаат мисли компютер ҷамъ накунӣ, балки ба таҷзия ва таҳлили онҳо бипардозӣ, дар борааш андеша ва тафаккур бикунӣ ва саъй бикунӣ дурустии онро – агар дуруст аст – худат дарёбӣ, на ин ки чун фалонӣ гуфтааст, пас дуруст аст. Дар ҳамаи масоил бояд чунин кард, бидуни истисно, ҳатто вақте мехоҳӣ Худоро биёбӣ, аз дарвозаи шак дар бораи вай ворид мешавӣ, то агар ҳаст, ба ӯ яқин пайдо кунӣ.
Вақте китоберо мехонӣ, дар ҳар замина ва ҳар арса ва аз ҳар касе, фикр накун ҳар чи дар он ҳаст дуруст аст. Ҳаргиз! Ин китобро инсоне мисли худат навишта. Бинобар ин, вақте мехонӣ, дар борааш зиёд фикр кун, ки чӣ мегӯяд, ба таҷзия ва таҳлили навиштаҳои он бипардоз, соатҳо ва балки рӯзҳо ва ҳафтаҳо. Бигузор ба ҷойи ин ки дар як сол даҳ китоб хонда бошӣ, як китоб хонда, вале онро комилан ҳазм ва фаҳмида бошӣ, ба гунае ки битавонӣ пеши худат бигӯӣ, ин ҷо дуруст гуфтааст, вале он ҷо нодуруст гуфта ба ин далел ва он далел.
Албатта, ба хондани китобҳое тавсия мешавад, ки масалан нависанда як китобро – ки фарз кунед аз 500 сафҳа иборат аст – дар зарфи 20 сол навишта.
Хулоса, илм андӯхтан ин аст, на огоҳии сирф пайдо кардан. Ин илм ва дониш аст, ки камоли инсон маҳсуб мешавад ва саодат ва хушбахтиро барояш ба армуғон меоварад.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн