Нигоҳе ба барномаҳои чаҳор номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия
Ахбори ҷаҳон
Камол Қиличдор Уғлу, Раҷаб Таййиб Ардуғон, Муҳаррам Инҷе ва Синон Уғон пас аз тайи фароянди қонунӣ ва баррасии эътирозот, ба унвони чаҳор номзади ниҳоии 13-умин давраи интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия муаррифӣ шуданд ва таблиғоти интихоботии расмии онҳо аз рӯзи ҷумъа оғоз шуд.
Бо интишори номи ин чаҳор номзади ниҳоӣ ва қатъӣ, таблиғоти интихоботии расмии онҳо оғоз шуда ва то 24 соат қабл аз шурӯъи раъйгирӣ дар 14 моҳи майи 2023 идома хоҳад дошт.
Ҳар чаҳор номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия чеҳраҳои сиёсии машҳур ҳастанд ва тайи се даҳаи ахир дар арсаи сиёсии Туркия ҳамвора ҳузур дошта ва нақшофаринӣ кардаанд, ки дар ин гузориш ба сурати мухтасар муаррифӣ мешаванд.
1) Камол Қиличдор Уғлу:
Камол Қиличдор Уғлу дар соли 1948 дар шаҳри Тунҷлӣ дар шарқи Туркия ва дар хонаводае алавӣ пайрави Ҳоҷӣ Бектоши Валӣ мутаваллид шуд.
Ӯ чанде пеш эълом кард, ки асолатан аз Хуросони Эрон будааст ва аҷдоди ӯ дар замони Салҷуқиён ба Туркия муҳоҷират кардаанд ва ҷаддаш Сайидмаҳмуди Ҳайронӣ аст.
Номи хонаводагии қаблии хонадони ӯ Қоробулут буда, вале тавассути падараш дар даҳаи 1950 ба Қиличдор Уғлу тағйир ёфтааст.
Камол Қиличдор Уғлу таҳсилоти ибтидоӣ ва мутавасситаи худро дар манотиқи мухталифи Онотулӣ идома дод ва дар соли 1967 бо рутбаи аввал аз дабиристони бозаргонӣ фориғуттаҳсил шуд ва сипас вориди донишгоҳ шуда ва дар риштаи иқтисод аз Окодемии улуми иқтисодӣ ва бозаргонии Онқоро, ки номи он баъдҳо ба Донишгоҳи Ғозӣ тағйир кард, фориғуттаҳсил шуд.
Киличдор Уғлу симатҳои муҳимме дар муассисоти иқтисодӣ ва молии давлатӣ ва хусусии Туркия дошта ва муддате ҳам дар Донишгоҳи Ҳоҷӣ Теппаи Онқоро тадрис кардааст.
Ӯ корманди Идораи таъмини иҷтимоӣ буд, ки пас аз бознишастагӣ вориди дунёи сиёсат шуд.
Қиличдор Уғлу дар соли 2003 ба унвони намояндаи ҳизби чапгарои Ҷумҳурихоҳи Халқ вориди порлумони ин кишвар шуд ва ба иллати ихтилофи пойгоҳи раъй, аз ҳамон шурӯъи қудрат гирифтани Ҳизби адолат ва тавсиаи Туркия ба раҳбарии Раҷаб Тайб Ардуғон, ба унвони мунтақиди ҷиддии ӯ зоҳир шуд.
Қиличдор Уғлу дар интихоботи порлумонии соли 2007 ҳам ба унвони намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Халқи Туркия баргузида шуда, вале дар рақобати интихоботии шаҳрдории Истамбул дар соли 2009 шикаст хӯрд.
Камол Қиличдор Уғлу дар соли 2010 пас аз канор рафтани Дениз Бойкол аз раҳбарии Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Халқи Туркия, ба раҳбарии ин ҳизб, ки муассиси он Мустафо Камол Оттурк – бунёнгузори Туркияи навин ва қадимитарин ҳизби ин кишвар аст, интихоб шуд, ки ҳаёти сиёсии ӯ дар симати раҳбари ин ҳизб, то ба имрӯз идома дорад.
Дар даврони раҳбарии ӯ бар Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Халқи Туркия, ин ҳизби муваффақияти чандоне дар рақобатҳои интихоботии Туркия надошта ва маҳбубияти ин ҳизб дар ин муддат байни 25 то 32 дар сад дар навасон будааст, аммо дар интихоботи шаҳрдориҳо дар соли 2019 номзадҳои ин ҳизб тавонистанд дар шаҳрҳои муҳимми ин кишвар аз ҷумла Онқоро, Истамбул ва Измир ба пирӯзӣ бирасанд.
Ҳизби таҳти раҳбарии Қиличдор Уғлу бузургтарин ҳизби секулор (лоик) бо гароишҳои миллигароёна ва чапи миёна ва сотсиал-демукроти Туркия маҳсуб мешавад, вале ба иллати бофти иҷтимоӣ ва сиёсии Туркия, ҳеч гоҳ натавониста беш аз як севвум орои мардумӣ дар интихоботҳои мутааддидро касб кунад.
Камол Қиличдор Уғлу дар ин давра аз интихобот рақиби аслии Раҷаб Тайб Ардуғон раисиҷумҳури Туркия маҳсуб мешавад ва муборизоти интихоботии худро рӯйи демукросӣ, ҳуқуқи башар ва ҳокимияти қонун мутамаркиз кардааст ва аз мунтақидони ҷиддии фасод дар ниҳодҳои ҳукуматии Туркия ба шумор меравад.
Эъломи номзадӣ ва аҳзоби ҳомӣ
Ду ҳафта пеш аҳзоби эътилофи “Миллат” шомили Ҳизб Ҷумҳурихоҳи Халқ ба раҳбарии Камол Қиличдор Уғлу, Ҳизби Нек (хуб) ба раҳбарии Марол Экшенер, Ҳизби Саодат ба раҳбарии Тамал Коромло Уғлу, Ҳизби демукрот ба раҳбари Гелткин Увайсол, Ҳизби Ҷаҳиш ва демукросӣ ба раҳбарии Алӣ Бобоҷон ва Ҳизби Оянда ба раҳбарии Аҳмад Довуд Уғлу, ки таҳти унвони мизи шашгона гирди ҳам омадаанд, Камол Қиличдор Уғлуро ба унвони номзади ниҳоии худ дар интихоботи сарнавиштсози моҳи майи муаррифӣ карданд.
Пас аз эъломи номзадӣ, ҳизби курдии Демукротики Халқҳо, ки ҳудуди 11 дар сад раъйи суннатӣ дар ҷомеаи Туркия дорад, эълом кард, ки бидуни пайвастан ба эътилофи “Миллат” ва мизи шашгона, аз номзадии Қиличдор Уғлу дар интихобот ҳимоят мекунад ва ба ин тартиб ин эътилоф ба сурати ғайрирасмӣ ба эътилофи мизи ҳафтгона машҳур шуд.
Илова бар ин аҳзоб, эътилофи Кор ва озодӣ, ки бо ибтикори Демукротики Халқҳо ва шомили аҳзоби сиёсии Ҷунбиши коргарӣ, Коргар, Демукротики Халқҳо, Федератсияи маҷомеъи сотсиалистӣ, Коргарони Туркия, Ҳизби озодӣ-иҷтимоӣ, Сабзҳо ва Ҳизби Ояндаи чав аст, аз номзадии Қиличдор Уғлу эълом ҳимоят кардаанд.
Ҳамчунин аҳзоби демукротики чап, Ҳизби чап, Ҳизби Кумунисти Туркия, Ҳизби тағйир дар Туркия, Ҷунбиши кумунистии Туркия, Ҷунбиши инқилоб, Ҳизби коргарони сотсиалисти Туркия ва Ҳизби либерол-демукроти Туркия аз номзадии вай эълом ҳимоят кардаанд ва ба ин тартиб, Қиличдор Уғлу бештарин мизони ҳимояти ҳизбиро дар ин интихобот ҷалб кардааст.
Қиличдор Уғлу пас аз эъломи номзадии худ эълом кард, ки дар сурати пирӯзӣ, Туркияро бо ройзанӣ ва аз худгузаштагӣ раҳбарӣ хоҳад ва дар канори дилсӯзони кишвар, барои ҳокимияти ахлоқ ва адолат хоҳад кӯшид.
Ӯ ҳамчунин бозгардондани Туркия ба рӯзҳои рифоҳ, сулҳ ва шодиро танҳо ҳадафи худ зикр кард ва афзуд, ки агар ба қудрат бирасад, кишварро бо машварат ва иҷмоъ идора карда ва низоми сиёсии ин кишварро, ки тавассути Ардуғон аз порлумонӣ ба риёсат тағйир ёфтааст, дубора ба низоми порлумонӣ бозхоҳад гардонд.
Қиличдор Уғлу, ки тайи солҳои гузашта аз мунтақидони сиёсати муҳоҷиратии Ардуғон буд, эълом кард, ки дар сурати ба даст гирифтани қудрат, дар аввалин иқдом, бо давлати Сурия равобити Туркияро эҳё карда ва дар муддати як сол 3.7 миллион паноҳҷӯи суриро ба кишвари худ бозгардонда ва бо ҳамкории Эрон, Ироқ ва Сурия созмони сулҳ ва ҳамкориҳои Ховари Миёнаро таъсис хоҳад кард.
Шиори интихоботии Қиличдор Уғлу “Ба ту қавл медиҳем, боз ҳам баҳор меояд!” (Sana söz, yine baharlar gelecek) интихоб шуда, ки бахше аз як таронаи иҷрошуда тавассути як хонандаи турк аст ва илова бар ин, истифода аз дастбандҳое бо ранги сафед ва қирмиз намоди интихоботии ӯ таъйин шудааст.
Ҳамчунин ҳаводорони ӯ ҳам шиори “Парчами сурхро боз кунем, асри язидҳо ба поён бирасад!”-ро интихоб кардаанд, ки интихоби ҳамин шиор, ба мавзӯъи кашмакаш дар фазои интихоботии Туркия табдил шуда ва давлат ва ҳизби ҳоким, ин иборотро шиори гурӯҳи теруристи ПКК эълом карда ва муддаии ҳимояти ин гурӯҳ аз номзади Қиличдор Уғлу ҳастанд.
2) Раҷаб Таййиб Ардуғон:
Ардуғон дар соли 1954 дар хонаводае мазҳабӣ дар Истамбул мутаваллид шуд. Вай кӯдакии худро дар ватани аҷдодии худ дар устони Реза воқеъ дар савоҳили шарқии баҳри Сиёҳ сипарӣ кард, аммо дар синни 13-солагӣ дубора ба Истамбул бозгашт.
Ардуғон дар навҷавонӣ ба як мадрасаи динии мавсум ба “Имом-хатиб” мерафт. Мадрасае, ки дар даҳаҳои 1970 ва 1980 фориғуттаҳсилони он танҳо метавонистанд таҳсилоти олии худро дар риштаи илоҳиёт идома диҳанд. Бо ин ҳол, Ардуғон аз Донишгоҳи “Мармара” ва Донишкадаи иқтисод ва улуми идорӣ фориғуттаҳсил шуд.
Барои сабти ном дар он донишгоҳ ӯ бояд исбот мекард, ки дипломи дигаре ҷудои аз мадраки фориғуттаҳсилии мадрасаи илмия дорад. Ба ҳамин хотир дар ҳар давра аз интихобот мадраки таҳсилии ӯ ба мавзӯи муноқишабарангез табдил шудааст.
Ардуғон дар даҳаи 1970 ба Ҳизб Халоси Миллӣ ба раҳбарии Наҷмуддин Арбакон пайваст ва то замоне, ки дар кудатои низомӣ, ки дар соли 1980 алайҳи Аданон Мундрис рух дод ва ба дастури артиш, тамоми аҳзоби сиёсӣ мунҳал шуданд, узви ин ҳизб буд.
Вай дар соли 1983 бори дигар ба зиндагии сиёсии Туркия бозгашт ва ин бор фаъолияти сиёсии худро бо Ҳизби Рафоҳ оғоз кард ва ин ҳизб дар соли 1994 Ардуғонро кондидои тасаддии шаҳрдории Истамбул кард ва ӯ тавонист дар интихоботи шаҳрдории ҳамон сол курсии шаҳрдории шаҳри Истамбулро аз он худ кунад.
Ардуғон дар давраи тасаддии худ, тавонист таҳаввулоти бузурге дар зерсохтҳои ин шаҳр аз ҷумла дар ҳавзаи ҳамлу нақл ва муҳити зист эҷод кунад, вале се сол баъд, пас аз тасмими Додгоҳи қонуни асосии Туркия мабнӣ бар инҳилоли Ҳизби Рафоҳи Туркия ба раҳбарии Наҷмуддин Арбакон, Ардуғон дар таҷаммӯъи эътирозии ҳаводорони ин ҳизб шеъреро хонд, ки бар асоси қавонини Туркия, даъват ба хушунат ва тарвиҷи нафрати мазҳабӣ ташхис дода шуда ва шаҳрдори Истамбул ба 10 моҳи зиндон маҳкум шуд.
Дар пайи ин маҳкумият, Ардуғон беш аз 4 моҳ (дар миёнаҳои соли 1999) дар зиндон монд ва ба хотири ҳамин маҳкумият аз симати шаҳрдорӣ азл ва аз ширкат дар интихоботи порлумони низ маҳрум шуд.
Аммо Ардуғон беш аз се сол аз саҳнаи сиёсат дур намонд ва дар соли 2001 Ҳизби адолат ва тавсиаро таъсис кард ва як сол баъд ҳам дар интихоботи порлумонии Туркия дар қолаби ин ҳизб, ба пирӯзии чашмгире даст ёфт, вале ба иллати маҳкумияти қаблӣ, натавонист ба рағми касби орои муносиб, дар низоми порлумонӣ ба нахуствазирӣ бирасад ва бар ин асос, Абдуллоҳ Гул нахуствазири Туркия шуд.
Аммо як сол баъд, Шӯрои олии интихоботи Туркия ба далели тахаллуфот, интихоботи қаблиро ибтол ва интихоботи ҷадид баргузор кард, ки дар натиҷаи он Ҳизби адолат ва тавсиа ба раҳбарии Ардуғон дубора ба пирӯзӣ расид ва вай нахуствазири Туркия шуд ва то 11 сол дар ҳамин сипат монд.
Ардуғон дар давраи 11-солаи нахуствазирӣ бо чолишҳои асосӣ аз ҷумла мунозиъаи сиёсӣ бо Фатҳуллоҳ Гулан мувоҷеҳ шуд, вале дар ниҳоят пирӯзи ин кашмакаш буд ба тавре, ки вай дар бӯҳрони фасод дар давлати Туркия, ки дар декабри 2013 ва аз сӯи пулиси ҷароими созмонёфтаи Туркия шакл гирифт, ба рағми боздошти ҳудуди 50 нафар аз наздиконаш ба иттиҳоми фасоди молӣ, ришва ва пулшӯӣ, ба тасфияи мухолифони худ аз аркони қудрат пардохт.
Ардуғон дар ин давраи ҳассоси ҳузури худ дар қудрат, ҳаводорони Гуланро, ки дар системи қазоӣ ва пулиси Туркия нуфуз доштанд, ба тавтиа алайҳи демукросӣ дар остонаи интихобот муттаҳам карда ва бо ташкили Шӯрои олии қазоӣ, наздик ба 300 қозӣ ва додситонро азл кард.
Бар асоси низоми ҳизби ҳоким бар Туркия, Ардуғон наметавонист беш аз се давра дар симати нахуствазирӣ бимонад ва бар ин асос вай барои нахустин бор дар соли 2014 аз сӯи Ҳизби адолат ва тавсиа вориди рақобати интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шуд.
Дар ҷараёни интихоботи 10 августи 2014 дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия бо раъйи мустақими мардум ва бо аксарияти оро пирӯз шуд, дар ҳоле, ки пеш аз он раисиҷумҳур аз сӯйи маҷлис интихоб мешуд.
Вай дар таблиғоти интихоботии худ ҳамвора ваъда медод, ки симати риёсати ҷумҳурӣ дар Туркияро аз ҳолати ташрифотӣ ва миёнҷии мунозиъоти сиёсатмадорони ҳукуматӣ ба як симати калидӣ ва таъсиргузор табдил хоҳад кард ва чунин иқдомеро низ оғоз кард.
