Кор ва фаъолияти Мирзо Турсунзода дар Хуҷанд

Таърих
Кор ва фаъолияти Мирзо Турсунзода дар Хуҷанд
Соярӯшанҳои торих
Шояд кам касоне донанд, ки устод Мирзо Турсунзода аз соли 1932 то соли 1935 дар шаҳри Хуҷанд зистааст. Сафари Мирзо Турсунзода ба Хуҷанд, албатта, иҷборӣ буд.
Як гурӯҳ нотавонбинони давр аз шуҳрати рӯзафзуни шоир мисли мӯйи дар оташ фитода ба худ мепечиданд ва фурсати нешзанӣ мекофтанд. Чунин «баҳона» пайдо шуд.
Рӯзе шоир, ки вазифаи котиби масъулии ҳафтаномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (имрӯза «Ҷавонони Тоҷикистон») – ро бар зимма дошт, мақолаи Нарзуллоҳи Бектош, яке аз аввалин мунаққидону муҳаққиқони осори устод Садриддин Айниро чоп мекунад. Якбора устод Мирзо Турсунзодаро пайрави Бектош қаламдод карда, чопи мақолаи ӯро «хатои сиёсӣ» унвон медиҳанд.
Он замон муносибат бо Бектош барин равшанфикрону таҳсилдидагон аз рӯи ҷаҳл ва сиёсати нодурусти давр сурат мегирифт. Дар ин бора пажӯҳишгар Абдухолиқ Набавӣ гуфт: «Солҳои сиюми асри ХХ байни зиёиён як рақобати носолим ва тундравӣ мушоҳида мешуд. Албатта, ангезандаи ин равиш қувваҳои берунӣ ҳам буданд. Аз содагиву зудбоварии халқ истифода бурда, аз паша фил, аз як ҳарфи ночиз буҳтон месохтанд. Ба Хуҷанд рафта, муддате он ҷо иқомат кардани устод Мирзо Турсунзодаро низ сабаб ҳамин аст. Аз чопи мақолаи Бектош, ки ба рӯҳи замон созгор буду ҳеҷ ҷои «зиддисиёсӣ» надошт, ҳангома сохта шуд. Вазъ торафт печидагӣ меёфт ва Мирзои журналист маҷбур шуд, ки Душанберо тарк намояд».
Баъди рафтани шоир, сару садоҳо атрофи ӯ боз ҳам зиёд шуданд. Ҳатто дар рӯзномаҳо навиштанд, ки «Мирзо Турсунзода аз сафи комсомол хориҷ шуд!» Аммо ин ҳама асоси воқеӣ надоштанд, танҳо як навъ зиракии сиёсии шоир буд, ки худро аз дасисаҳои таъқиботи сталинӣ эмин медошт. Аммо сад афсӯс, ки Бектоши бегуноҳ соли 1937 кушта шуд.
Ба Хуҷанд рафтани устод Мирзо Турсунзода маънии хатм шудани фаъолияти эҷодиву адабии ӯ набуд. Баръакс, ӯ он ҷо бо дастгирии дӯсташ Раҳим Ҷалил котиби масъули рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» (он замон «Пролетари Хуҷанд») таъйин гардид. Азбаски ин ҷарида соли 1930 таъсис ёфтаву нав қомат меафрохт, будани Мирзо Турсунзода барин котиби масъул мавқеи онро меафзуд. Аммо сармақолаҳо, ки асосан онро котиби навтаъйини рӯзнома навиштааст, бидуни ному насаби муаллиф чоп шудаанд. Абдухолиқ Навбавӣ изҳор дошт, ки солҳои дар Хуҷанд фаъолият доштанаш, бойгонии «Пролетари Хуҷанд» – ро варақ зада, дар болои баъзе матлабҳо ному насаби устод Мирзо Турсунзодаро дидааст.
– Бо хати кабуди баланд ному насаби устод навишта шуда, ҳамзамон, ҳаққи қалами он бо адад ишора шуда буд. Аз ин маълум мешавад, ки Мирзо Турсунзода аз аввалин ходимони имрӯза «Ҳақиқати Суғд» аст, ки таърихи навадсола дорад, – афзуд Абдухолиқ Набавӣ.
Баъди ду соли котиби масъулӣ, соли 1935 устод Мирзо Турсунзодаро барои кор ба Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин (ҳоло ба номи Камоли Хуҷандӣ) даъват мекунанд. Шоир он ҷо ба сифати роҳбари қисми адабӣ-бадеии намоишҳо фаъолият бурда, дар ҳамин даргоҳи ҳунар бори нахуст бо Сабоҳатбону дидор мебинад ва ӯ кадбонуи ояндаи хонаводааш мешавад.
Бо нарм шудани вазъ устод Мирзо Турсунзода ба Душанбе бармегардад. То оғози солҳои чилум дар вазифаҳои роҳбари шӯрои драманависони Иттифоқи нависандагон, раиси сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ (Главлит, 1939), сардори раёсати санъати ҷумҳурӣ (1943) фаъолият бурда, аз соли 1946 то дами марг раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Дар тарҷумаи ҳоли шоир ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ дар рӯзномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», бавижа, дар «Ҳақиқати Суғд» ишора нарафта бошад ҳам, имрӯз дастхату бастаҳои ҷаридаҳо собит мекунанд, ки аввалин парвозгоҳи шоир минбари рӯзнома будааст.
Муҳимтарин бозёфти шоир аз Хуҷанд дӯсти қадрдонаш Раҳим Ҷалил аст. Аз он замон дӯстии Мирзо Турсунзодаву Раҳим Ҷалил қавӣ мегардад ва то вопасин нафас садоқату эҳтироми онҳо побарҷо буд, зеро Раҳим Ҷалил дар рӯзи сахтӣ дасти дӯсташро гирифт ва худи шоир низ содиқ ба гуфтаи худаш мушкилосонкункасонро ҳаргиз гум накард:
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун!
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мавлоно аз дидгоҳи мавлавипажуҳони ғарбӣ
Достони марги Ҳорун

Матолиби пурбоздид