Ба эҳтимоли зиёд, зарфи чанд ҳафта Вошингтун ва Теҳрон ба тавофуқи ҳастаӣ хоҳанд расид

Ба эҳтимоли зиёд, зарфи чанд ҳафта Вошингтун ва Теҳрон ба тавофуқи ҳастаӣ хоҳанд расид
Ахбори байналмилал
Рӯзномаи саҳюнистии Haaretz навишт, тамосҳои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Эрон дар талош барои дастёбӣ ба тавофуқ бар сари тавофуқи ҳастаӣ, дар чанд рӯзи гузашта пешрафтҳои зиёде доштааст. Мақомоти Исроил мегӯянд, ки музокирот бо суръати беш аз ҳадди интизор пеш меравад ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ду тараф зарфи чанд ҳафта ба тавофуқ бирасанд.
Ба навиштаи ин рӯзнома, қарор аст ин тафоҳумот шомили имтиёзе аз сӯйи Эрон барои таваққуфи раванди ғанисозии ураниум ба сатҳи боло бошад ва дар муқобил, таҳримҳои байналмилалӣ таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико коҳиш ёбад. Дар марҳилаи аввал, ин шомили озодсозии ҳудуди 20 милёрд дулор дороии Эрон аз ҳисобҳои бонкии масдудшудаи хориҷ аз Эрон – воқеъ дар Куреи Ҷанубӣ, Ироқ ва Сандуқи Байналмилалии Пул мешавад.
Ин расонаи исроилӣ дар идома навишт, иддае дар ҳайъати ҳокимаи “Исроил” мӯътақиданд, ҳар гуна тавофуқ миёни Омрико ва Эрон бар сари барномаи ҳастаӣ барои ин режим бад аст, аммо иддаи дигаре бо ин истидлол, ки тавофуқ метавонад ба густариши тавони атомии Эрон поён диҳад, бо он мувофиқ ҳастанд.
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таъкиди Тоҷикистон ва Русия бар рушди робитаҳои ду кишвар
Эҷоди муҳаббат дар хонавода

Матолиби пурбоздид