Кудатои нофарҷоми 15 июли 2016-и артиши Туркия аз ҷумлаи чолишҳои асосии Ардуғон дар ин давра аз ҳузур дар раъси қудрати сиёсӣ буд, ки ба вай ин имконро дод, то бо эъмоли вазъияти фавқулъодаи дусола, ба қалъу қамъи кудатогарон ва мухолифони худ, ки вай аз онҳо таҳти унвони гурӯҳи теруристии “Фету” ном мебарад, бипардозад.
Равобити давлати Ардуғон бо кишварҳои ғарбӣ ба хусус Омрико пас аз ин кудато тира шуд, чаро ки вай мӯътақид буд, ки ин кудато бо ҳимояти Омрико ва ба дасти Фатҳуллоҳ Гулан созмондиҳӣ шудааст ва бар ҳамин асос, вай бо фосила гирифтан аз Ғарб, ба тақвияти равобити худ бо Русия пардохт.
Раҷаб Тайб Ардуғон дар интихоботи баъдӣ, ки пас аз кудато ва тағйири низоми порлумонӣ ба риёсатӣ ва дар соли 2018 баргузор шуд, тавонист бо касби наздик ба 53 дар сади оро ба унвони аввалин раисиҷумҳури низоми риёсатии Туркия барои як давраи панҷсола дигар интихоб шавад, ки давраи панҷсолаи вай дар ҳоли итмом аст.
Вай дар ин давра аз интихобот низ номзади 13-умин давраи интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия шудааст дар ҳоле, ки руқабои вай мӯътақиданд, ки бо таваҷҷӯҳ ба ҳузураш дар давраи қабл дар симати риёсати ҷумҳурӣ, номзад шудани ӯ дар ин давра барои севвумин бор бар асоси муфоди Қонуни асосии Туркия ғайриқонунӣ аст, аммо ӯ мӯътақид аст, ки низоми сиёсии Туркия дар ҳамапурсии тағйироти Қонуни асосӣ дар соли 2017 аз порлумонӣ ба риёсатӣ тағйир ёфта ва вай дар ин давра, барои дуввумин бор номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шудааст.
Раисиҷумҳури Туркия, ки дар тӯли ду даҳаи гузашта ҳамвора ба доштани мавозеъи ҷанҷолӣ машҳур буда, ин рӯзҳо бо чолиши асосии маҳбубияти мардумӣ дар пайи бурузи мушкилоти иқтисодии амиқ дар ҷомеаи Туркия рӯ ба рӯст.
Ардуғон барои ғалаба бар ин мушкилот ва ҷалби орои мардум дар тӯли се моҳи гузашта, ҳадди ақалли дастмуздро 55 дарсад афзоиш дода ва бо ду баробар кардани ҳуқуқи бознишастагӣ, тасвиби қонуни тасҳили бознишастагӣ пеш аз мавъид ва коҳиши нархи баҳра то 8.5 дар сад талош кард, то маҳбубияти аз даст рафтаи худ ба хотири мушкилоти иқтисодиро эҳё кунад.
Бо ин ҳол, таварруми 64 дарсадӣ дар соли гузашта, суқути арзиши пули миллӣ ва чаҳор баробар шудани нархи арзҳои хориҷӣ дар панҷсолаи гузашта, афзоиши қимати сарсомовари сӯхт, маскан, худрав ва маводди ғизоӣ, аз ҷумлаи мавориде аст, ки ин рӯзҳо вирди забони мардуми Туркия шуда ва натиҷаи онро дар интихоботи пеши рӯ метавон мушоҳида кард.
Эъломи номзадӣ ва аҳзоби ҳомӣ
Раҷаб Тайб Ардуғон нахустин фарде дар Туркия буд, ки ду моҳ қабл аз таъйини таърихи расмии интихоботи Туркия, эъломи номзадӣ кард.
Вай дар ин давра аз интихобот аз сӯйи эътилофи “Ҷумҳур” муташаккил аз ҳизби матбуъи худ яъне адолат ва тавсиа ва низ Ҳизби ҳаракати миллӣ ба раҳбарии Давлат Боғчалӣ ба унвони номзади интихоботи риёсати ҷумҳури Туркия муаррифӣ шуд.
