Тоҷикистон ва суфастоигарӣ

Тоҷикистон ва суфастоигарӣ

Сайидюнус Истаравшанӣ

… Ин фикр ва пиндор шойеъ шуда ва мутаассифона дар зеҳнҳо русух пайдо карда, ки: дуруст он аст, ки ба унвони як чизи дуруст нишон бидиҳанд ва нодуруст он аст, ки ба унвони чизе нодуруст нишонаш диҳанд ва сарфи назар аз зеҳни мо, дар хориҷ аз зеҳн чизе ба номи дуруст ва нодуруст, рост ва дурӯғ ва ҳақ ва ботил вуҷуд надорад.

Бинобар ин, ҳама чиз вобаста ба кайфияти “таблиғ” ва саъю кӯшиши худи мост, агар як чизи комилан ботилеро ба унвони ҳақ таблиғ кунанд, он чиз ҳақ мегардад ва баръакс чизи ҳақ ва дурустеро агар ба унвони ботил ва нодуруст тарвиҷ кунанд, ботил мегардад…

***

Тоҷикистон ва суфастоигарӣ

Бахши аввал

Пешгуфтор

Як бемории бисёр хатарноки фикрӣ дар Тоҷикистон шойеъ шуда; беморие, ки на танҳо давлатмардон ва сиёсатмадорони мухолифу мувофиқ, балки ҳатто бисёре аз устодони донишгоҳ ва баъзе муллоҳо ва ҳатто рӯзноманигорон ба он мубталоянд. Беморие, ки вақте як ҷомеа ба он мубтало бишавад, он ҷомеа дер ё зуд аз ҳам мепошад ва нобуд хоҳад шуд. Хуб, ин беморӣ кадом аст?

Номи ин беморӣ суфастоигарӣ аст. Дар қисматҳои баъдӣ ба тафсил роҷеъ ба суфастоигарӣ ва таърихчаи он сӯҳбат хоҳам кард, дар инҷо фақат ба сурати мухтасар арз кунам, ки:

Ин фикр ва пиндор шойеъ шуда ва мутаассифона дар зеҳнҳо русух пайдо карда, ки: дуруст он аст, ки ба унвони як чизи дуруст нишон бидиҳанд ва нодуруст он аст, ки ба унвони чизе нодуруст нишонаш диҳанд ва сарфи назар аз зеҳни мо, дар хориҷ аз зеҳн чизе ба номи дуруст ва нодуруст, рост ва дурӯғ ва ҳақ ва ботил вуҷуд надорад.

Бинобар ин, ҳама чиз вобаста ба кайфияти “таблиғ” ва саъю кӯшиши худи мост, агар як чизи комилан ботилеро ба унвони ҳақ таблиғ кунанд, он чиз ҳақ мегардад ва баръакс чизи ҳақ ва дурустеро агар ба унвони ботил ва нодуруст тарвиҷ кунанд, ботил мегардад.

***

Таърихчаи суфастоигарӣ

Барои ин ки бифаҳмем ҷомеаи мо дар ин рӯзгор ба суфастоигарӣ мубтало шудааст, шоиста аст дар робита бо худи суфастоигарӣ ва ин ки ба чӣ маъност ва таърихчаи он сӯҳбат кунем.

Дар миёни донишмандони юнонӣ қабл аз Суқрот гурӯҳе ҳастанд, ки суфастоӣ ё суфист хонда мешаванд. Мутобиқи он чи аз тарих истифода мешавад, пайдоиши сафсата дар Юнон дар қарни панҷуми қабл аз мелод дар асари ду чиз сурат гирифт: яке, зуҳури оро ва ақоиди фалсафии гуногун ва зидду нақиз ва ҳайратовар. Ва яке дигар, ривоҷи фавқулъодаи фанни хитоба ва махсусан хитобаи қазоӣ дар додгоҳҳо.

Яъне аз як тараф, макотиби фалсафии мухталиф, ки ҳар як назарияи хоссе дар бораи ҷаҳон изҳор ва ақоиди дигаронро ибтол менамуд падид омад ва аз тарафи дигар, дар асари як ҳодисаи таърихӣ, ки барои мардуми он сарзамин пеш омада буд муноқишот ва ҷанҷолҳои молии зиёде воқеъ мешуд, ки корро ба маҳкама мекашонд ва гурӯҳе аз донишмандон ба унвони вакили мудофеъ дар маҳкамаҳои умумӣ бо ҳузури ҷамъе зиёд аз тамошочиён ба дифоъ аз ҳуқуқи муваккилони худ мепардохтанд ва хитобаҳои муассир эрод менамуданд.

Кори хитоба ба тадриҷ боло гирифт ва асотиди ин фанн килосҳое барои таълими фанни хитоба ифтитоҳ карданд ва ба тадриси усули он пардохтанд ва аз шогирдон ҳаққуззаҳма мегирифтанд ва аз ин роҳ сарвати зиёде ба чанг оварданд.

Ин гурӯҳ саъй мекарданд барои ҳар муддаое – чӣ ҳақ ва чӣ ботил – далел биёваранд ва бурҳон иқома намоянд ва гоҳе барои ду тарафи даъво далел меоварданд ва кам-кам кор ба ҷойе кашид, ки мӯътақид шуданд ҳаққу ботил ва росту дурӯғе дар воқеъ нест, ки гоҳе бо раъй ва назари инсон мутобиқат кунад ва гоҳ накунад, балки ҳақ он чизе аст, ки инсон онро ҳақ бидонад ва ботил он чизе аст, ки инсон онро ботил пиндорад.

Ва ба тадриҷ ин ақида дар соири умури олам низ сироят кард ва гуфтанд, ҳақиқат ба таври куллӣ тобеъи шуъур ва идроки инсон аст ва ҳар касе ҳар чи дуруст меангорад дуруст аст ва агар ду нафар бар хилофи якдигар идрок мекунанд, ҳар ду дуруст аст.

Ин гурӯҳро ба сабаби он ки дар ҳамаи улум ва фунуни асри худ моҳир буданд “суфист” мегуфтанд, яъне донишманд ва калимаи “суфастоӣ” аз калимаи “суфист” гирифта шуда ва баъдҳо ин вожаро ба куллияи касоне гуфтанд, ки равиши фавқро дошта бошанд яъне ба ҳеч асли собити илмӣ пойбанд набошанд ва ин маслакро “суфисм” номанд.

Яке аз суфистҳои маъруф Прутогурос (Protagoras) аст. Вай мегӯяд: “Миқёси ҳама чиз, инсон аст. Ҳар касе ҳар ҳукме, ки мекунад, мутобиқи он чизе аст, ки фаҳмида пас ҳақ аст, зеро ҳақиқат ғайр аз он чи инсон мефаҳмад чизе нест ва чун ашхос ба таври мухталиф идрок мекунанд ва чизеро, ки як нафар рост мепиндорад, дигаре дурӯғ медонад ва севвуме дар росту дурӯғ буданаш шак мекунад, пас як чиз ҳам рост аст ва ҳам дурӯғ ва ҳам савоб ва ҳам хато.”

Яке дигар аз суфистҳои маъруф Гургиёс (Gorgias) аст. Аз вай бароҳине нақл шуда бар ин ки маҳол аст чизе мавҷуд бишавад ва агар ҳам ба фарзи маҳол мавҷуд бишавад, қобили шинохтан нест ва агар ба фарзи маҳол шинохта шавад, қобили таъриф ва тавсиф барои ғайр нест.”

Вай барои ҳар як аз иддаоҳои сегонаи худ далелҳое оварда, ки дар зимни шарҳи ҳолаш дар китобҳои таърих омадааст.

Идома дорад…

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зеэв Шнир, мақоми исроилӣ: Ба якдигар зарба мезанем!
Биёроста чун ба Наврӯз боғ

Матолиби пурбоздид