Бо табари кунд кунда кафонда намешавад…

Фарҳанг

Бо табари кунд кунда кафонда намешавад…

Ҳафиз РАҲМОН

Бо табари кунд кунда кафонда намешавад…

(Ё чӣ бояд кард, ки ҷавонон андеша карданро ёд бигиранд…)

Дар ин мавзуъ, яъне тағйир додани тарзи таълим бо ҳадафи он ки насли ҷавон ба маънои томаш босавод шавад, дуруст гуфтану дуруст навиштанро ёд гирад, андешаи худашро дошта бошад, маротибаи савум аст, ки менависам.

Дар ҳафтавори “Тоҷикистон” ҳам чизе муфассал дар ин хусус навишта будам, ки мавриди таваҷҷуҳи масъулин, мутаассифона, қарор нагирифт.

Вазъи таълим дар макотиби ҳам миёна ва ҳам олӣ имрӯз мисли он аст, ки банда манзараеро дар як деҳа дида будам. Соҳиби хона кундаеро оварду табар ба даст гирифт: табар ончунон кунд будааст, ки аз зарбҳои паёпайи он кунда озоре намеёфт… Он марди шариф ниҳоят хулоса кард, ки бо табари кунд кунда кафондан илоҷ надорад, бояд ё табарро тез кард, ё табари дигаре ба даст овард… Ҳоло вазъи таълим ҳам чунин манзара дорад, мутаассифона… Намегӯям, ки ҳама навгониҳо ва дигаргуниҳои ин соҳа беманфиатанд, на, андеша ва ибтикороти хубе роҳандозӣ мешаванд, низом зина ба зина тағйир меёбад, аммо…

Аммо чизи асосӣ сарфи назар мешавад: оё бо он ҳолу ҳавои таълим, ки дорем, мешавад, ки ҷавононро босавод кунем? Мешавад, албатта, аммо хеле кам. Чаро? Боз як мисол аз ҳаёти воқеӣ меорам. Дар зодгоҳи банда, вақти наврасиву ҷавониам, олмониҳо (немисҳо) хеле зиёд буданд ва мардуме буданд ниҳоят заҳматписанд. Умуман немис кори чалаву ҳаром надорад, ҳар коре, ки мекунад, бо сифати баланд ва ниҳоят зебо мекунад, ин дар омади гап. Онҳо барои пешгирии бемориҳои ангур дар ҳар се ё чаҳор сол решаи онро мекофтанд ва хокашро иваз мекарданд: ончунон заҳмати вазнин буд, ки ногуфтанӣ, бо тешаҳои борик заминро чунон мекофтанд, ки ягон тораи реша озор намеёфт, сипас хоки навро бо поруи махсус омодашудаи панҷсола омехта карда мерехтанд. Дар ниҳоят, ҳам ангури босифат мехӯрданд ва ҳам шароби ноби арғавонӣ тайёр мекарданд.

Ин мисолро беҳуда наовардам. Ба таълим ҳам чунин муносибат лозим аст: ин ё он нақсу иллатро аз реша ислоҳ кардан даркор, то ки натиҷаи дурусте ба бор ояд. Банда дар муддати хеле зиёди мушоҳидаву баррасиҳо ба ин хулоса расидаам: то чандин фанҳои таълимие, ки аз онҳо манфиате нест, аз байн бурда нашаванд, вазъ тағйир нахоҳад ёфт. Ба ҷойи онҳо илмҳои наверо ҷорӣ кардан лозим, то ки ба ҷуз дуруст гуфтану дуруст навиштан ҷавонро соҳибандеша кунад: назари ӯро ба олами ашё тағйир дода тавонад, қабл аз он ки андеша ва назарияеро бипазирад, ба дурустии он шак дошта бошад, омӯзад, қиёс кунад ва билохира ба хулосае биёяд, дар баёни мулоҳиза “ман”-и худро дошта бошад… Раванди ташаккули андеша боз чандин унсурҳои дигарро дорад, ки ҳоло маҷоли баёни онҳо нест, дар умум – ҳар инсон, хосса одами ҷавон, бояд бо андешаи худаш пайраҳаи худашро интихоб кунад… Кайҳост, ки дидани ҷавонони дар зоҳир зебо, аммо аз нигоҳи фаросату дониш ва тафаккур тиработин азиятам медиҳад…

Ҳадафи ниҳоии таҳсил, омӯхтани илм ва расидан ба сатҳи мутахассиси ин ё он соҳа ҳамин аст, ки дар ниҳоди инсон руҳи тавоно ва андешаи солим (фикри сиҳат) тавъам шакл бигиранд, маънавияти ӯ, ки дарунмояаш масъулият барои гуфтору рафтор ва шарти асосиаш иродаи озод доштан аст, устувор шавад. Баъдан, хулқу атвораш хуб шавад, ин дар ҷойи дувум. Зеро агар ахлоқ тақозои ҷомеа ба фард бошад (мисли қонун, ки риоят карданаш ҳатмист), маънавият тақозои ботини инсон аст, яъне амал кардан аз рӯйи имону виҷдон. Натиҷаи ниҳоӣ бояд ҳамин бошад, ки инсон ба ҳолу ҳавои хештан ва ҳаводиси айём бетараф набошад, сухан муносиби ҳоли худаш ва шунавандааш бигӯяд, андешаи созандааш зиндагии солимашро таъмин бикунад. Тамоми нақшаву тадобири таълиму омӯзиш ва илму тарбият ҳамин чизҳоро бояд ба эътибор бигиранд, зеро тамоми улуми ба истилоҳ гуманитарӣ (таъриху забону адабиёту фарҳангу этикаву ҳунару фалсафаву ҳуқуқ ва ғайра) дар ниҳоят як ҳадаф доранд – инсонеро ба майдони зиндагии фаъол дароваранд, ки дар шинохти ҳар ҷузъи олами ашё донишу таҷрибаи худашро истифода кунад, дар баробари бунияи солим фикри сиҳҳат дошта бошад, аз гандумзори ақоиду назариёту ҳар навъе аз таълимот беҳтарин хӯшаҳоро бичинад, ормонҳоро дуруст бишносад, арзишҳоро тасниф карда тавонад…

Ҳоло бисёр илмҳое ҳаст, ки дар соли аввалу дуюм таълим дода мешаванд, аммо баъди хатм дар мағзи ҷавон ба ҷуз номашон чизе боқӣ намемонад, ҳатто онҳое, ки дипломҳои сурх доранд, аз он силсилаи илмҳо ё фанҳои таълимӣ ба ҷуз чанд истилоҳ ё мафҳум чизеро дар хотир намегиранд. Он фанҳоро ном бурданам шарт нест, як назар ба ҷадвали дарсҳои солҳои аввалу дуюм кофист, ки манзара рӯшан шавад… Беш аз даҳ фан аст, ки ба андешаи мо, барои омӯзиши ҷавон ва ташаккули мафкураи ӯ созгор нест. Аз онҳо, бо он ҳаҷму андозае, ки дарс дода мешаванд, ҷавонон на дониш, зиёди зиёд андаке тасаввур ҳосил мекунанду халос…

Пас, чӣ бояд кард? Аввалин иқдом – шумораи фанҳои таълимиро хеле кам бояд кард. Сухани Эсхил ба ёд меояд: оқил на онест, ки чизи бисёр, балки заруриро медонад. Заруртарин илм ҳамон аст, ки ба суоли “инсон кист ва маънои ҳаёташ чист?” посух гуфта тавонад. Пас, аз ҳамин илм, ки “Инсоншиносӣ” ном дорад, ҷавонро ба шоҳроҳи ҳаёт раҳнамоӣ бояд кард, ҳадафи ин фан бояд ҳамин бошад, ки дар мағзи ҷавон равзана ё дидгоҳи худашро ба маърифати олами ашё боз кунад. Илми дигаре ҳаст бо номи “Ҳикмати андеша”, ки онро “Фалсафаи тафаккур” ё “Фалсафаи инсон” ҳам мегӯянд, ҳамчунин “Ҳикмати адабӣ”. Ин илмҳо ба таҳқиқи табиати инсон, тафовути он аз дигар махлуқот, ахлоқу арзишҳои одамӣ, ҳадаф ва мазмуни ҳаёти инсон, проблемаҳои маърифати инсон сару кор доранд ва барои шакл гирифтани андешаи ҷавонон муҳим ҳастанд.

Ҳоло мо гоҳо ба ҳайрат меоем, ки чаро ҷавонон бузургони худро намешиносанд, аз муҳимтарин дастовардҳои фикрии онҳо огаҳӣ надоранд. Чунки илме, ки ба ин чизҳо махсус бошад, нест. Чунин илм ҳаст, аммо дар ҳоли фаромӯшӣ қарор дорад. Дар таркиби илми муҳимме, бо унвони “Равоншиносии шахсият” фасле ҳаст бо номи “Шахсиятшиносӣ”. Омӯзиши илми мазкур имкон медиҳад, ки чӣ хулқу атвор доштан ва кӣ будани шахсият аз нигоҳи равоншиносӣ мушаххас карда шавад.

Ба ҷойи чандин илмҳое, ки аз зовияҳои гуногун фарҳангро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд, бояд як илми том – “Фарҳанги миллӣ” барои тадрис пешниҳод шавад, яъне гузаштаву имрӯзи фарҳанги миллӣ алоқамандона (на ҷудо-ҷудо ва ба таври обзорӣ, балки бо таъмини матнҳои лозим) дарс гуфта шавад ва ба шарте ки дар таркиби он ҳама аносири фарҳанг – забон, осори навишторӣ, завқу салиқаи ҳунарӣ, хусусиятҳои ахлоқӣ, дину ойинҳо, асотир мутаносибан фаро гирифта шаванд.