Дар идомаи ҳимоятҳои ҳизбӣ, ҳизби “Иттиҳоди бузург” ба раҳбарии Мустафо Дастчӣ ва ҳизби “Дубора рафоҳ” ба раҳбарии Муҳаммадалӣ Фотеҳ Арбакон, фарзанди марҳум Наҷмуддин Арбакон нахуствазири асбақ ва фақиди Туркия ва низ ҳизби “Мутолибаи озод” ба раҳбарии Закариё Ёпиҷӣ Уғлу, аз номзадии Ардуғон эъломи ҳимоят карданд.
Шиори таблиғотии Ардуғон дар ин давра аз интихобот “Идомаи роҳ бо гомҳои ростин” интихоб шудааст.
3) Муҳаррам Инҷе:
Муҳаррам Инҷе аз сӯйи Ҳизби Мамлакат (Миҳан) номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия шуда ва яке аз чаҳор номзади ин интихобот маҳсуб мешавад.
Инҷеи 59-сола, ки ду ҳафта пеш номзадии худро барои рақобати интихоботии Туркия эълом кард, тайи чаҳор давраи пай дар пай дар солҳои 2002, 2007, 2011 ва 2015 аз зодгоҳи худ шаҳри Ёлуво аз сӯи Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Халқ вориди порлумони Туркия шуда ва дар соли 2018 аз сӯи ҳизби матбуъи худ вориди рақобати интихоботи риёсати ҷумҳурӣ бо Ардуғон шуд, вале бо касби 31 дарсади оро шикаст хӯрд.
Вай дар моҳи майи 2021 Ҳизби Мамлакат (Миҳан)-ро таъсис кард ва акнун ба унвони раҳбари ин ҳизб фаъолият мекунад ва барои рақобат дар 13-умин даврам интихоботм риёсатм ҷумҳурӣ аз сӯи ин ҳизб номзад шудааст.
Вай, ки танҳо аз сӯи Ҳизби Мамлакат (Миҳан) ба унвони номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ муаррифӣ шуда буд, ба иллати ҳузур надоштани ҳизбаш дар таркиби аҳзоби кунунии порлумони Туркия, мебоист ба ҷамъоварии ҳадди ақал 100 ҳазор имзои мардуми Туркия мепардохт, ки дар қонун эълом шуда, аз ин рӯ тавонист бо ҷалби беш аз 114 ҳазор имзои шаҳрвандони Туркия номзади риёсати ҷумҳурӣ шавад.
Инҷе, ки дар 4 майи 1964 дар рустои Алмолики шаҳри Ёлуво ба дунё омада, пас аз фориғуттаҳсилӣ аз депуртамони омӯзиши физик ва шимӣ дар донишкадаи омӯзиши “Наҷотӣ Бег” шаҳри Боликасир вобаста ба донишгоҳи Улудоғ таҳсил карда ва ба унвони муаллими физики дабиристон машғули тадрис будааст.
Инҷе дар соли 1999 ба унвони раиси ташкилоти устонии Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Халқи Туркия дар устони Ёлуво хидмат мекард, дар интихоботи 2002 ба порлумони миллии Туркия роҳ ёфт ва ду бор низ номзади риёсати ҷумҳурӣ шуд.
Инҷе дар 18-умин кунгураи фавқулъодаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Халқи Туркия дар сентябри 2014 ва низ 36-умин кунгураи оддии ин ҳизб дар соли 2018 барои риёсати ҳизб бо Камол Қиличдор Уғлу рақобат кард, аммо интихоб нашуд ва ба назари коршиносони сиёсии Туркия, иллати ҷудо шудани ӯ аз ин ҳизб ва ташкили ҳизби ҷадид ва низ адами эътилоф бо Қиличдор Уғлу, ҳамин рақобати ҳизбӣ аст.
Инҷе ҳамчунин чанд соле ҳам ба унвони мудири Маркази андешаҳои Отатурк фаъолият мекардааст, ки ҳомии андешаҳои Отатурк – бунёнгузори Туркияи модерн аст.
Шиори интихоботӣ ва аҳзоби ҳомӣ
Муҳаррам Инҷе ба сурати мустақил вориди рақобати интихоботӣ шуда ва танҳо аз сӯи ҳизбт худ яъне Мамлакат (Миҳан) мавриди ҳимоят қарор гирифтааст ва дар ҳеч эътилофи ҳизбӣ ҳузур надорад.
Инҷе дар хусуси ҳузур дар эътилофҳои интихоботӣ гуфтааст, ки бо таваҷҷӯҳ ба шароит тасмим хоҳад гирифт, вале аҷала накарда ва таҳти фишор қарор нахоҳад гирифт ва ҳеч кореро ба зиёни Туркия анҷом нахоҳад дод.
Вай ҳангоми эъломи номзадии худ, хитоб ба ҳизби ҳокими адолат ва тавсиа ва Раҷаб Тайб Ардуғон раисиҷумҳури Туркия ва рақиби интихоботии худ гуфт: “Шумо бо ҳизбе, ки шохае аз Ҳизбуллоҳ аст эътилоф кардаед, то рӯи сандалиҳои худ бимонед, вале мо шуморо аз он сандалиҳо пойин мекашем ва ҳаргиз иҷоза нахоҳем дод, ки низоми секулор ва демукротики Туркия осеб бибинад.”
Инҷе бо вуҷуди исрори бархе фаъолони сиёсӣ мабнӣ бар эътилоф бо Қиличдор Уғлу ҳамҳизбии собиқи худ ва бо вуҷуди ваъдаи мансаби Вазорати омӯзишу парвариш, канор накашид ва дар саҳнаи рақобат боқӣ монд.
“Ақл, адолат, ахлоқ”, “Ояндаи худро пасхоҳем гирифт” ва “Фардо моли мост”, шиори интихоботии Инҷе дар ин давр аз рақобати сиёсӣ интихоб шудааст.
4) Синон Уғон:
Синон Уғони 56-сола номзади риёсати ҷумҳурии эътилофии “Ото” ва яке аз чаҳор номзади ниҳоии интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия ба шумор меравад. Ӯ дар якуми сентябри 1967 дар шаҳри Маликлии Иғдир дар шарқи Туркия ба дунё омада ва аз озарбойҷониҳои Туркия аст.
Уғон дар соли 1989 дар риштаи мудирияти бозаргонӣ аз Донишкадаи иқтисод ва улуми идории Донишгоҳи Мармараи Туркия фориғуттаҳсил шуда ва дар ҳамон донишгоҳ мадраки коршиносии аршади худро дар риштаи бонкдорӣ ахз карда ва фориғуттаҳсили мақтаъи дуктурои улуми сиёсӣ аз Донишгоҳи равобити байналмилали Маскав аст.
Ӯ ба унвони дастёри пажӯҳишӣ дар Муассисаи туркшиносии Донишгоҳи Мармара ва ба унвони мударрис ва муовини раиси Донишгоҳи давлатии иқтисоди Озарбойҷон машғул ба кор буда ва намояндаи бахши Озарбойҷони Ожонси ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Туркия буда ва ба унвони раиси бахши Русия ва Укройни Маркази таҳқиқоти стратегии Евразия хидмат кардааст.
Уғон дар соли 2004 маркази равобити байналмилал ва таҳлили стратегии Туркия (Türksam)-ро таъсис карда ва аз соли 2011 вориди арсаи сиёсӣ ва рақобати интихоботии Туркия шудааст.
Вай дар соли 2011 дар интихоботи умумии Туркия ба унвони муовини Иғдир аз ҳизби ҳаракати миллӣ интихоб шуд, вале дар соли 2015 ва 2017 аз ин ҳизб ихроҷ шуд.
Уғон, ки ба иллати ҳузур надоштани аҳзоб ва эътилофи ҳомии ӯ дар маҷлиси миллии Туркия аз тариқи ҷамъоварии ҳадди ақал 100 ҳазор имзои шаҳрвандони Туркия иқдом ба ҳузур дар арсаи рақобати интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия кард, дар муддати замони қонунии таъйиншуда тавонист бо ҷамъоварии беш аз 111 ҳазор имзо аз сӯи раъйдиҳандагон, номзади риёсати ҷумҳурӣ шавад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн