Нато амнияти Осиё ва Уқёнусияро таҳдид мекунад

Нато амнияти Осиё ва Уқёнусияро таҳдид мекунад

Хабарнома

Сафири Русия дар мусоҳибаи телевизони марказии Чин мегуяд: Кишварҳои узви НАТО қасд доранд бо афзоиши ҳузури худ дар Осиё ва Уқёнусия, зерсохтҳои амниятии босаботи ин минтақаро тазъиф кунанд.

Игор Морголов изҳор кард: Созмони паймони Атлантикаи шимолӣ – НАТО соли гузашта эълом кард, ки акнун тамоми дунё ба минтақаи маҳалли масъулияти ин созмон табдил шуда ва ин ба маънои талош барои тазъифи сохтори амниятии ҷаҳон аст.

Ин дипломати рус хотирнишон кард, ки сохторҳои блокӣ монанди AUKUS, ки як гуруҳи мушорикати сеҷонибаи миёни Австралия, Англия ва Амрико аст дар минтақаи Осиё ва Уқёнусия зоҳир шудаанд.

Морголов дар идомаи суҳбатҳояш гуфт: Ин гуруҳ бо ҳадафи эҷоди новгони ҳастаӣ барои Австралия ташкил шуда, аммо ҳадафи ниҳоии нуфузи НАТО дар ин минтақа аст.

Вай афзуд: Таҷрибаи мо нишон медиҳад, ки ҳузури НАТО ҳеҷ хайре нахоҳад дошт. Ин эътилофи як блоки дифоӣ нест, балки як блоки низомӣ аст, ки фақат дар ҷиҳати тазъифи сулҳу саботи минтақаи Осиё ва Уқёнусия амал мекунад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷойгоҳи илму дониш дар асру давронҳо
Ҳикматнома

Матолиби пурбоздид