Муҳимтарин илме, ки барои имрӯзи ҷомеа зарурат дорад, “Ахлоқ” аст. Ҳоло дар ҳама макотиби олии кишвар аз муаллимон тақозо мекунанд, ки ҳафтае як бор дарси тарбиявӣ гузаранд. Гурӯҳи калоне аз раёсатҳои тарбия ин дарсҳоро назорат ҳам мекунанд, хоҳ соати 12 бошад, хоҳ соати 18-и бегоҳ. Ин тартиб маҳсули низоми кӯҳнаи шуравист, мероси ҳамон даврон бо тақозоҳои мафкураи ҳамон айём аст. Ин соатҳо самара надоранд бо чанд далел: аввалан, чизҳои обшустаи умумӣ (ин корро бояд кард, аз ин кор парҳез бояд кард…) гуфта мешаванд, яъне панду насиҳат ба таври умумӣ…

Насиҳати урён ба гӯши касе намефорад, хоҳ ҷавон бошад, хоҳ пир. Насиҳати бодалел гапи дигар аст, ки онро илми ахлоқ метавонад таъмин кунад. Дувум ин ки ҳоло аксар муаллимони ҷавоне, ки ин дарсҳоро мегузаранд, худашон аз нигоҳи надоштани дониши мантиқу фалсафа ба бисёр истилоҳот ва мафоҳими тарбия (ҳадди худро нигаҳ доштан, тундгароиву ифрот, худшиносиву арҷ гузоштан ба хонаводаву меҳану ҷомеа, ба қадри осудагӣ расидан, хидмати халқро кардан, худро узви ҷомеа пиндоштан ва ғайра) сарфаҳм намераванд… Такрор ҳам шавад, мегӯям: омӯзгорони ҷавон бо вуҷуди номзаду доктор буданашон дониши мантиқу фалсафа надоранд ва ин мафҳумҳоро бе мантиқу фалсафа дуруст таҳлил кардану ба мағзи ҷавон расонидан имкон надорад. Ба ҷойи ин корҳои бемаҳсулу бенатиҷа, ба ҷойи ҳайф шудани ин соатҳои дарсӣ аз соли якум то анҷоми таҳсил дарси ахлоқро ҷорӣ кардан муносибтар, муҳимтар ва лозимтар аст. Дар шакли тазкира ва хрестоматияҳо матнҳои ахлоқиро бо шарҳу тафсири ихтисосмандона ба насли ҷавон пешкаш бояд кард ва моҳе як маротиба аз онҳо натиҷаи мутолиаашонро бояд пурсид. Ин дарс бояд мақоми баланд дошта бошад ва танҳо муаллимони соҳибтаҷриба ва донишманд бо маблағи дуруст ҷалб шаванд…

Мо гоҳо аз рафтори ҷавонон хафа мешавем, ки чаро арзишҳоро дуруст намешиносанд, ба арзишҳои бегона мегараванд, ба аслҳои фарҳанги хеш сидқ надоранд. Чунки илме бо номи “Арзишшиносӣ” надорем, ки ин чизҳои муҳимро ба ҷавонон фаҳмонида тавонад. Кӯтоҳаш ҳамин, зеро дар бораи аҳаммияти тадриси ин илм камаш даҳ саҳифаи дигар навиштан лозим мешавад…

Ниҳоят, таълими “Адабиёти ҷаҳон” дар ҳама ихтисосҳо зарур аст, зеро адабиёт хосияте дорад, ки роҳу равиши зебо фикр кардан ва зебо зистанро дар мағзу зеҳнҳо талқин мекунад, дидгоҳи ҷавононро ба оламу одам ва шавқу завқи онҳоро ба маърифати ҳастӣ (аз тариқи осори ҳунарӣ) хеле густарда хоҳад кард.

Дар гурӯҳҳои ихтисосии забону адабиёт низ аз баҳри хеле илмҳо бояд гузашт. Ба ҷойи “Таърихи адабиёт” ё “Таърихи забон” бояд матнҳои адабӣ ва матнҳои қадимаву имрӯзаи забон дарс дода шаванд. Ҷавонон бояд матнро донанд ва шиносанд, на таърихи онро. Давраи зиндагӣ ва авзои замони ин ё он адибу шоир чандон аҳаммият надорад, муҳим ин аст, ки донишҷӯ худи эҷод ва таълифоти адибро донад, осори ӯро таҳлил карда тавонад ва аз он осор барои мафкураи худ чизе гирифта тавонад…

…Боре як хабарнигор суолам кард: Шумо хатмкардаи донишгоҳро чӣ навъ дидан мехоҳед? Гуфтам, ки мухтасар посух бигӯям ё муфассал? Гуфт: мухтасари мухтасар. Гуфтам, ки оғози суханаш чунин бошад: “Ман чунин меандешам…” Ё “фикри ман ин аст…”.

Дар акси ҳол, сад афсӯс барои вақти беҳуда гузашта…

Ҳафиз РАҲМОН

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии устод Ҳафиз Раҳмон)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мову манӣ
Фитрат аз дидгоҳи Иммануил Кант

Матолиби пурбоздид