Одат ё огоҳию басират
Мабоҳиси иҷтимоӣ
Дар аксарияти қотеи мавридҳо “Дин ва боварҳои эътиқодӣ ва мазҳабии мо одатӣ аст”.
Ҳатто пайравӣ аз ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷунбишҳои маданӣ ҳам одат шудааст. Масалан аз руи одат мусалмони суннӣ ва ё мусалмони шиа ҳастем.
Одат дар ҳар куҷое аз зиндагии мо реша давонид, бидонем, ки қатлгоҳ ва кушторгоҳи мост. Аз одатҳои шахсӣ гирифта то одатҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва динӣ ва мазҳабӣ.
Одати сиёсӣ аст, ки диктатор месозад ва ё одати мазҳабӣ аст, ки истибдоду хушунати мазҳабӣ ба бор меоварад.
Чаро сунизода бояд суннӣ ва шиазода бояд шиа бошад? Аз қадимулайём то имрӯз сухан ин аст: ” обоунал аввалун – аҷдодамон ин гуна буданд” – яъне рули ҳаракати мошини зиндагӣ ва эътиқодии мо дар дасти аҷдоди мост! Яъне бо далел суннӣ ва шиа нестем, балки бо одат муътақид ба мазҳабе ҳастем.
Барои ҳамин бояд гуфт ки: Бе дину бе мазҳабе, ки бо далел бе мазҳаб аст, беҳ аз мазҳабдори бе далел ва одатӣ аст.
Маорифи ислом ба мо дастур ва таълим медиҳанд, ки:
هَٰذِهِ سَبِيلِي أَدْعُو إِلَى اللَّهِ ۚ عَلَىٰ بَصِيرَةٍ أَنَا وَمَنِ اتَّبَعَنی
яъне роҳи Худоро пеш бигиред, аммо на бар асоси одат, балке бар асоси басират, огоҳӣ ва ташхиси оқилона ва аз рӯи бурҳону яқин. Бинобар ин дар ин мавзуъ диққат номоем.
Сайидмуҳаммад Ғозӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн