Эътимод кардан бар тамаллуқ ва вафои хирс
Маснавии маънавӣ
Хулосаи достон
Марде зӯрманд дар роҳе мерафт, ногаҳон дид, ки аждаҳое хирсе шикор карда ва меравад, ки ӯро ба коми худ фурӯ кашад. Мард по пеш мениҳад ва бо диловарии тамом он аждаҳоро ба ҳалокат мерасонад ва хирсро мераҳонад. Хирс вақте ки ин ҷавонмардӣ ва ёрии бедареғи мардро мебинад, ба ӯ унс мегирад ва дар пайи ӯ роҳӣ мешавад.
Мард роҳе тӯлониро дарменавардад ва саранҷом хаста ва кӯфта ҷойе диранг мекунад ва ором сар ба болин мениҳад ва ба хоб меравад. Ва хирс низ монанди нигаҳбоне дилсӯз аз ӯ муроқибат мекунад.
Дар ин асно марде доно ва хайрхоҳ ин вазъро мебинад, пеш меравад ва он марди диловарро бедор мекунад ва ба ӯ мегӯяд: ин хирс кист ва бо ту чӣ муносибате дорад? Мувозиби ӯ бош ва ба меҳру дӯстии ӯ эътимод макун, ки фарҷоми хуше барои ту надорад.
Он диловари соддалавҳ, ки ба дӯстии хирс дил хуш карда буд, аз сухани ин носеҳ меранҷад ва мегӯяд: бирав дунболи корат, ки дучори ҳасодат шудаӣ ва наметавонӣ бибинӣ, ки ҳайвоне инчунин бо ман дӯстӣ меварзад!
Марди хайрхоҳ ҳар чи аз оқибати ногувори ин дӯстӣ сухан мегӯяд, он зӯрманди соддалавҳ ба суханони ӯ вақъе намениҳад. Ба ҳар тақдир, он мард ранҷидахотир мешавад ва ба роҳи худ идома медиҳад. Ва он диловар низ сар бар замин мениҳад ва ба хоб меравад. Ва хирс низ ба муроқибати ӯ мепардозад.
Дар ин асно чанд магас рӯйи сурати он мард менишинанд ва ӯро озор медиҳанд. Хирс ба қасди хидмат ва дӯстӣ, меравад санге бузург бармедорад, то ба магасон бикӯбад ва валинеъмати худро осуда созад Сангро болои сари худ мебарад ва муҳкам бар сурати он бенаво мекӯбад ва дар дам ҳалокаш месозад.
* * *
Устод Фурӯзонфар манбаъи ин достонро ҳикояте аз “Фароид-ус-сулук” медонад. Ҳикояти мазбур дар ин китоб тӯлонӣ аст ва хулосаи он ин аст, ки: боғбоне мореро захмӣ мекунад. Мор кинаи ӯ ба дил мегирад, то дар фурсате муносиб интиқом гирад. Рӯзе боғбон мехусбад ва фурсате даст медиҳад, то мор интиқом кашад. Вале боғбон ногаҳон бедор мешавад ва мор мегурезад. Вале биме бар ӯ чира мешавад, ки хобу қарор аз ӯ дармерубояд. Пас моҷароро бо бӯзина дар миён мениҳад. Бӯзина мегӯяд, ин ки мушкиле нест, ту ором ба хоб андар шав ва ман нигаҳбонии ту кунам ва ҳар гоҳ мор биёяд, сарашро ба санг бикӯбам ва туро барои ҳамеша халос кунам. Боғбон сар дар хобе сангин кашид. Магасони бисёр бар сару рӯйи ӯ гирд меомаданд ва бӯзина онҳоро меронд. Саранҷом аз ин самоҷат барошуфт ва рафт санге бузург баргирифт ва бар фарқи он бенаво фурӯ кӯфт, магасон ҷони солим бадар бурданд, аммо ӯ дигар аз замин барнахост.
* * *
Мавлоно дар ин ҳикоят забони дӯстии аҳмақонро баён доштааст. Ӯ мегӯяд, дӯстии онон дар воқеъ душманӣ аст ва душмании онон дӯстӣ маҳсуб меояд. Он “зӯрманд” тамсили касоне аст, ки ҷисме рашид ва ақле қасир доранд ва дӯстро аз душман бознатавонанд шинохт.
* * *
Аждаҳое хирсро дармекашид,
Шермарде рафту фарёдаш расид.
Аждаҳое як хирсро фурӯ мебалъид, ки диловармарде пеш рафт ва ба ёрии ӯ шитофт.
Шермардонанд дар олам мадад,
Он замон, к-афғони мазлумон расад.
Дар ин ҷаҳон танҳо шермардон ва диловаронанд, ки ҳар гоҳ ситамдидагон фарёди ёрӣ кашанд, ба ёрии онон шитобанд.
Нукта: Аз инҷо Мавлоно “шермард”-ро дар маънии ботинии он ба кор мебарад ва мурод аз он, авлиёуллоҳ ва орифони равшанбин аст.
Бонги мазлумон зи ҳар ҷо бишнаванд,
Он тараф чун раҳмати Ҳақ медаванд.
Он родмардон аз ҳар тараф, ки садои ситамдидагонро бишнаванд, ҳамонанди раҳмати Ҳақ Таъоло ба он сӯ медаванд.
* * *
Идома дорад…
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн