Нелсон Мандела – раҳбари муқовимат алайҳи опортойд

Таърих

Нелсон Мандела – раҳбари муқовимат алайҳи опортойд

Оё медонед, Нелсон Мандела дар феҳристи “теруристони хатарноки ҷаҳон”-и Омрико қарор дошт?

Дар замоне, ки Нелсон Мандела, раҳбари муқовимат алайҳи опортойди Офриқои ҷанубӣ (чизе шабеҳи саҳюнизм) мубориза мебурд, бештари кишварҳо ба пайравӣ аз Омрико ӯро “терурист” медонистанд, исми ӯ танҳо дар поёнҳои қарни пешин яъне қарни 20-ум, аз феҳристи теруризм дар Омрико бардошта шуд. Кишварҳое, ки ӯро ҳимоят ва пуштибонӣ мекарданд, яке кишварҳои блоки шарқӣ буданд бахусус СССР ва ҳамчунин Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳомиёни парупо қурси Нелсон Мандела дар муборизаҳояш ба шумор мерафт. Нелсон Мандела ҳадди ақал ду бор бо раҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дар замоне, ки ҳанӯз ба унвони “терурист” шинохта мешуд мулоқот кардааст.

Созмони амнияти марказии Омрико (CIA = ЦРУ) дар дастгирии Нелсон Мандела нақш дошт. Ҷузъиёти ҷадид дар бораи нақши CIA дар дастгирии Мандела замоне дар конуни таваҷҷӯҳ қарор гирифт, ки Ричард Стенгел, аз хабарнигорони собиқи маҷаллаи TIME ифшосозӣ кард.

Вақте Мандела дар соли 1962 пас аз ду соли фирор аз давлати опортойди Офриқои ҷанубӣ дастгир шуд, маъмури пулис, ки ӯро дастгир кард фавран Мандела ва ронандаашро алорағми он ки онҳо номи мустаъорашонро дода буданд шинохт.

Мандела дар мусоҳибае дар соли 1993 ба Стенгел гуфта буд, ки CIA маҳалли ихтифои ӯро ба пулиси Офриқои ҷанубӣ додааст. Ин мавзӯъро Стенгел дар мақолае муфассал дар маҷаллаи TIME навишт.

Илова бар ин, ҳудуди 7 сол пеш ҳам як ҷосуси асбақи CIA (Дунолд Рикорд) эътироф кард, ки мақомоти опортойди Офриқои ҷанубӣ бо ин созмон барои дастгирии Нелсон Мандела, раҳбари ҷунбиши озодибахши Офриқои ҷанубӣ ҳамкорӣ кардаанд.

Дунолд Рикорд, ҷосуси асбақи CIA, соли 2016 гуфта буд, ки омрикоиҳо мӯътақид буданд, ки Мандела хатарноктарин коммунисти ҷаҳон хориҷ аз Шӯравӣ аст.

Рикорд, ки дар он замон муовини консулгарии Омрико дар Дурбин буд гуфтааст, ки ҷосусон гуфтанд, ки Мандела дар шаҳре соҳилӣ ба сар мебарад ва ба пулиси Офриқои ҷанубӣ иттилоъ доданд чӣ замоне вай ба пойтахт бозмегардад.

Нелсон Мандела, раҳбарии ҷунбиши зидди опортойд (табъизи нажодӣ), аввалин сиёҳпӯсте буд, ки аз соли 1994 то 1999 риёсати ҷумҳурии Офриқои ҷанубиро бар ӯҳда гирифт.

Дар замоне, ки ӯ мубориза мебурд, бештари кишварҳо ба пайравӣ аз Омрико ӯро “терурист” медонистанд, исми ӯ танҳо дар поёнҳои қарни пешин яъне қарни 20-ум аз феҳристи теруризм дар Омрико бардошта шуд.

Кишварҳое, ки ӯро ҳимоят ва пуштибонӣ мекарданд, яке кишварҳои блоки шарқ буданд бахусус СССР ва ҳамчунин Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳомиёни парупо қурси Нелсон Мандела дар муборизаҳояш ба шумор мерафт. Нелсон Мандела ҳадди ақл ду бор бо раҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дар замоне ки ҳанӯз ба унвони терурист шинохта мешуд мулоқот кардааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мусалмон шудани як кашиши барҷаста
Ҳамоиши байналмилалии Дуплумосии фарҳангии Паёмбари Аъзам(с) баргузор мешавад

Матолиби пурбоздид