Расонаҳо аз талафоти сангини таҷҳизоти низомии Русия гузориш медиҳанд

Расонаҳо аз талафоти сангини таҷҳизоти низомии Русия гузориш медиҳанд

Ахбори минтақа

Ба гузориши Экономист, Русия ҳар моҳ 150 тонк аз даст медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ин кишвар қудрати истеҳсоли танҳо 90 тонк дар моҳро дорад.

Он чи “Экономист” баровард кардааст бар асоси додаҳои Огух аст, ки танҳо талафоти мустанадшударо дар назар гирифтааст, дар ҳоле, ки мақомоти укроинӣ мегӯянд талафоти ҷониби Русия ба маротиб бештар аз он аст, ки Огух мустанад кардааст.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад Русия бо тамом зарфиятҳо қодир ба тавлид ва таъмири танҳо 90 тонк дар моҳ аст. Бо ин вуҷуд, зикр мегардад, ки имкони тавлиди танҳо ҳудуди 20 тонк буда, боқӣ имкони бозсозии тонкҳои дар анборҳобуда ва таъмири тонкҳои зарардида дар ҷанг мебошад.

Афзоиш додани тавлиди тонкҳо ба далел таҳримҳо сахт аст. Дар Русия ҳатто ба истифода аз микрочипҳои мошинҳои зарфшуӣ ва яхдонҳо дар таҷҳизоти низомӣ шурӯъ карданд.

Бархе расонаҳо гузориш додаанд як ҳавопаймои А-50-и русӣ  низ бар асари ҳамлаи нерӯҳои партизании белорусӣ дар Минск зарар дидааст. Хадамоти ҷосусии Бритониё гуфтааст, агар зарари расида ба ин ҳавопаймо ҷиддӣ бошад, хасороти бузурге ба нерӯҳои ҳавоии Русия хоҳад буд.

Ин ҳавопаймо, ки онро “Крейсер Москва”-и ҳавоӣ низ ном гузоштаанд, яке аз шаш ҳавопаймоҳои радиолокатсионии Русия аст, ки дар сурати аз парвоз монданаш қудрати боздоштии Русияро ба таври чашмгире коҳиш хоҳад дод.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эътирофи Исроил ба нотавонӣ дар баробари Эрон
Бархе аз кишварҳо Тик-Токро масдуд кардаанд

Матолиби пурбоздид