Русия иддао дорад, ғарб ба Украина ураниуми заифшуда таҳвил додааст
Ахбори байналмилал
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия аз Созмони Милал хост то тарҳи Британия барои ироаи муҳиммоти ҳовии ураниуми заифшуда ба Украинаро маҳкум кунад.
Мария Захарова гуфт, ин гуна тасаввур мешавад, ки дабирхонаи СММ ҳамеша омода аст то “чашми худро рӯйи ҳар гуна иқдоми Ғарб дар ҳимоят аз ҳукумати Киев бибандад”, бо вуҷуди ин ки ин муҳиммот метавонад аз назари хатари радиатсионӣ авоқиби ҷиддӣ дошта бошанд.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия афзуд, ки чунин муҳиммоте тавассути Амрико дар Югославия ва Ироқ истифода шудааст ва истифода аз онҳо метавонад боиси осебҳои ҷиддӣ, аз ҷумла саратон шавад.
Захарова ҳамчунин гуфт, ки порлумони Аврупо борҳо қатъномаҳоеро тасвиб кардааст, ки дар онҳо истифода аз таслеҳоти ҳовии ураниуми заифшуда мамнуъ шудааст, аммо ғарб талош мекунад ин мавзӯъро фаромӯш кунад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн