Осори гуноҳон

Осори гуноҳон

Сайидюнус Истаравшанӣ

Дуое ҳаст дар зикри тавба ва талаби он. Дар ин дуо гуноҳ ин гуна тавсиф шуда:

مِنْ ذُنُوب أدْبَرَتْ لَذَّاتُهَا فَذَهَبَتْ، وَأَقَامَتْ تَبِعَاتُهَا فَلَزِمَتْ

“Гуноҳоне, ки лаззатҳояш (зуд ба инсон) пушт кард ва рафт, аммо паёмадҳо ва осори он (дар вуҷуди ӯ) сукно гузид ва мулозими ӯ гардид…” (Саҳифаи Саҷҷодия)

Инсон, ки муртакиби гуноҳе мешавад – масалан дурӯғ бигӯяд ё касеро фиреб бидиҳад ва ё ба касе ситам кунад ё ба номаҳраме нигоҳ кунад ва ғайра – вақте пушаймон шавад ва тавба кунад, Худованди Мутаъол меҳрубон аст, ӯро мебахшад, вале асари он боқӣ мемонад ва ин асар бо тавба аз байн рафтанӣ нест. Дуруст мисли ин ки як нафар заҳре бихӯрад, ки ин заҳр асари худро дар вуҷуди ӯ боқӣ мегузорад ва чи басо ӯро ба ҳалокат бирасонад.

Яке аз осор ва паёмадҳои шуми гуноҳон ин аст, ки руҳи инсонро кадир ва чиркин мекунад ва лаккаи сиёҳе дар вуҷудаш боқӣ мегузорад ва ҳамин боис мешавад байни ӯ ва байни Худо ҳиҷоб ва пардае эҷод шавад. Ва агар гуноҳон такрор гарданд ва лаккаҳои сиёҳ зиёд шаванд, соҳибаш рафта-рафта қалбаш комилан тираву торик мегардад ва дигар қобилияти пазириши ҳидоятро аз даст медиҳад, то ҷойе, ки Худо ва оятҳои ӯро бар дурӯғ бароварда ва ба истеҳзо ва масхара кардани онҳо рӯй меоварад. Худованд мефармояд:

ثُمَّ كَانَ عَاقِبَةَ الَّذِينَ أَسَاؤُوا السُّوأَى أَن كَذَّبُوا بِآيَاتِ اللَّهِ وَكَانُوا بِهَا يَسْتَهْزِئُون

“Он гоҳ саранҷоми касоне, ки муртакиби гуноҳон шуданд бадтар шуд; зеро оятҳои Худоро такзиб ва онҳоро ба масхара мегирифтанд”. (Сураи Рум, ояти 10)

Бештари касоне, ки ба Худо пушт кардаанд ва ба масхара ва истеҳзои муқаддасот мепардозанд, агар дар решаҳои ин рафторашон дуруст таъаммул бишавад, мебинед, иллаташ на далел асту ин ҷур чизҳо ва на ин ки тараф таҳқиқ карда ва ин рафтори зиштро пеша сохта, балки сабабаш танҳо ва танҳо иртикоби гуноҳон асту бас.

Худоё! Аз ту мехоҳем, осор ва паёмадҳои гуноҳонеро, ки аз рӯйи ҷаҳолат ва нодонӣ муртакиб шудаем, покашон созӣ!

Сайидюнус Истаравшанӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мо ба зоҳир ҳукм мекунем ва Худованд ботинҳоро сарпараст аст
Рӯзҳои хубе дошта бош…

Матолиби пурбоздид