Чашмаи меҳр
Маҳваш
Эй омаданат таронаи ширини обшор
Эй талъати ту, чеҳраи зебои навбаҳор
Аз ман марав, ки меравадам бо ту зиндагӣ
Эй ишқ, эй ту гармии дилҳои беқарор.
***
Фалак шуд пойандозе бароят
Ту мехонӣ, манам шӯру навоят
Зи аршу каҳкашон боло нишаста
Танини розҳои бебаҳоят.
***
Маро бо ишқу сӯзи дил шиносед
Ва ҳам бо корвон, маҳмил шиносед
Ба ҳар як мақдами ман доми сайёд
Маро чун мурғи нимбисмил шиносед.
Маҳваш (Марҳабо Исломзода)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн