Сафари Дунолд Лу ба Тоҷикистон ва Қирғизистон

Сафари Дунолд Лу ба Тоҷикистон ва Қирғизистон

Ахбори минтақа

Дунолд Лу – дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Миёна бо сафари расмӣ, ба кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ташрифи расмӣ дошт.

Ин сафар дар рӯзҳои 22-27 апрел идома хоҳад дошт.

Бар асоси ин гузориш. Дунолд Лу ба ҳамроҳии як ҳайати олирутба ва ба унвони сарпарасти он, аввал ба Бишкек ва баъд ба Душанбе сафар хоҳад намуд.

Гуфта мешавад, ин сафар такмили сафари расмии Энтони Блинкен (ҷонишини вазири умури хориҷаи Амрико) ба минтақаи Осиёи Миёна мебошад.

Дар ин сафар, дар меҳвари нишастҳо ва дидорҳо, дар заминаи иртиқо ва пешбурди тааҳҳудот ва густариши ҳамкориҳои тарафҳо гуфтугӯ хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар ин гузориш таъкид шудааст, ки тарафҳо масоили муштараки густардае аз манофеи муштаракро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

Дунолд Лу дар сафари худ ба Душанбе, бо мақомоти аршади давлатӣ, бо тамаркуз бар густариши мушорикатҳои Амрико дар Тоҷикистон дидор мекунад ва дар мавриди мушкилот ва аҳдофи муштараки Вашингтон ва Душане гуфтугӯ хоҳад кард.

Дар ин гузориш, бар рӯи гуфтугӯҳо дар заминаи амниятӣ таъкид шудааст.

Ҳамчунин гуфта шудааст, Амрико мустақиман барои ҳалли мушкилоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ворид хоҳад шуд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафорати Исроил дар Туркманистон ифтитоҳ шуд
Сафҳаи андешаҳо

Матолиби пурбоздид